Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
«Эй Зартушт, аз оби Виҳдойтӣ зуд бирав, то чизҳое менуӣ ва варҷу фарраи Ҳурмузд бинӣ, чи ман Баҳман ҳастам ва ту паёмбари (вахшвар) додори меҳрубон».
Чун, ки Зартушт ин суханро ба ман гуфт, дар андеша хушнуд шудам. Пас Зартушт боло рафт14 аз сӯи он оби Дойтй бо як ҳаракати сареъ аз он рӯди гиромӣ ба ёрии Баҳман ва нерӯи порсоӣ ва ростгувишнӣ15 ба он беҳтарин – ҷаҳон шуд ва ба ҳампарсагии додор Ҳурмузди ҳамаогоҳ [расид ва] то даҳ сол андар [миёни] он менуиён ва амшоспандон буд.
Пас аз даҳ сол Зартушт бо мӯъҷиза ва паёмбарӣ аз осмон ба замин ва айвони Виштосп фуруд омад ва шоҳ аз ӯ дин пазируфт
Ва пас аз даҳ сол ба рӯзи хурдод ва моҳи фарвардин (шашуми фарвардин) Зартушт Спитомони пок бо варҷ ва фарраи паёмбарй (вахшварӣ) аз мену (ҷаҳони мисолӣ ва маънавӣ) ба ин гетии астуманд фуруд омад; (нишаста) абар он авранги заррин, [ки] ҳама музайян (ва ороста), равшан чун хуршеду моҳ буд.
Бомдодон аз осмон абар хонаи Кайвиштоспшоҳ фуруд омад. Ҳамаи мардумон ин шигифт ба чашми хеш диданд; ин ки ошкупи16 хонаи Виштосп бибурид17, ки аз авранги заррин [он] менуиманзар, аз он роҳ вай ба пеши тахти Виштосп омад.
Ҳамаи мардумон ва Виштосп шигифтзада буданд, ки Зартушти паёмбар бо варҷ ва фарраи менуӣ аз он авранг ба зер омад ва ба пешгоҳи заррин нишаст. Ва се чиз бо худ дошт; чун ҳар бисту як наски Авесто ва оташи Бурзинмеҳр ва дарахти сарв. Ҳарсеро ба [он] ҷо ниҳод. Ва ин ҳама шигифтиро ба нигоҳи хеш дидам ман, ки Мидюмоҳ ҳастам.
Виштоспшоҳ, чун каш(ки ӯ) ин ҳама варҷ ва фарра ва нерӯ абар дид, пурсид: Кистӣ ва аз куҷо омадӣ? Зартушт гуфт, ки: додори некафзун ба паёмбарӣ абар они ту маро фиристодааст, ки туро роҳнамой бувам ба ростиву покиву порсоӣ ва эътиқоду бовар бигравонам.
Пас оташи сӯзонро бардошт [ва] ба он дасти Виштосп дод ва Виштосп ба дасти Ҷомоспу Исфандиёр ва дигарон дод, ки дасти ҳеҷ касро насӯзонид. Пас он оташро абар он додгоҳ нишонд. Ва коштани он дарахти сарв; онро андар замин кошт.
Чун каш[ки он] боло расид, ва ҳар барге, ки аз шох мерӯид, бар он барг ба фармони Ҳурмузд ба равиши менуӣ навишта буд, ба каломи у вижа, ки: Эй Кайвиштосп, дини виҳро18 бипазир.
Ҳамаи мардумону гиёҳон аз ин шигифт мӯъҷиза ба шигифт омаданд ва оташи Бурзинмеҳри Варҷованд ва пирӯз бидуни ҳеҷ ҳезум ва бӯй ба худии худ сӯзон буд; ва обу хок бар он бекор19 буд.
Аз ин шигифттар мӯъҷиза, ки ба чашм дидам, ин ки Виштоспшоҳ абар дини виҳ бо гумон ва бовар шуд.
Бемор шудани асби Виштоспшоҳ ва дармони шигифти Зартушт
Рӯзе пой ва дасти асби сиёҳи Кайвиштосп андаруни шиками ӯ нопайдо буд. Доноён ва пизишкон чора натавонистанд кард. Ва Зартушт ба сабаби он душмании бадандешону гумроҳон ва суханчинон андар зиндон буд ва чизе нахӯрда буд. Кайвиштосп ба фаросат ва дарёфти азизе донист, ки: ба [сабаби] озурдани ёрони эзадон ин бадӣ ба он [асби] ман расид, ки дасту пои асби ман нопайдо шуд. Чораи он [ба василаи] Зартушти пок аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор