Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа
ОилаҚиссаАдабиёт
Аз аввал хонданСодиқ ин шабро ҳам бо Сафаргул дар баҳри беканори орзуҳои ширин рӯз кард. Пагоҳӣ набераи Мавлавӣ навиштаҷотеро ба ҷониби Содиқ дароз карда гуфт:
- Мувофиқи ҳамин гуфтаҳо аз доруҳо истифода баред. Аз бозор як гӯсфанди барраи нар доштаро харида, ҳар субҳи содиқ бо як каф санои маккӣ ду пиёла шири навдӯшидаи онро мехӯред. Сонӣ вақти хоб як пиёла ширро гармо-гарм менӯшед. Ҳафтае ду маротиба бо ҳамсаратон мехобед. Ин тартибро шаш моҳ давом медиҳед. Тухмҳуҷайраҳо ба воя мерасанд ва пушти камаратон мустаҳкам мешавад. Як гиёҳи доруворӣ ҳаст, бо номи "базбоз", ки дар Ҳиндустон мерӯяд. Онро ба шумо медиҳам, баъди се моҳи табобат, ҳангоми ҷойгаҳхобӣ бо завҷаатон мехӯред. Иншоаллоҳ, бордор хоҳад шуд.
Содиқ ба ҷойи як гӯсфанд се гӯсфанд харид ва табобатро оғоз кард. Бо мадади Холиқи Замину Осмон баъди шаш моҳ Сафаргул ҳомиладор шуд. Аз шодию хурсандӣ Содиқ бо хотири болида ба кор мерафт ва аз кор рост ба назди зани меҳрубонаш бармегашту ин байтро мехонд:
Биё, ки беш маро тоқати ҷудоӣ нест, Раҳо макун, ки маро зи ғам раҳоӣ нест. Дилам бибурдаву гар сар ҷудо кунӣ зи танам, Ба ҷони ту, ки танамро зи сар ҷудоӣ нест.
Хуллас, баъди нӯҳ моҳу нӯҳ рӯзу нӯҳ соат Содиқ ба орзуи чандинсолаи худ расид ва тифле ба олами ҳастӣ омаду исми Орзуро гирифт.
Ишқи поки Содиқу меҳри Орзуҷон ғамҳои Лоиқи қурбоншударо аз қалби Сафаргул дур мекард. Онҳо чун Лайлию Маҷнун зиндагии ширинеро аз сар мегузарониданд. Содиқ Умеди ятимро чун Орзуи ҷигарбандаш дӯст медошт. Соле сипарӣ гардиду Орзуҷон яксола шуд. Дар рӯзи мавлуди ӯ говеро қурбон карда, тӯй доданд.
ФАЛАК ДАР ЧӢ ХАЁЛУ...
Пагоҳ, пеш аз соли нав рӯзи мавлуди Сафаргулро миёни ёру дӯстон ва хешовандон қайд карданӣ буданд. Содиқ баъди нисфирӯзӣ аз кор ҷавоб гирифта, тарафи бозор рафт. Барои хуб гузаронидани мавлуди завҷаи азизу ғамхораш туҳфаю дигар маводи хӯрокаро харида, ба хонааш баргашт. Назди дарвоза мошинро нигоҳ дошт. Садои мошинро ду-се маротиба баланд кард, вале касе дарвозаро ба рӯяш накушод. Ҳайрон шуд. Чӣ хел ҳайрон нашавад, ки баробари ғурриши мошинро шунидан занаш болу пар бароварда, дарвозаро мекушод ва ба пешвозаш омада, ӯро мебӯсид. Дар як лаҳза дар қалбаш гумонҳои гуногун пайдо шуданд, гурги шубҳа қалбашро талаю ғорат мекард. Содиқ аз мошин фуромад, дарвозаро кушод ва мошинро вориди ҳавлӣ кард. Касе дари хонаро накушод. Ӯ ба бори даруни мошин нигарист, хост фурорад, аммо дилаш тоқат накард. Дари хонаро кушода, рост ба ҳуҷраи дарун даромад. Дид, ки Сафаргул болои кати хоб, рӯй ба замин хобасту Умедҷону Орзуҷон дар ду бараш ғамгин нишастаанд. Зан сарашро бо ду даст дошта зор-зор мегирист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор