Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Пас Зартушти паёмбарро аз [он] ҷои зиндон хост ва аз рӯи меҳру дӯстӣ [бо вай рафтор] кард ва пушаймон буд аз куниши хеш. Ва Зартушт аз варҷ ва фарраи Ҳурмузд дасту пои асби сиёҳро берун овард, Виштосп хушнуд буд. Ҷомосп ва Исфандиёр ва Фрашуштар ва Пишутан ва ман, ки Мидюмоҳ ҳастам, дини ӯ вижаи некро пазируфтем ва ба шогирдии ӯ арзонӣ шудем.
Мӯъҷизаи Зартушт ва баровардани чаҳор хости
Кайвиштосп ва ёрони вай
Яке ин ки рӯзе Кайвиштосп, шоҳаншоҳ барои озмоиши мӯъҷизаи паёмбарӣ ва аз ростии [он аз] Зартушт хост, ки: «Ман худ бемарг ва бепирӣ бувам ва бар тани ман корд ва найза коргар набувад. Ва ҳамаро зи осмонро ҳарчи буду ҳаст ва пас аз ин бувам, бидонам ва беҳтарин ҷаҳони порсоёнро (биҳишт) дар ин зиндагӣ бубинам».
Зартушт гуфт, ки: «Аз ин чаҳор чиз якеро барои они хештан бихоҳ ва он се кома20 барои он се каси [дигар]. Додори бартар[ин] онро ба шумо диҳад».
Пас Кайвиштосп бартарин ҷаҳонро21 ба зиндагӣ дидан хост, барои они хештан пазируфт.
Зартушти пок ба ёрии Ҳурмузди Худой ба рӯзи менуии монсраспанд ва моҳи спандормат барсамгиёҳро густурд ва друняшт [драуна].
Бар он (драун) чун шир ва гул ва бода (май, шароб) ва анор ниҳод. Ва пас аз ситоиш ва ниёиши додори меҳрубон бодаи йяштаро22 ба он Виштосп дод, то ки ӯ андар хоб шуд ва бартарин ҷаҳонро дид.
Ва гули (яштаро) ба даствари ӯ Ҷомосп дод, ки [ӯро] аз [ончи] ҳаст ва буда ва бувад, ҳама аз пайдоиҳо (ҳаводис) биёгоҳанд.
Анорро ба он Исфандиёр бахшид. Исфандиёр яшттан23 шуд, чунон ки корди тез бар тани ӯ бекор (беасар) буд.
Ва ба он Пишутан, писари Виштоспшоҳ, шири яшта дод. Ҳам дарзамон бемаргӣ ва бепирӣ ёфт.
Пас Виштоспшоҳ бар дини беҳи маздояснон бегумон шуд ва Зартушти пок, Спитомонро ба паёмбарӣ пазируфт ва дини беҳи авижаи маздояснон ба гайҳон ривоҷ кард. Ва аз ин шева ва бисёр мӯъҷиза аз он фарраманд паёмбар Зартушт ба чашми хеш дидам. Ҳам андак аз бисёрҳо ба ростӣ навиштам. Додорон равони бузурги ӯро биёмурзод.24 АРДАВИРОЗНОМА1 Ба номи Йаздон Чунин гуянд ки он замон ки Зартушти аҳлав (порсо) дин пазируфту ба ҷаҳон онро раво кард ва то сесад сол сипарӣ нагашт, дин дар вижагиву бешакиву гумонӣ биистод. Ва пас Минуи Бади гаҷаста (малъун) Алаксандари Ҳрумоик (харумоӣ)-ро ки дар Миср миҳан дошт, бо кишвари Ирон барои набарду вайронӣ ва тарсу ҳарос ба пайдо овардан фиристод то мардум бигарданд (айнан: гумони бад бибаранд) аз дин. У даҳйубади (фармонраво) Иронро бикушт, дару (дарбор) худоӣ (фармон-фармоӣ, ҳукмронӣ) биситад.
У патёраи (бадкор) бадбахти ноаҳлави (коноро) гунаҳкори (айнан: Друванд), базаҳкор (бадкирдор) Алаксандари Ҳарумойи(к) ки ба Миср миҳан дошт, ҳамаи номаҳо, бавижа ҳамаи Авистову Занд ки бо оби зарр дар чандин пусти виростаи гов навишта шуда буданду дар Истахри Побагон дар Дижи Нибишт нигаҳдорӣ мешуданд, бисухт. Чанд [тан аз] дастурону (кишишҳои бузург), додварон, ҳирбадону мубадон ва динбар-дорон (соҳибдинон), мардони тавонгар, худогоҳу донишмандони Иронро бикушт.

пешина
аз 314
навбатӣ