Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Ва ман рувонҳои марду занеро дидам ки мардро ба биҳишт мекашиданду занро ба дузах. Ва чу зан баст ба мийону кустики (камарбанд) мард ҳар замон меафканду мегуфт ки: «Чун он замон ки (чун) бо зинда будем ҳар чизи неку буд аз они ҳардумон буд ва акнун инҳо туро ба биҳишт мекашанду маро ба дузах?» Он мард гуфт ки: «Ин аз он аст ки ман ҳамеша чизу хоста баҳри биҳон (хубон) нийоишмандону дарвишон андухтаам, ва додаамшон ва ҳумату ҳухту ҳваршт варзидаам. Ва йаздон йод кардаам ва девонро накуҳиш кардаам (бигзоштаам). Ва аз биҳдинон маздеснон бовар доштам. Ва ту аз биҳону дарвешону нийоишмандон ва корваннигон (раҳгузарон) фуругузорӣ карда ва ту йаздон никуҳидаву уздеспарастон (будпарастон) парастидӣ ва душмату душҳваршт варзидӣ ва аз дини Аҳриману дивон бовар кардӣ».
Ва сипас у зан ба у мард гуфт ки: «Ба зиндагӣ-мон ҳама тани ту бар (тани) ман солору подшоҳ буд ва тану ҷону рувони ман они ту буд ва хуришу (хурду хурок), дороӣ, сару либоси манро аз ту буд. Пас баҳри чӣ боре аз ту захму подифроҳ баҳри ин набурдам ва чиро биҳиву порсоӣ наомухтӣ-м ки биҳиву порсоӣ мекардам то сипос ҳамакнун чинин захму подифроҳ намебурдам?» Пасон он мард ба биҳишт шуд ва он зан ба дузах. Ва сипас он занро аз он пушаймониш дар дузах ҷуз торикиву гандагӣ бадбахтие дигар, пазиро набуд. Ва он мард дар биҳишт мийони дигар аҳлавон аз наомузондану нагардонидани он зан ки дориши (моли) у буд ба шарм (шармгин) нишаст.
Ва ман рувонҳое занонро дидам ки дар ҳар ду чашмшон мехҳои чубин зада шуда буданд ва ба як по нигунсар буданд. Ва бас гаждуму мор, миру магас, кирму дигар храфстарон ба пад-фуз, бинӣ, гуш, куну ҷойи… ишон андар мешуданд дар меомаданд. Ва пурсидам ки ин рувонҳо они кианд ки чӣ гуноҳ карда-анд рувони ишон чинин гирон подафроҳ барад. Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувонҳои друванд занҳоеанд ки ба гетӣ шу доштанду бо марде дигар мехуфтанд ва г…н медоданд, гоҳу бистари шу табоҳ медоштанд ва тани шу меозурданд.
Ва ман рувонҳои занонеро дидам ки нагунсор афканда (шуда) буданд ва аз тани ишон мисони сихи зуда (ҷайра) чизе оҳанин бо ҳар ҷойи у руста буд. Ва он чизҳоро ба тани ишон мезаданду мекашиданд ва ба жарфнои чанди як ангушт тухми деву друҷон, гандагиву римани ба даҳону бинишон мешуданд. Ва ман пурсидам ки: «Ишон чӣ гуноҳ кардаанд ки рувонҳошон чинин гирон подифраҳ баранд?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони у друванд занон аст ки ба гетӣ ба шу миҳрдуруҷӣ (паймоншиканӣ) карда ва аз шу дур будаанду хуш ҳаргиз набудаанд аз шу ва г…н надодаанд».
Ва ман рувони мардеро дидам ки наймури у бурида буд ва моронаш меҷуйиданд (мехурданд) ва ба ҳар ду чашми у мору кирм мерид ва уро бар забон мехе оҳанин руста буд. Ва ман пурсидам ки: «Ин тан чӣ гуноҳ карда ки рувони у чинин гирон подифраҳ барад?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони у друванд мардест ки кунмарз бас карда ва аз комхоҳии бадро зани касон г…да ва ба чарбзабонии хеш зани касон фирефта аз шуй ҷудо карда».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор