Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Ва сипас рувони мардеро дидам ки ду чашмиш канда забониш бурида ба як пой дар дузах овехта шуда буд ва тани хешро бо шонаи руйини (биринҷӣ) дусара шона мезад ва мехе оҳанин ба сари у зада шуда буд. Ва ман пурсидам ки: «Ин кист ва чӣ гуноҳ карда?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони у друванд мард аст ки ба гетӣ додвари (довар) друвандон буд ва пора меситонду додистонӣ дуруғ мекард».
Сипас рувони чанд (кас) дидам ки нигунсор дар дузах овехта шуда буданд ва хуну рем (чирк) ва мағзи мардумон ба даҳоншон андар мекарданд ва наздики бинишон меоварданд ва ҳамеша бонг дар меоварданд ки: «Мо паймонаи рост дорем!». Ва ман пурсидам ки: «Ин танҳо кианд ва чӣ гуноҳ кардаанд?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони друванд мардонанд ки ба гетӣ чун чиз мефурухтанд ба мардумон сангу кабизу дигар паймонаҳои киҳу коста доштанд».
Ва сипас ман рувони зане дидам ки забони бурида ва чашми канда (дар оварда) дошт ва мору каждуму кирм ва дигар храфсторон мағзи сари уро мехурданд ва гоҳу ногоҳ тани хеш ба дандон меканду гушти тани хеш мехойид (мехурд). Ва ман пурсидам ки: «Ин тан чӣ гуноҳ карда?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони у друванд занест ки ба зиндагӣ-ш (як умри дирози хеш) руспӣ (шилихта) буд ва бас ҷодугариҳо карда ва бас базаҳкорӣ аз-иш рафта».
Ва сипас рувони занеро дидам ки забонаш сурх буд. Ва пурсидам ки: «Ин зан чӣ гуноҳ карда?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони у друванд зан аст ки ба гетӣ зувон-иш тез буд ва шуйу солори хеш бас озурда дошт ба забон».
Ва сипас рувони занеро дидам ки насои (гушти ҳароми) хеш мехурд. Ва ман пурсидам ки: «Ин зан чӣ гуноҳ кард?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ба гетӣ ниҳон аз шу гушти бисёр хурда ва ба дигар касон дода».
Ва сипас рувони занеро дидам ки пистони у сузонду буд ва шикамиш дарида ва рудаҳошро ба сагон дода буданд. Ва (ман) пурсидам ки: «Ин зан чӣ гуноҳ карда?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони у друванд занест ки ба гетӣ заҳру руғани афсун кард(а) дошт ва ба мардумон барои хурдан медодшон». Ва сипас рувони зане дидам ки рувони у дар пусти оҳанин кунанд ва даҳони уро боз кунанд... ва уро боз ба танури гарм биниҳанд. Ва пурсидам ки: «Ин зан чӣ гуноҳ карда?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони друванд занест ки ба зиндагӣ-ш у ҳухем (хушодоб) фарзона мардро зан буд ва бо у душхему (бадхлоқ) базаҳкор мард паймонро бо шуйи хеш шикасту бо у бихуфт.
Ва сипас рувони занеро дидам ки море бузург ба тани (қад) у боло шуд ва ба даҳони у биомад. Ва пурсидам ки: «Ин тан чӣ гуноҳ карда ки рувони ӯ чинин гирон подифраҳ мебарад?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони у друванд зан аст ки аз хведидоҳ (никоҳи бо хешованди наздик) саркашӣ карда».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор