Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Ва сипас рувони занеро дидам ки ба шонаи оҳанин тану руйи хеш шона мекард ва ба пистон-ш кӯҳи оҳанин меканд. Ва пурсидам ки: «Ин зан чӣ гуноҳ кард?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони у друванд зан аст ки ба гетӣ базаҳ (гуноҳ) карда ва аз хостпарастӣ (баднафсӣ?)-ро кудаки хеш шир (басерӣ) надода. Ҳамакнун бонг дорад ки: «Идар (ин ҷо) ман дар мекушам (мехоҳам) то ин куҳ биканам ва кудаки хеш шир бидиҳам». Ва акнун у то фрашгирд нахоҳад расид бад-у кудак».
Ва сипас рувони мардеро дидам ки нагунсар аз дарахте овехта шуда буд ва мемарзид (ба мастурбиция машғул буд) ва шусар ба даҳону гушу бинӣ-ш мерехтанд. Ва ман пурсидам ки ин тан чӣ гуноҳ карда ки рувонш чинин гирон подифроҳ барад?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони у друванд мард аст ки ба гетӣ ба ҳамсар хиёнат мекард ва зани касон (мардум) мефирефту ба куҳу биёбон (бероҳа) мекард».
Ва сипас ман рувони у касон дидам ки дар дузах аз зориву низориро паҳлуи ҳам ва ташнаву гурусна ва аз гармову сарморо бонг мезаданд (доштанд). Ва храфстрон аз пушту пой ва дигар узви андомшон мебуриданд. Ва ман пурсидам ки: «Ишон чӣ гуноҳ карданд ки рувонҳошон чинин гирон подифроҳ мебаранд?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони у друванд аст ки у ба гетӣ хуришу бистар (хурду хоб) аз хештан пардохт (дареғ дошта) буд ва ба биҳону арзандагонро низ намедод ва дар бахшидани чиз низ родӣ намекард ва тани хешу мардуми дар солориш (фармонш) бударо (омада) гуруснаву ташна ва беҷома медошт ва ишон аз гармову сармо, гуруснагиву ташнагӣ ранҷ мебурданд. Акнун ҳамаи ишон мурдаанд ва ҳама чизу хостаи ишон (чинин одамон) ба дигарон монд. Ва акнун рувони ишон ин гирон подифроҳ баранд аз кирдори хеш.
Ва сипас ман рувони у касоне дидам ки морон мегазидшон ва забоншон мехурданд. Ва (ман) пурсидам ки: «Ишон чӣ гуноҳ кардаанд ки рувони ишон чинин гирон подифроҳ баранд?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони у дуруғон (нодурустгуёнанд) (?) ки ба гетӣ бас зуру (бад) дуруғу нодуруст гуфтаанд».
Ва сипас ман рувони мардеро дидам ки фарзанди хеш кушта мағзи у мехурд. Ва ман пурсидам ки ин тан чӣ гуноҳ кард ки рувон-ш чинин гирон подифроҳ барад? Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони у додвари визиргар аст ки ба миёни визирхосторон вазирӣ дуруғ карда ва ба хубчашмиҳову (назари нек) ростиҳо ба пешмолон (даъвогар) пасемолон (айбдоркунанда) нанигариста...
Ва сипас рувони онҳое дидам ки мехе чубин бар чашмшон зада шуда буд. Ва ман пурсидам ки: «Ин зан чӣ гуноҳ кард ки рувони чинин гирон подифроҳ барад?». Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони у душчашмон (бадчашмон) аст ки ба гетӣ некӣ аз мардумон дареғ доштаанд.

пешина
аз 314
навбатӣ