Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ФарҳангАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Ва ман дидам рувоне зане ки ба шонаи оҳанин бару пистони хеш медарид. Ва пурсидам ки: «Ин тан чӣ гуноҳ кард ки рувони у чинин подифроҳи гирон барад?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони у друванд занест ки ба гетӣ аз шуйу солор фуругузорӣ карда бад-иш бад буду бад медошт ва хештан ороста бо марди касон (шуйи мардум) шилехтагӣ карда».
Ва дидам рувони зане ки ба забони хеш ҳовани (?) гарм ҳаме (пайваста) мешт (мелесид) ва дасти хеш зери он брезон (ҳован) ҳаме сухт (месухт). Ва ман пурсидам ки: «Ин тан чӣ гуноҳ карда ки рувони у гирон подифроҳ барад?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони у друванд занест ки ба гетӣ дар шуйу солори хеш бедоду посухӣ (ҷангу ҷанҷол) карда ва сагзабон буда ва нофармонбурдорӣ карда ва ба хоҳишу хости у ба худ наздик шудан нагузошта ва у хоста (чизу чора) аз шуйи дуздида ниҳонӣ андухта ва аз они худ карда».
Ва ман дидам рувони занеро ки гирёну бомон (гирйону нолон) меомаду мерафт ва уро ба сару ру жолаву жолабарфак мерехт ва зери пойи уро руди миси гудохта мерафт (равон буд) ва у худ сару руи хеш ба корд медарид. Ва ман пурсидам ки: «Ин тан чӣ гуноҳ карда ки рувони у чинин подифроҳи гирон мебарид?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони у друванд занест ки аз марди касон (шуйи мардум) нохешкориҳо (ғайриқонунӣ) обустан буда ва кудак табоҳ карда. Ва аз дарду подифроҳу гуйо (уро чинин менамойад ки) бонги он кудакро мешунавад. Ва у медаваду давон аст ва уро ин чунон гарон менамояд ки ту гуйӣ ба руйи миси тафта равтуо дорад. У пайваста бонги он кудак мешунавад ва руйи хеш ҳаме бо корд реш дорад ва кудакро ҳаме хоҳаду уро набинад. Ва у то дорашгирд ин подифроҳ бояд (ба) барад.
Ва дидам рувоне чанд ки то ба сина ба гилу гандагӣ уфтода буданд. Ва доси тез дар пойу дигар узви бадани у мешуд ва модари падари хеш мехонданд. Ва пурсидам ки ин рувонҳои кианд ва ишон чӣ гуноҳ кардаанд ки рувонҳои ишон чинин гирон подафроҳ бибаранд. Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувонҳои у друвандонанд ки ба гетӣ пидару модар зиён овардаанд ва афсусу омурзиш ба гетӣ аз ишон нахостаанд.
Ва ман дидам рувони зану мардеро ки забон ба берун кашон доштанд ва морон зафари (ҳалқ) ишонро ҷуйидан (хурдан) доштанд. Ва ман пурсидам ки: «Ин танҳо чӣ гуноҳ карда ва ин рувонҳои кианд?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувонҳои онҳоеанд ки ба гетӣ туҳмат мекарданд ва якеро ба дигарӣ шур меандохтанд».
Ва ман рувони мардеро дидам ки дар торикии дузах овезон буд ва ба дасти хеш досе оҳани дошт ва у бару каши кеш мебуриду мехе оҳанин ба чашм мезад. Ва ман пурсидам ки: «Ин рувон они кист ва у чӣ гуноҳ карда?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони у друванд мардест ки шаҳреро ба мийонҷигӣ (баҳри додгустарӣ) дошт ва он чизе ки мебоист кардану фармудан на карду на фармуд. Ва сангу кабизу (?) паймонаи киҳ (хурд) дошт. Ва чилаву гузор аз дарвешону аз коривонигон (раҳгузарон) намешунид».

пешина
аз 314
навбатӣ