Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Ва ман рувони ашгаҳон (танбал) мардеро ки Давонус-ш мехонданд дидам ки ҳама тани уро храфстарон (ҳашарот) меҷийиданд (мехурданд) ҷуз пойи (дашн) рости у ки намеҷийиданд-ш. Ва ман пурсидам ки: «Ин тан чӣ гуноҳ кард?». Суруши аҳлав ва Озари изад гуфтанд ки: «Ин рувон Давонуси ашгаҳон аст ки у то ба гетӣ буд, коре нек ҳич накарда ҳаргиз ҷуз он ки ба пойи дашни хеш як дастаи гиёҳ (алаф) ба пеши гови варза ҳамеша меафканд».
Ва ман рувони мардеро дидам ки забони уро кирм меҷуйид (мехурд). Ва пурсидам ки ин тан чӣ гуноҳ кард. Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки ин рувони друванд мардест ки ба гетӣ зуру друв (дуруғ) бисёр гуфта ва бас зиёну газанд ба домон аз у буда (расида).
Ва дидам рувони зане ки храфстрон ҳама тани у меҷийид-анд. Ва пурсидам ки «Ин тан чӣ гуноҳ карда?». Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки «Ин рувони у друванд занест ки ба гетӣ муйу гесуи худ бар руи оташ шона мезад муву шпишу ришк бар оташ меафканд ва оташ зери тан андар мениҳод ва тани хеш ба оташ медошт».
Ва дидам рувони зане ки насои (тани) хеш ба дандон реш меканду мехурд. Ва пурсидам ки ин рувони кист? Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки «Ин рувони у друванд занест ки ба гетӣҷодугарӣ мекард».
Ва дидам рувони марде ки андар дузах ба монанди мори чанди (мисли) сутун меистод ва уро сар сари мардумонро мемонду дигар пораи (узви) тани у монандаи мор буд. Ва ман пурсидам ки «Ин тан чӣ гуноҳ карда? Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони друванд мардест ки у ба гетӣ зиндагӣ карда ва ба дузах дар колбуди мор дар омада».
Ва дидам рувони мардуме чанд ва зане чанд ки нагунсор андар дузах дарво-(овезон) меистоданд ва тани ишон ҳамаро мору гаждуму дигар храфстарон меҷуйиданд. Ва пурсидам ки «Ин рувонҳои кадом мардуманд». Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки «Ин рувонҳои мардумест ки ба гетӣ оташу обро напарҳехтаанд ва (ремани) ғаждӣ ба обу оташ бурдаанд (андохтаанд) ва дониста оташро хомуш кардаанд».
Ва дидам рувони марде ки гушту насо (тан) бо хуну рим (саргину) дигар хоку хамурчу гандагиҳо баҳри хурдан ба у медиҳанд. Ва пурсидам ки «Ин тан чӣ гуноҳ карда?». Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки «Ин рувони у друванд мардест ки ба гетӣ саргину(?) насо ва тани хешу мардумон ба обу оташ бурда (андохта) ва....».
Ва ман дидам рувони марде ки пусту гушти мардумон мехурд ва пурсидам ки:». Ин рувони кист?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони у друванд мардест ки ба гетӣ музди муздварон ва баҳри (қисмати) баҳраварон мезад ва ҳамакнун рувонш гирон подифроҳ бояд бибарад».
Ва дидам рувони мардеро ки куҳе ба пушт мекашид ва ба барфу сармо у куҳ ба пушт дошт. Ва пурсидам ки: «Ин тан чӣ гуноҳ кард?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони у друванд мардест ки ба гетӣ зуру (дуруғ) нодурусту(?) сухани бесуд ба мардум бисёр гуфта ва акнун рувони у чинин гирон пазду (кайфару) подифроҳ мебарад».

пешина
аз 314
навбатӣ