Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
(24) Ва оташони Эроншаҳр ба анҷом ва фусурдагӣ расанд; ва ҳиру хоста26 ба дасти анэронӣ27 ва каффор расад ва ҳама бедин бибошанд.
(25) Ва хостаи бисёр гирд кунанд ва онро нахӯранд ва ҳама ба дасти сардорони бесуд28 расад.
(26) Ва ҳар кас коре кунад, кирдори ӯро ба дигаре написандад. Ва сахтӣ ва аноияи29 эшон аз он бирасад, ки зиндагӣ бемаза шавад ва ба марг паноҳ баранд.
(27) Пас, андар замини Хуросон марди хурд ва нопайдое30 бо бисёр мардум, асб ва сарнайзаи тез бархезад ва шаҳр ба чирагӣ ба подшоҳии хеш дароварад.
(28) Худ миёни подшоҳӣ нобин ва нопайдо бошад. (29) Подшоҳӣ ҳама аз эрониён бишавад ва ба ноэрониён расад; бисёре кешу дод ва гаравиш бошад ва узидани31 якдигарро карафа доранд ва мардумкешӣ хор бошад.
(30) Туро ин низ гӯям, ки: андар он гоҳ бошад, ки Худованди пирузмандӣ андар замини Урум бисёр шаҳр ва басе
шаҳристон гирад ва бас хоста ба овор32 аз замини Урум биёварад.
(31) Пас он Худованди пирӯзманд бимирад ва аз он фарози фарзандони ӯ ба худовандӣ нишинанд.
(32) Ва шаҳр ба чирагӣ поянд ва басо ситамгариву бедодӣ мардуми Эроншаҳр кунанд ва басо ҳирси (мол) ҳамагон ба дасти эшон расад. Ва пас низ ба афсурдагӣ ва нобудӣ расанд.
(33) Ва андар он ҳангоми бад меҳру озарм33 набошад, эшонро меҳтар аз кеҳтар ва кеҳтар аз меҳтар пайдо набошад. Ва ононро ҳампуштагӣ34 набошад.
(34) Туро низ ин гӯям, ки: авӣ беҳтар, ки аз модар назояд ё чун зояд, бимирад ва ин анд35 бад ва друшакро36 ба сари рафтани ҳазораи зартуштон набинад.
(35) Ва набинад он корзори бузурге, ки бояд бишавад, онанд хунрезӣ, ки андар он ҳангом бояд будан ва мардумӣ дар баробар намемонанд.
(36) Эшон тозиён бо урумиён ва туркон андар гумезанд ва кишварро бивишфанд.37
(37) Ва пас Спандормаз ба Ҳурмузд бонг кунад, ки: «Ман ин бад ва аноияро натобам, ман зеру забар шавам ва ин мардумро зеру забар кунам - обу оташро мардум биёзоранд, аз бас муст38 ва бедодӣ эшон бад-он кунанд».
(38) Ва пас меҳр (Сурӯшмеҳр) ва хашм бо ҳам бипадкафанд.39 Андар он пад кафтан дуруҷе, ки Ватингон хонанд, ба худовандии Ҷам баста шуд ва ба худовандии Биюросп аз банд бираст.
(39) Биюросп бо он дуруҷ ҳам парса дошт ва он дуруҷро кор ин буд, ки бар ҷурдоён40 мекоҳид ва агар он дуруҷ набудӣ, ҳар кас ҷарибе бикуштӣ, 400 ҷариб бигрифтӣ.
(40) Дар соли 396 меҳр (Сурӯшмеҳр) он дуруҷ бизанад ва пас ҳар ки ҷарибе ба корд 400 андар анбор кунад. Ва андар он ҳангом Спандормаз даҳон боз кунад, басо гавҳар ва айушуст41 ба пайдоӣ овард.
(41) Пас аз ҷониби Нимрӯз марде бархезад, ки худовандӣ42 хоҳад ва сипоҳи гванд43 ороста дорад ва шаҳрҳо ба чирагӣ гирад ва басо хунрезӣ кунад, то кор ба коми хеш бибошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор