Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Ва ман рувони худоҷуёнро ва монсарбаронро (кишиш) дидам дар рушноии буланд дар як ҳолати гиромидошти миҳ (калон). Ва инро ман аздари ситоиш дар ёфтам.
Ва ман рувони ишон (онҳое) дидам ки найранги (маросими) ҳамогдин доштанд ва йазиши (парастиши) йаздон мекарданд дар ҳоле ки болои дигар рувонҳо нишаста буданд кирфаҳои ишон чунон буланд буданд ки худ осмон. Ва инро ман аздари ситоиш дар ёфтам.
Ва сипас ман рувонҳои артишдорон (ҷанговарон) дидам ки ишон рафтори бисёр хушҳолона ва хуҷиста доштанд дар пироҳани даҳйубадону зину афзоли гурдон - хубсохти пироста бо зару гуҳар ва хуб озинбаста дар гардунаи шукуфо бас шукуҳманду амованду пирузгар. Ва инро ман аздари ситоиш дар ёфтам.
Ва ман рувонҳои онҳоеро дидам ки ишон ба гетӣ бас храфстар (ангалҳо) куштаанд аз ишон (хурраҳи) фарри обҳо, оташу озар, урвар ҳама ҳамчинин хурраҳи замин полост бо як буландиву барозандагӣ. Ин маро аздари ситоиш намуд.
Ва ман гоҳҳои заррин бисёр дидам бо бистари хубу болиштҳои бо ҷилдҳои зебо пушонда ки болошон рувони кадхудоёну диҳхудоён ки диҳу дудаву мону меҳану дастгирд ва ҷойҳои вайрон(а) обод кардаанд, нишаста буданд – онҳое ки бас каҳасу (канал), руду хонҳо баҳри ободониву шукуфоиву суди домон (махлуқот) овардаанд. Ва ишонро дар пеш фруҳарҳои обу урвару мардумони аҳлав бо як амовандии (виқори) пирузгари бузург (баҳри ҳимоя) истодаанд ва офарину ситоишшон доранду сипосшон ангоранд. Ин ба ман бас сазовори ситоиш намуд.
Сипас ман рувони (ҳермон) сарварони ҷомиа, омузанда-гон, пижуҳандагонро дар як ҷои дурахшон ва шоду хуррам дидам. Ин маро бисёр сазовори ситоиш намуд.
Ва ман рувони ҷудокунандагон, оштихоҳон, биҳидустон ки аз ишон як рушноие ки ҳамоно рушноии ситораву, моҳу хуршедро мемонд, поло буд ва худ оромона ба андарвое (фазо, ниворе) рушан гурозон (ба тамкин равон) буданд.
Ва ман ҷаҳони аҳлавонро дидам – рушан, бас хуҷиставу ором бо гулҳои диловези бисёр – ҳарранг, шукуфта ба сад намуд, дурахшону пурхурраҳ (фарибурзу) пуршодӣ ки ҳич ка ба серӣ надида ҳаргиз.
Пас Суруши аҳлав ва Озури изад аз дасти ман фароз гирифтанд ва ман аз он ҷо фарозтар шудам.
Ман фароз расидам ба ҷое ва руде бузург дидам душворгузар ки бас рувонҳо фруҳарҳо дар у буданд ки аз у гузаштан наметавонистанд бархешон ва бархеи дигар ба ранҷи бекирон, бархешон –осон (бехорӣ). Ва ман пурсидам ки ин чӣ руд асту ин мардум кистанд ки чинин ранҷ мебаранд (дар гузаштани ин руд)? Суруши аҳлав ва Озури изад гуфтанд: «Ин руд ҳамон сиришки фаровонест ки пас аз даргузаштани ин гетӣ баҳр – шон биҳилидаанд (рехтаанд) аз чашмон. Агар мардум ҳар чӣ шевану муйа (нола), гирйа кунанд ва ашк беҳуда бирезанд, ин руд афзоиш кунад. Ишон (онҳое) ки гузаштан натавонанд, касонеанд ки аз паси ишон (баъди он ки ҷаҳон дар наваштанд) шевану муйаву (нолову) гирйа бисёр кардаанд ва ишон (онҳое) ки ин рудро ба осонӣ гузаштаанд аз паси ишон шевану муйаву гирйа кам кардаанд. Ва ту ба у гетигон бигу ки «Чун шумо шевану муйаву гирйаи беҳуда ба гетӣ накунед чи ба равони даргузаштаи шумо зийону сахтӣ бештар мерасад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор