Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Ва у [тухми] кину нооштӣ ба миёни миҳону (бузургон) кадхудоёни Ироншаҳр биафканд ва [ниҳоят] худ шикасту ба дузах бирафт. Ва пас аз он мардумони Ироншаҳр яке ба дигарӣ-ш дар [ҳолати] ошубу пайкор ҳаме буданд ва чунки худой (фармонраво), даҳйубад, солору дастурони диногоҳ набуд-шон, ба [ростои] кори Йаздон гумон (шубҳа) доштандӣ ва кешу мазҳаби(?) гуногун, зиндиқиву гумонҳо ва нофармонӣ дар ҷаҳон дар он ҷо ба пайдо омад то он замон ки фарруху анушарвон Озурбади Мориспандон ки подифроҳ тибқи тақозои дин ба роҳ монда буд – яънӣ миси тофта (гудохта) бар (қафаси сина) рехтан – ва чанд додистон (процесси судӣ) ва додварӣ (муҳокимаи судӣ) ба ҷудокешон (зиндиқон) ва ҷудомазҳабон(?) барпо карда буд, ба ҷаҳон омад.
Ва дин дар себишн (дарҳамбарҳамӣ) буд ва мардумон дар гумон (ҳолати шакку шубҳа) буданд. Пасон муғмардону дастурони дин ки [ба дин вобастагӣ/иртибот доштанд] аз у вазъи дин бад андуҳгин буданд ва пурбим. Ва ишон ба дари пирузгар озури Фарнбағ анҷуман оростанд ва бас (ва ҳар гуна) сухану сиголиш (андеша) пиромуни он вазъ иброз доштанд ки мо бояд ба чорае (натиҷае) бирасем ки аз миёни мо яке аз менугиён (ҷаҳони минуӣ, трасцендентӣ) огаҳӣ биёварад ки мардуме ки дар ин овом (овон) ба сар мебаранд, бидонанд ки оё ин йазишнҳову (худоҷуӣ) друни офрингор ва нийрангу подйобиҳ ва йуздаҳрагиҳ ки мо мекунем, ба йаздон мерасида бошанд ай ба девон ва оё ба фарёди равони мо мерасида бошанд ё не? Ва ба ризогии дастурони дин ҳама мардумро ба дари озури Фарнбағ хонданд ва ишон аз миёни онҳо ҳафт мардро ҷудо карданд ки пеши йаздону дини у бегумонтар (муътақидтар) буданд ва манишн (андеша), гуфтору гувишту кирдори (куништ) хеш виростатар (мураттабтар) ва порсотар буданд. Ва гуфтанд ки «Шумо худ ба худ бишинед ва аз миёни худтон якеро ки бад ин кор биҳтару бегуноҳтарин ва шуҳратмандтар аст, бигузинед».
Ва пас ан ҳафт мард бинишастанд ва аз миёни у ҳафт [нухуст] се касро баргузиданд ва аз у се кас – Вироз ном [мардеро] ки уро Виҳ-Шопур ном аст, бигузиданд. Ва пас у Вироз чун он сухан бишнид ба по (рост) истод ва даст ба [таги] каш карду гуфт ки: «Агар шумо чинин мепиндоред –ба ман порае аз банг надиҳед – агар ҳам инро ман мехоҳам-то шумо ба бар (сина) найза афканед ва агар найза ба ман мерасад ба хоҳиш [-и том] ман ба ҷои аҳлаву друвандон хоҳам шуд ва пайғом дуруст (чунонки мебояд) хоҳам бурд ва [посух пас] рост хоҳам овард».
У маздеснон найза ба бар(?) оварданд ва нухустин бор ба ҳумат андешаи хуб ва дигар [бор] ба ҳухт (гувишти хуб) ва дигар ба ҳуваршт (куништи хуб) афканданд. Ҳар се бор найза ба Вироз омад. Ва у Вирозро ҳафт хоҳар буд ва у ҳафт хоҳари Вироз уро чун зан буданд. Ва ишон саргарми азёд (азбар) кардани номаҳои динӣ буда буданд ва дуоҳо вирд дошта буданд ва чун [додистон] бишиниданд, чунон гароншон омад ки гиристанду бонг карданду пеши анҷумани маздеснон бирафтанд ва намоз бурданду гуфтанд ки: «Макунед ин чиз, шумо, маздеснон чи мо ҳафт хоҳаронему у як бародар [-и мо] ва ҳафт хоҳар у бародарро зан(?) ҳам ҳастем. Чунонки бар як дар хона ҳафт дастак болои як болор ниҳода мешавад ва агар у болор гирифта мешавад, ҳама ҳафт дастак вайрон мешавад, мо ҳафт хоҳарро у ягона биродар аст чи ҳар зивишну (зиндагӣ) доришн (дороӣ) ки фароз аз Йаздон мерасад [ва] ҳар некӣ (хубӣ ки мо дар зиндагӣ дорем) аз у аст. [Агар] шумо пеш аз замон аз ин шаҳри зиндагон уро ба у шаҳри мурдагон мефиристед, шумо чинин аст ки [чинин маънӣ дорад ки] ситам ба мо хоҳед кард (карда бошед).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор