Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Ва чун у маздеснон он суханон бишниданд, ҳафт хоҳарон-ро хурсанд карданд гуфтанд-шон ки «Мо Вирозро то ҳафт руз (баъди ҳафт руз) ба шумо биспарем ва ному (шарафи) фаррухӣ ба ин мард хоҳад монд». Ва сипас ишон ҳамдодистон (розӣ) шуданд».
Сипас у Вироз пеши маздеснон даст ба [зери] каш бикарду ба ишон гуфт ки: «Дастур (иҷоза) ҳаст [магар] то рувонигон бар хонам ва хуриш бихварам ва андарз (васият) бикунам, пас маю банг бидиҳедам?». Дастурон (кишишҳои калон) фармуданд ки «Ҳамон бикун».
Пасон у диндастурон андар у мони мину (парастишгоҳ, айадони оташ) ҷоеро ки сӣ гом (қадам) аз оташ дур буд, бар гузиданд ва у Вироз сарутан бишуст ва паймузани (либос) нав бипушид, хешро буи хуш биолуд (айнан: бибуёнид), ба тахтгоҳи (рахти хоб) шоистаи густурдаи нави пок густурда – ба як ҷои поки он бинишасту друн йашту рувонигон ба ёдиш оварду (андохт) хурок бихурд. Ва сипас диндастурон майу банги Виштоспон ба се ҷоми зарин пур карданд ва онҳо якеро ба ҳумату андешаи хуб у дигарро бо ҳухт (гувиши хуб) ва он сеи дигарро бо ҳваршт (куништи хуб) фароз ба Вироз бидоданд. Ва у он майу банг бихурд ва ба ҳушёрӣ-ш (он замон ки ҳушйор буд) воз бигуфт ба бистар бихуфт.
У диндастурон ва ҳафт хоҳарон ҳафт рузшабон ба оташи ҳамешасуз ва буйгузор (буё) найранги динӣ, Авистову Занд бигуфтандӣ ва йашту наску гоҳон (Готҳо) сурудандӣ ва ба торикӣ [уро] бад пос (посбонӣ) доштандӣ (кардандӣ). Ва ишон ва у ҳафт хоҳарон ба пиромуни (давр) бистари у Вироз нишастандӣ. Ҳафт руз-шабон (шабона(й)руз) Ависто вирд доштандӣ. У ҳафт хоҳарон або ҳама маздеснон, диндастурону ҳирбадону мубадон ба ҳич евеник (ваҷҳ) шабзиндадориро наҳиштанд.
Ва рувони у Вироз аз тан [-и у] ба Чағоди Дойдик [ба] Чинват Пул бишуд ва ҳафт шабайруз (айнан:рузшабон) боз биомаду андар тан[ш] бишуд. Вироз бархост чунонки (мисли ин ки) аз хоби [муқаррарии] хеш хеста бошад – Ваҳман-манишну хуррам.
У хоҳаронаш ҳамроҳи диндастурону маздеснон чун у Вирозро диданд шоду хурам буданду гуфтанд ки «(дуруст) хуш омадӣ ту, ай Вироз, пайамбари мо маздеснон аз у шаҳри мурдагон ба ин шаҳри зиндагон». Ишон Ҳирбадону диндастурон пеши Вироз намоз бурданд. Ва Вироз чун дидшон пазирошон омаду гуфт, ки: «Шуморо дуруд аз Ҳурмузди худойу Мориспандон ва дуруд аз аҳлав Зардушти Сипитом ва дуруд аз Суруши аҳлаву Озури изаду хурраи (фарри) дини маздеснон ва дуруд аз дигар аҳлавону дуруд аз Некиву Осонӣ ва аз дигар минуийони биҳишт. Ва пас диндастурон гуфтандш ки «дуруст омадӣ, Ту Вирози пайғамбари мо маздеснон ва дуруд бод Туро низ. Бигӯ рост ба мо аз ҳар чӣ дидӣ». Пас Вироз гуфт ки нухустин гуфтор ин ки гуруснагону тишнагонро аввал бояд хуриш доду пас пурсиш аз у кард, коре фармуд. Пас диндастурон фармуданд ки «Ануша бошу хуш». Ва ишон хуриш(хуроки) хуб пухтаву хуббуй овардандиш ва ҳар чӣ дигар хурданӣ ва сардобу май. Ишон дурун йаштанду Вироз воз гирифту хуришн хурд тизд роениду воз бигуфту ситоиши Ҳурмузду Мориспандон ва сипос аз Ҳурдоду Амирдод, Мориспандон ангорд кард ва офринагон хонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор