Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Суруши аҳлави хубруйу пирузгар ва Озури изад аз он ҷо маро ба осонӣ гузаронданд ва ман фароз омадам, дидам рувони марде ки рувони чун море аз нишеми у андар шуду аз даҳонаш бурун омад ва морони бисёри дигар андоми (тану андоми) уро хурдан доштанд. Ман Суруши аҳлав ва Озури изадро пурсидам ки: «Ин мардум чӣ гуноҳе карда ки рувонҳошон чинин подифроҳи гирон мебаранд?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони ӯ марди друванд аст ки ба гетӣ кунмарз карда ва мард бар хештан ҳишта. Акнун рувони у чинин гирон подифроҳ барад».
Ман ба ҷое фароз омадам ва дидам рувоне зане ки аз палидиҳои мардумон ҳаме ташти (ҷом) пайопай баҳри хурдан медиҳанд-ш. Ва ман пурсидам ки: «Ин тан чӣ гуноҳ карда ки рувонаш чинин подифроҳ мебарад?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони у друванд занест ки ба [ҳангоми] даштон напарҳехту додҳо (расму ойин) надошт (риоя накард), ба обу оташ бишуд (рафт)».
Ва ман дидам рувони марде ки уро пуст мекарданд ва уро бо азобу шиканҷ мекуштанд. Ва ман пурсидам ки: «Тани ин чӣ гуноҳ карда ки рувони у чинин подифраҳ (кайфар) барад?». Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин ҷони у марди друванд аст ки марди аҳлавро ба гетӣ кушта». Ва дидам рувони мардеро ки риму даштони занон ба даҳонаш ҳаме резанду у худ фарзанди зебо-ш мепухту мехурд. Ва ман пурсидам ки ин тан чӣ гуноҳ кард ки рувон-ш чинин подифроҳ барад. Суруши аҳлав ва Одури изад гуфтанд ки: «Рувани он друванд мард чинин подифроҳ барад ки ба гетӣ даштонмарз карда (зани доштонро расида) ва подифроҳ барои ҳар бори паридаи у понздаҳу ним танопуҳр аст».
Ва ман рувони мардеро дидам ки аз гуруснагиву ташнагӣ бонг ҳаме кард ки: «Мемирам (Бимирам)!» ва у муйу риши хеш меканду хун мехурд ва каф аз даҳонаш меафканд. Ман пурсидам ки: «Чӣ гуноҳ ин тан карда ки рувонаш чинин подифраҳ барад?». Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони ҳамон друванд мардонест ки у ба ҳангоми гуфтугузор (суҳбат) обу урвари Ҳурдод ва Амурдодро мехурданд, вақти хурдан намедоштанд (чизеро риоя намекарданд) ва боз намегирифтанд он замон ки ба гетӣ буданд ва гунаҳкорона (найранги) маросими друнро ҷашн намекарданд. Ин ки Ҳурдод-об ва Амурдод – урваррдо хор доштаанд, аз ин ру ҳамакнун рувони ишон чинин подифроҳи гирон бояд бибарад.
Ва ман рувони занеро бидидам ки ба дузах ба пистон-ш (аз пистон-ш) дарво меистоду храфстарон ҳама тани уро меҷӯйиданд (нобуд кардан доштанд). Пурсидам ки: «Ин тан чӣ гуноҳ карда ки рувони у подифроҳ мебарад?» Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд ки: «Ин рувони друванд занест ки шуйи хеш ҳишту тан ба марди касон (марди бегона) дод ва руспигӣ (фоҳишагӣ, хиёнат) кард».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор