Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ФарҳангАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Сипас ман дидам рувон(ҳо)и друвандон ки чун аз гуна-гуна барф, борону барф, сармои сахт, гармои оташи тезсуз, душгандагӣ, сангу хокистар, ҷолаву борон ва дигар бадиҳо дар ҳамон ҷойи торикии пурбим подифроҳ мебаранд.
Ва ман пурсидам ки: «Чӣ гуноҳ кардаанд ин танҳо ки рувонҳӣ ишон чинин подафраҳи гирон мебаранд?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувонҳои у друванд мардум аст ки ба гетӣ чанд гуноҳи марговар бисёр карда ва оташи Баҳромро афсурда (хомуш кард) ва пули руди навдог (киштигард, навозӣ) бар канда зуру дуруғ гуфта ва ҳамеша зургувоҳӣ (гувоҳии дуруғ) дода ва аз хоҳишшон баҳри беподшоҳӣ, ҳирсу пастиву нозу хишму рашкро бегуноҳ мардуми аҳлав куштаанд ва бо фирефториҳои бисёр рафтор кардаанд ва акнун рувони у мардум бояд чинин захму (озору) подифроҳи гирон бибарад.
Сипас ман рувони касонеро дидам ки морон-шон мегази-данду меҷуйиданд (мехурданд). Ва пурсидам ки: «Ин рувонон они кианд?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувонҳои у друванд касонеанд ки ба гетӣ дину худоро (мункир) буданд».
Ва ман рувонҳои занонеро дидам ки саршон бурида аз тан ҷудо буд ва забоншон бонг (бонгу фарйод) дошт. Ва пурсидам ки: «Ин рувонҳои кист?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Инҳо рувони у занҳоеанд ки ба гетӣ шевану гилагузорӣ кардаанд ва бар сару рушон заданд».
Ва сипас ман дидам рувони мардеро ки кашон ба суйи дузах меомаду пайваста мезадандаш. Ва пурсидам ки: «Ин тан чӣ гуноҳ карда?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони друванд мардест ки ба гетӣ сару руйи хеш ва дасту… дигар қисмҳои ғажди андоми хеш ба оби истодаи бузург ва хони равон бас шуста ва Хурдоду Мориспандон озурда».
Ва дидам рувони зане ки мегиристу пусту гушт аз пистони хеш меканду мехурд. Ва пурсидам ки: «Ин тан чӣ гуноҳ кард ки рувон-ш чинин гирон подифраҳ барад?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони у друванд занест ки кудаки хеш аз ниёзи гуруснагиро гирён ҳишт (гузошт)».
Ва дидам рувони марде ки тан андар деги руйин карда буд ва уро мепухтанд дар ҳоле ки пои рости у беруни он дег истода буд. Ва пурсидам ки: «Ин тан чӣ гуноҳ кард?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони у друванд мардест ки ба зиндагонӣ-ш фосиқона бас ба сари у зани шуйманд мешуд ва тан уро базаҳкор (гунаҳгор) буд ва ба он пойи рости хеш вағу (ғук, вағак) мор, мору каждум ва дигар храфсторон бас зада беҷон карда ва кушта.
Ва ман дидам рувони у друвандон ки мехурданд ридаи хешро ва боз мехурданду мериданд. Ва ман пурсидам ки: «Ин рувони киҳоанд?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувонҳои у друвандонанд ки ба гетӣ ба зиндагии менуӣ бовар надоштанд ва ба дини Ҳурмузди додор носипос буданд, ба некии ба биҳишт ва бадии ба дузах ва ба будани Растохезу Тани Пасин гумон (шубҳа) доштанд».

пешина
аз 314
навбатӣ