Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Ва дидам рувони мардеро ки гуҳу насову (лоша) реманӣ (чирк) баҳри хурданш медиҳанд ва девон-ш ба сангу кулух мекуфтанд (мезаданд). Ва пурсидам ки: « Ин тан чӣ гуноҳ кард ки рувони у чинин гирон подифроҳ барад?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони у друванд мардум аст ки гармоба бисёр мешуданду ишон ҳихр (гуҳ) насо ба обу оташу замин мебурданд ва аҳлав андар мешуданду друванд (бадар) берун меомаданд».
Ва дидам рувони мардуме чанд ки ғирев мебардоштанд мегирйиданду бонг мезаданд. Ва пурсидам ки: «Ин кадом мардуманд?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ишонро падаршон (ҳануз дар батни) модаршон тарк карданд у чун зода шуданд, пидарҳо бар на пазируфтандшон ва ҳамакнун ба падарҳошон гилаву гузор доранд».
Ва дидам рувони марде ки нобурное чанд пеши пош уфтодаанду бонг доранд ва девон ҳамоно - ҳамчу саг бад ишон дар меафтанду танҳошон медаранд. Ва пурсидам ки «Ин тан чӣ гуноҳ карда ки рувон-ш чинин гирон подафроҳ барад?». Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони у друванд мардест ки ба гетӣ нобурноён фарзандони (ноболиғи) хеш напазируфта».
Ва дидам рувони зане ки ба пистони хеш куҳ меканд ва бар сар-ш санги осиёбе ранги рист (тан?) тарошидаро медошт. Ва пурсидам ки «Ин зан чӣ гуноҳ карда ки рувони у чинин гирон подафроҳ барад?». Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки «Ин рувони у друванд занест ки ба гетӣ кудаки хеш насову (лоша, беҷон, аборт) табоҳ карду биафканд».
Ва дидам рувони мардеро ки кирмаш ҳама андом меҷуйид. Ва пурсидам ки: «Ин тан чӣ гуноҳ карда?». Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони у друванд мардест ки ба гетӣ гувоҳи бад медод ва чизу хост аз хубон мерабуду ба бадон медод».
Ва дидам рувони мардеро ки мағзи мардумон ба даст дошт ва мағз мехурд. Ва пурсидам ки: «Ин тан чӣ гуноҳ карда?». Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони друванд мардест ки ба гетӣ хоста (чизу чора) на аз раҳи рост ки аз чизи касон дуздиду андухт ва худиш (?) ба душманон ҳишт ва худ бояд ба дузах тани танҳо бошад».
Ва ман дидам мардуме бисёр ки сару риши ишон тароши-да буду гунаҳошон зард, танҳошон пуда-фарсудаву храфастрҳо ба сару таншон мерафтанд. Ва пурсидам ки «Ин мард кисту инҳо кудоманд?». Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувонҳои ҳамон мардум аст ки ишон ба гетӣ (аҳлумйоғи) зиндагӣ фиребгарӣ будаанд ва мардумро вайрон мекарданд ва аз доди биҳӣ ба доди бадӣ меоварданд ва бас кешу гироиши дуруғин (?) дар ҷаҳон раво (роиҷ) мекарданд».
Ва ман дидам рувони марде ки девон медарандаш чунонки саг медарад ва у мард нон ба сагон медиҳаду ишон намехуранду бару шикаму рони ҳамон мард мехуранд. Ва ман пурсидам ки «Ин тан чӣ гуноҳ кард ки рувон-ш ин подифроҳи гирон барад?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони друванд мардум аст ки саги шубонӣ ва монбониро (посбони хона) аз хуриш боз дошта ай зада ва кушта».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор