Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Ва ман рувони занеро дидам ки даштони хеш мехурд. Ва пурсидам ки: Ин зан чӣ гуноҳ карда ки рувони у чинин гирон подифраҳ барад?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: Ин рувони у друванд занҳоанд ки ишон (вақти) даштон напар-ҳештаанд, обу оташ, Сипандармази замин, Ҳурдоду Амирдод меозурдаанд, бар осмону хуршеду моҳ менигаристаанд ва сутуру гӯсфанд ба (вақти) даштон (- и хеш) (?) меозурданд ва марди аҳлав риман (ғажду чирк нигоҳ) медоштанд».
Ва ман рувони занонеро дидам ки аз даҳ ангуштшон хуну рем (чирк) меомад ва мемишту мехурданд ва аз ҳар ду чашмоншон кирм омадан дошт. Ва ман пурсидам ки: «Ин рувонҳо кистанд ва ишон чӣ гуноҳ кардаанд ки рувонҳошон чинин гирон подифроҳ барад?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони у друванд занонанд ки ишон (ба руи хеш) ранг ниҳодаанд ва муи касон ба пероиш доштаанд ва чашми йаздонии мардумон бастаанд».
Ва ман рувони касоне дидам ки ишон нигунсор ба пойе овезон буданд. Ва ман пурсидам ки: «Ин рувонҳо кистанд?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувонҳо аз касонеанд ки ишон ба гетӣ сутуру гӯсфанд бас ба бедодиҳо зада ва куштаанд».
Ва ман рувонҳои дидам ки зери пойи говон афканда шуда буданд ба шох задандшон ва шикамшон дариданд ва устухоншон бишикастанд ва менолиданд. Ва (ман) пурсидам ки: «Ин мардумон кианд?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони у дурувандонеанд ки ба гетӣ сутуру гови варзаро даҳон баста ва ба гармӣ обшон надода ва гуруснаву тишна коршон дошта».
Ва рувони занонеро дидам ки ба дастону дандони хеш пистони хеш мебурид ва сагон шикамиш медариданду мехурданд ва (бо) ҳар ду пой бар (мис) руйи гарм меистод. Ва ман пурсидам ки: «Ин рувонҳо они кистанд ва чӣ гуноҳ кардаанд?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони у друванд занон аст ки ишон ба гетӣ ба ҳангоми даштон хуришу (хурду хурок) сохтанд ва пеши марди аҳлав бурданд ва хурдан фармуданд ва ҳамеша ҷодугарӣ мепурсиданд ва Спардармади замину марди аҳлав озурданд».
Сипас ман рувонҳо дидам ки пушту дасту пойи реш доштанд ва нигунсар овехта шуда буданд руйи (тафта) ва санги гирон ба пушташ меборид. Ва (ман) пурсидам ки: «Ишон кианд ва ишон чӣ гуноҳ карда?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони у друвандон аст ки ишонро ба гетӣ сутур буд ва кори сахт фармуд ва ба бедодиҳо (беинсофона) бориш карда ва хуришу серӣ надодӣ ва хору низораш медошт ва чун реш шуд аз кор бозаш надошт ва (баҳри) дармониш набурд. Ва акнун у бойад подифраҳи гирон бибарад.
Сипас ман рувони зане дидам ки ба пистон куҳи оҳанин меканд ва кудаке аз он суйи куҳ мегиристу бонгш меомад ва кудак ба модар ва модар ба кудак намерасиданд. Пурсидам ки: «Ин чӣ гуноҳ карда ки рувони у чинин гирон подифроҳ барад. Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки ин рувони у друванд занест ки ба гетӣ на аз шуйи хеш ки аз дигар кас обустан буду гуфт ки: «Обустан набудам» ва кудаки хеш нодида.

пешина
аз 314
навбатӣ