Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Ва сипас ман рувони онҳое дидам ки нагунсор бар дузах меистоданд ва зер-шон дуду гармӣ ва забар-шон боди сард вазон буд. Ва ман пурсидам ки: «Ин танҳо чӣ гуноҳ карданд ки рувоншон чинин гирон подифроҳ баранд». Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони онҳоеанд ки ба гетӣ ҷову хона барои коривонигон (раҳгузарон) ва сипанҷу (рубот) ҷойи тануру брезон (пухту паз) надода ва агар додаанд, музд азишон ситонда».
Ва сипас рувони у зан дидам ки ба дасти хеш пистони хеш бар тобаи гарм ниҳодан дошт ва ҳар замон ругардон мекард-ш. Ва пурсидам ки: «Ин чинин зан чӣ гуноҳ кард ки рувонш чинин гирон подифроҳ барад. Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки «ин рувони у занест ки кудаки хеш шир надода низору табоҳ (зору низор) карда, ба хотири фойда (бардоштан) шир ба кудаки касон дода».
Ва сипас рувони зане дидам ки куҳе ба пистон меканду ташнаву гурусна ҳаме буд. Ва пурсидам ки: «Ин зан чӣ гуноҳ кард ?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони у друванд занест ки кудаки хеш шир надод ва гуруснаву ташна ҳиштиш ва худ(аш) баҳри бар овардани коми оз ва шавқи ҳамхобагиро або марди бегона шуда».
Ва сипас рувони мардеро дидам ки забонаш бурида буд ва ба муй мекашандиш ва (ба сару руйиш) насо (саргин) меаф-шонанд ва ба кабизш (?) мепаймоянд. Ва ман пурсидам ки: «ин мард чӣ гуноҳ карда ки рувонш чинин подифроҳ барад?». Суруши аҳлав ва Озури изад гуфт: «Ин рувони у друванд мардест ки ба гетӣ тухм (тухмӣ) ситаду (гирифт) гуфт ки: «Хоҳам афшонд (корид)»-у наафшонд ва хурду Сипандармази заминро дуруғ гуфт». Ва сипас рувони марду занеро дидам ки забоншон бурида буд. Ва ман пурсидам ки: «Ин танҳо чӣ гуноҳ кардаанд ки рувоншон чинин гирон подифроҳ барад?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони у друванд зану марде мебошад ки чун зинда буданд (ба зиндагишон) дуруғу ғайрирост бас гуфтанд ва рувонҳои хеш дуруғгу гардонда».
Ва сипас рувони заневу мардеро дидам ки мериданду мехурданд. Ва пурсидам ки тани ишон чӣ гуноҳ кард ки рувоншон чинин гирон подифроҳ барад?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони у друванд мард ва зан аст ки ба гетӣ насо (лоша) (ҳайвонҳо) гунаҳгорона хурда ва бабраки обӣ дар об кушта ва дигар домҳои Ҳурмузд задаву кушта».
Ва дигар рувонҳои друванд мардону занонро дар дузах низ дидам дар дузахи саҳмгин, бимгин, решгину пурзарари бас дардовари торик ки захму подифроҳи гуна-гуна мебурданд.
Ва сипас ман рувонҳое дидам ки ба забон мехҳои халонда доштанд ва дар дузах нигунсор фуру мешуданд ва девон бо
шонаи оҳанин ҳама тани ишонро меканданд. Ва ман пурсидам ки: «Ин рувонҳо они кианд ва уҳо чӣ гуноҳ карда ки рувонишон чинин гирон подифроҳ баранд?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони у друвандон аст ки ишон ба гетӣ ба сарвароншон (хундҳошон) нофармонбурдор буданд ва дар сипоҳу гунди худошон душман буданд. Акнун идар чинин гирон дарду захму подифроҳ бояд бибаранд».

пешина
аз 314
навбатӣ