Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Ва (Баҳман) Ваҳман гуфт: «Ин Ҳурмузд аст» ва ман хост-ам намозаш барам ба пеши пойаш (дар ҳузури у худ), вале у ба ман гуфт ки: «Намоз ба ту, Арда Вироз. Дуруст (хуш) омадӣ ту аз он гетии бимноку ба ин ҷойи вижаи рушан». Ва у ба Суруши аҳлав ва Одури изад фармуд ки: «Бибаред Арда Вирозрову бинамоед гоҳу подоши аҳлавон ҳамчинин подафроҳи друвандон».
Ва пас Суруши аҳлав ва Озури изад дасти ман фароз гирифтанду аз ҷое ба ҷое бурдандам. Мариспандонро (ҳам) дидам ва ман дигар йаздонро ҳам дидам ва ман фруҳари (ҷонҳои ҷовидони) Каюмарсу Зардушту Кай-Хусраву Фаршустару Ҷомосп ва дигар некукорону динпешвоёнро.
Ва ман ба ҷойе фароз омадам ва дидам равони родон (родмардон) ки барозо (барозанда) ҳаме рафтанду бар ҳама
дигар рувонҳо рушноӣ ҳаме доданд. Ва Ҳурмузд рувонҳои рувшану буланду амованди родонро ҳаме бартар дошт. Ман гуфтам: «Хушбахт бошед, ай рувонҳои родмардон, чинин бар рувони дигарон бимонед». Ва инро ман сазовори парастиш дар ёфтам.
Ва ман рувони касонеро дидам ки ба гетӣ Гоҳон суруда-анд, йашт парастиш кардаанду порсоӣ пешаи ишон буда ва дини маздеснонро ки Ҳурмузд ба Зартушт омухта буд, оварда буданд.
Чун ман фароз омадам ва дидам мардуме чанд ба он паймуза (пушоки) бо зару сим озинбаста - аз дигар паймузанҳо оростатар. Ва ин ба ман аздари ситоиш намуд.
Ва сипас ман дар зори тавоно офарида рушноӣ рувони онҳоеро дидам ки ба хешовандони наздики хеш байугонӣ кардаанд, аз ишон як рушноии чанди куҳ ҳаме дурахшид. Ва инро ман аздари ситоиш дар ёфтам. Ва ман рувони худоён ва подшоҳони хубро дидам ки аз ишон нури миҳиву биҳӣ, амовандиву пирузгарӣ ҳаме полост он замон ки ишон туйи рушноӣ мешаванд бо гардуни раҳниварди зарини хеш. Ва инро ман аздари ситоиш дар ёфтам. Ва ман рувони бузургону ростгуён дидам дар рушноии буланд бо хурраҳи миҳ (виқори хоса) мерафтанд. Ва инро ман аздари ситоиш дар ёфтам.
Сипас ман рувони у занони пурҳумат, пурҳухту пурҳ-варшти (фармонбурдор) сархамро дидам ки шуҳои хешро солор мешумурданд бар паймузани (либос) бо зару симу гуҳар озин баста. Ва ман пурсидам ки: «Ишон рувонҳои кианд?» Ишон - Суруши аҳлаву Одури изад - гуфтанд ки: «Ишон рувони у занҳое ҳастанд ки ба гетӣ обро орамидаанд, оташро орамидаанд, замину урвару дову гуспанд ва дигар ҳама офаридаҳои биҳи Ҳурмуздро орамидаанд. Ишон /худоро/ ҷустаанд, друнро риоя доштаанд йаздон орамидаанд ва парастиш ишон кардаанд.
Ва ишон бархай (мйазд, қурбонӣ) овардаанд, йаздони менуиву гетӣ гиромӣ доштаанд. Ва нисбати шуҳову солорони хеш хушнудиву ягонагӣ, тарсогоҳиву фармонбурдорӣ ҳувайдо кардаанд. Ва ба дини маздеснон бегумон будаанд (шубҳа надоштаанд) ва дар оростани кирфа кушо будаанд ва аз гуноҳ парҳез доштаанд». Ва инро ман аздари ситоиш дар ёфтам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор