Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Пасон паҳнои у Чинват Пул 9 найза гардид. Ман уро бо ёрии Суруш, аҳлав гузаштам ҳамчинин бо ёрии Одури Изади хуҷиста, шукуҳмандона дилерона пирузгарона ба паноҳи Миҳри изаду Рашни разистан (росттарин)-у Войи биҳу Ваҳроми изади амованду Аштоди изади расокунандаи ҷаҳону фарри дини маздеснон.
Фруҳарони аҳлавону дигар менуиён ба ман Вирози аҳлав нухуст намоз бурданд. Сипас ман Арда Вирозро, Рашни рост (ростқавл) ки ба дастиш тарозуи зарди зарин дошт ва кирдорҳои аҳлавону (друвандон) дуруғгуёнро андоза мекард, дидам Суруши аҳлав ва Одури изад дасти ман фароз гирифтанду гуфтанд ки «биё то ба ту биҳишту дузахро бинамоем хурраиву хуҷистагиву осониву фарухиву некиву хушиву хуррамиву ромишу (оромӣ) шодиву(хуббуйи) буи диловези биҳишт—подоши аҳлавонро.
Биё то бинамоёнем-т торикиву тангӣ, душвориву бадӣ, бенавоиву гандагӣ, дарду беморӣ, саҳмгиниву бимгинӣ (тарсу ҳарос), решгиниву (зиён)у гандидагии дузах ва гуна-гуна (ҳар навъ) подифроҳ ки девону ҷодувону базаҳкорон (бадкорон) бигиранд (бибаранд). Ва боз бинамоем-т гоҳу (ҷоҳ) манзалати ростон ва гоҳи друвандон (дуруғон) ва мо бинамоем-т подоши ҷуяндагони Ҳурмузду Мориспандон. Ва некии биҳишту бадии дузах. Ва ҳастии Йаздону Мориспандон ва нестии Аҳриману девон ва будани растохезу Тани Пасин. Ва бинимоёнем-т подоши /марди/ аҳлав аз Ҳурмузду Мориспандон ба биҳишт-андар ва бинимоёнем-т захму подифроҳи гуна-гуна баҳри друвандон ба дузах-андар аз Аҳримани друванду аз девону патёрагон (бадкорон).
Ҷое фароз омадам дидам рувони мардуме чанд ки ба ҳам истодаанд ва пурсидам аз пирузгар Суруши аҳлаву Одури изад ки ишон кианд ва баҳри чӣ (идар) ин ҷо меистанд. Суруши аҳлав ва Одури изад гуфтанд ки: «Ин ҷоро Ҳамистагон хонанд (меноманд) ва ин рувонҳо то (рузи) Тани Пасин ин ҷо биистанд. Инҳо рувонҳои касонеанд ки ишонро кирфаву гуноҳшон ростанд (баробаранд). Мардуми гетиро бигу ки: аз кирфае ки осон ба даст меояд худро кинору дур магиред аз фарти ҳирсу тамаъ ва озу ниёз. Чи ҳар каро, агар кирфаҳош чанди Суруш чармананду (?) бештар аз гуноҳош, ба биҳишт меравад ва ҳар каро гуноҳҳош бештар аст, - ба дузах ва ҳар каро гуноҳу кирфаҳош рост (баробар) аст, ба ин Ҳамистагон то Тани Пасан биистад ва ишонро падафроҳ (вобаста аз) табдили (андарвой) обу ҳаво – сардист ай гармо – ва ишонро (патйора) бадбахтие дигар нест ки нест».
Сипас ман нахустин гом фароз ниҳодам ба («стар пойа») туи ситорагон – суйи ҳумат – он ҷо ки ҳумат ба миҳмонист (меҳан дорад). Бибинам у аҳлав рувонҳо ки аз ишон рушании чун дурахши ситораи рӯз ҳаме дурахшон буду ҷову нишасти ишон бад рушан, барозо (пурхурраҳ) фарибурз буд. Ман Суруши аҳлаву Одури изадро пурсидам ки ин ҷо чисту ин мардум кист? Ишон Суруши аҳлав ва Одури изад гуфтанд ки ин ҷо (стар поя) туйи ситорагон асту инҳо рувонҳои касонеанд ки ба гетӣ ниёиш накардаанду Гоҳҳон насурудаанд, хведидоҳ (издивоҷ) бо хешованди наздик накардаанд ва ишон даҳйубадиву солорӣ накардаанд ва ба дигар кирфаҳо аҳлав ҳаме буданд(ӣ). Ман гоми дигар фароз биниҳодам (ниҳодам) суйи у «моҳпойа» он ҷо ки ҳухт ба миҳмонист (меҳан дорад), бибинам анҷумани бузурги аҳлавон [аст] ва пурсидам аз Суруши аҳлаву (аз) Одури изад ки: «Ин кудом (рақам, чӣ) ҷо асту ишон рувонҳои кистанд?» Суруши аҳлав ва Одури изад гуфтанд: «Ин ҷо «пойаи Моҳ» асту ишон рувонҳои касонеанд ки ба гетӣ ниёиш (йашт) накарданд ва Гоҳон насурудаанд ва хведудоҳ (издивоҷ бо хешованди наздик) накардаанд (наварзидаанд) ва ба кирфаҳои дигар (ин ҷо) идар омадаанд ва рушноии ишон ҳамоно рушании Моҳро монад». Ва дигар боз гом фароз ниҳодам ба суи ҳуваршт ба он ҷойе ки ҳуваршт дар миҳмонист (меҳан дорад). Он ҷо рушноие расидам ки булантарини буландон хонандаш. Бинам у (рувони) аҳлавон бар гоҳу болини зарандуд. Ва мардуме буд ки рушании ишон ҳамоно рушании хуршедро мемонд. Ман аз Суруши аҳлаву Одури изад пурсидам ки: «Ин кудом (чӣ) ҷой аст ва ишон рувонҳои кианд?» Суруши аҳлав ва Одури изад гуфтанд ки: «Ин хуршед поя (пояи хуршед) аст ва инҳо рувонҳои касонеанд ки ишон ба гетӣ подшоҳӣ, даҳйубадӣ ва солории хуб кардаанд». Ман чаҳорум гом фароз ниҳодам ба суйи у Гаразмони рушани (дурахшони) ҳамеша, фарибурз. Ба ман ишон - рувонҳои гузаштагон дуруд (саломатӣ) пурсиданд офарин карданду гуфтанд ки: «Чун ту, ай аҳлав, аз у ҳастии (олами) пурбиму гуноҳ ба ин ҳастии бебиму бегуноҳ омада?» Бихур ин холи (хуроки) ануша (бемарг) чи (зеро) ту дуру дироз идар оромӣ бинӣ (хоҳӣ дид). Ва пас аз он у оташи (пури) Ҳурмузд - Одури изад - ба ман пазиро (ба истиқболи ман) омад. У ба ман намоз бурд ва гуфт(ам) ки: «Дуруст (саломат) ту бимон, ай Арда Вироз, бо ҳезуми тар ки пайғом аз маздеснон аст». Ва ман намоз (ш) бурдаму гуфтам ки «Хуш омадӣ, Одури изад, Ба гетӣ ҳамеша ман ба ту ҳезуму буйи ҳафтсола мениҳодам ва акнун ту маро бо ҳезуми хвед (тар) мехонӣ». Ва пас Оташ - (пури) Ҳурмузд - Одури изад: «Биё то ба ту фароз бинимоям он вари оби ҳезуми хвед ки бар ман ҳаме ниҳодаӣ» - гуфту ба ҷойе фароз бурдаму вари (бар) бузурги оби кабудро намудаму гуфт ки: «Ин он обе аст ки аз он ҳезуме битаровад ки ту ба ман ҳаме ниҳодаӣ». Ва сипас Мориспанди Ваҳман (Баҳман) аз гоҳи зарандуди хеш бархост. У аз дасти ман фароз гирифту ба ҳумату ҳухту ҳваршт бурдам ба меҳани Ҳурмузду Мориспандон ва дигар аҳлавон-меҳани фраваҳри Зартушти Сипинтому кай Виштоспу Ҷомоспу Исадвостари Зартуштон ва дигар динбурдорону динпешвоён ки аз ишон рушанитар чизе ҳич надида будам ҳаргиз.

пешина
аз 314
навбатӣ