Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Ва ман рувони марде чанд ва зане чанд дидам храфстар (ангал, ҳашарот) пойу гардану миён – шон ҳаме меҷийиданд ва аз ҳам ҷудошон мекарданд. Ва пурсидам ки: «Ин танҳо чӣ гуноҳ кардаанд ки рувонҳои ишон чинин подифраҳ мебаранд?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Инҳо рувон(ҳо)и у друвандонанд ки ба гетӣ як-муза-бапой мерафтанду кустӣ намебас-танд, рост мемиштанд ва дигар кирдорҳои девона мекарданд».
Ва ман рувони зане дидам, ки забон-ш то гардан ҳаме кашон буд ва худ дар андарвоӣ (фазо) овезон меистод. Ва ман пурсидам ки: «Ин рувони кист?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони друванд занест ки ба гетӣ шуйу солори хеш хор медошт, нифрин-ш мекарду душном-ш медод ва носозаш мегуфт ва бо у пархош мекард».
Ва рувони мардеро дидам, ки шиканҷ-ш ҳаме карданд то ба хоку хокистар хурад ба кабизу дул паймуда. Ва ман пурсидам ки чӣ гуноҳ ин тан карда ки подифраҳ барад? Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки «Рувони друванд мардест ки у ба гетӣ кабизу, дулаку сангу андозаи рост (дуруст) надошт об ба май меомехт ва хок ба гандумиён меандохт ва ба мардум ба нархи гирон мефурухт. У аз мардумони хуб пайваста чиз медуздид ва ба яғмо мебурд.
Ва дидам рувони марде ки дар андарвоӣ (ҳаво) медошт-анд-ш (муаллақ) ва панҷоҳ дев аз пасу аз пешу бо морон ҳаме задандаш. Ва пурсидам ки «Ин тан чӣ гуноҳ карда ки рувони у подифроҳ барад?» Суруш аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки ин рувони у друванд мардест ки ба гетӣ худоии (фармонравоии) бад карда, ба мардумон ноомурзишу задор (дурушт) буда, бад бедодиву ранҷу подифраҳ у ба мардум карда.
Ва ман рувони мардеро дидам ки забон аз патфуз (ҳалқ) уро берун оҳехта буд ки храфстарон (ҳашарот)-аш ҳаме ҷийиданд (хурданд). Ва ман пурсидам ки: «Ин тан чӣ гуноҳ карда ки рувони у подифраҳ барад?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони у друванд мардест ки ба гетӣ ҳаме туҳмат кард ва мардумро яке бар дигар барошуфт (бар шуронд)» ва рувони у пас гашту бирафт давон ба суйи дузах.
Ва ман рувони мардеро дидам ки узви андоми (бадани) у якдигарро мешикастанд ва аз якдигарӣ мегузаштанд. Ва пурсидам ки: «Ин тан чӣ гуноҳ карда чинин подифроҳ барад?». Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки «Ин рувони друванд мардест ки ба гетӣ дар куштани говону гуспандон ва дигар чаҳорпоён бедодгариҳо карда».
Ва дидам равони мардеро ки сар то поӣ бо афзори шиканҷа пушонда буданд-ш ҳазор дев мезаданд-ш аз боло бо синиҳҳои (зарбаҳои) бас гирону дардовар. Ва ман пурсидам ки: «Ин тан чӣ гуноҳ карда?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони у друванд мардест ки ба гетӣ чизу хоста бас гирд (фароҳам) карду худ нахурду ба биҳон надод ва баҳр (тақсим) накарду ба анбор анбошт».

пешина
аз 314
навбатӣ