Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Ва дидам рувони марде чанд ки ишон гуҳу ҳихр (?) ва насову ремании (ғаждӣ) мардумон меҷуянд (мехуранд) ва девон санг мекананду аз пас ишонро меандозанд ва ишон куҳе ба пушт (шон) мекашанду кашидан наметавонанд. Ва ман пурсидам ки: «Ин тан чӣ гуноҳ кард ки рувони ишон (онон) ин гирон подифроҳ барад». Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони у друвандон аст ки ба гетӣ замин чен карданду дуруғ чен карданд ва бас мардум [бар асари у кори ишон] бе буну (бунёду) бе бар карданд ва ба ниёзу дарвешӣ омадаанд (расидаанд) ва боястӣ хироҷи гирон медоданд».
Ва ман дидам рувони марде ки куҳеро ба ангушту нохун меканд ва девон аз пас ба мори шебак (?) мезадандаш ва ниҳеб мекард. Ва ман пурсидам, ки: «Ин тан чӣ гуноҳ карда?». Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки ин рувони у друванд мардест ки ба гетӣ сомону виманди (? ҳадду ҳудуди) касон сипухт (зур кард, поймол кард) ва аз они хеш кард».
Ва ман дидам рувони мардеро ки ба шонаи оҳанин гушт аз тани у мекашанду баҳри хурдан медиҳандш. Ва ман пурсидам ки: «Ин тан чӣ гуноҳ карда ки рувони у чинин подифроҳ барад?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони у друванд мардест ки ба мардум ваъдаи дуруғ баҳри пушту зинҳор (нигаҳбонӣ) дода».
Ва ман дидам рувони марде ки уро ба ихтиёри тири шевову (?тез) сангу кулух вомегузоштанд. Ва ман пурсидам ки «Ин тан чӣ гуноҳ карда?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони у друванд мардест ки ба гетӣ меҳрдруҷии (паймоншиканӣ) фаровон ҳам бо аҳлавон ҳам бо друвандон карда чи ҳам бо аҳлавон ҳам бо друвандон миҳр (паймон) шарт аст.
Ва сипас Суруши аҳлав ва Озури изад аз дасти ман фароз – гирифтанду маро ба зер ба Чағоди Дойдик фуруд оварданд ба биёбоне бибурданд ва дар миёни ҳамон биёбон ва аз он ҷо гилаву бонги рувони Аҳриману девон, друҷону дигар рувонҳои друвандон ва маро чинин намуд ки ҳафт кишвари замин меларзид (ё ва маро чинин намуд ки ин ҷо чанди ҳафт кишвари замин аст). Ва чун ман ҳамон бонгу оҳу нола шунидам тарсидам ва аз Суруши аҳлав ва Озури изад хоҳиш кардам ки: «Идар (ин ҷо) мабаредам ва бигардонедам». Ва сипас Суруши аҳлав ва Озури изад ба ман гуфтанд ки: «Матарс чи туро ҳаргиз аз ин бим набояд». Ва Суруши аҳлав ба пеш шуд ва Озури изад аз пас ва бебимиҳо (нотарсона) мани Вироз фароз ба (ҳам)он торикии дузах андарунтар шудам.
Ва ман дидам ҳамон торикии бимгин, саҳмгин, бас дарднок, гандаи дузахро ва пас ман ба андеша фуру рафтам ва маро чинин намуд ки у(яънӣ дузах) ҳамчун як чоҳест ки ҳазор бонг бизанӣ ба жарфнои у нарасад ва (чунон жарф аст ки) чун (агар) ҳама ҳезуми андар гетист руйҳам руи оташиш бигузоранд аз бадбуии уро аз у оташ буе ҳич дар наояд ҳаргиз. Ва чандон ки друвандон гушу чашме доранд ки чанди мӯйӣ ба буши асп (бешумор) доранд яке дигаро дидан ва шунидан натавонад. Ҳар кас пиндорад ки: «Танҳоам». Ва баҳри ишон аст ҳама у тому торикӣ, гандагиву бимгинӣ, захму подифроҳ ки дузахрост гуна-гуна. (Чун) ҳар ка дар дузах аст рузе метавонад бонг кунад ки: «Ҳануз ҳам он нуҳҳазор нашуда то аз ин дузахмон раҳо бикунанд».

пешина
аз 314
навбатӣ