Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа
Бо шунидани ин сухан бобои Давлат бо ду даст ба сари хеш зада, додгӯён дергоҳ гирист. Сафаргул ҳам зор-зор гириста, дар охир ба тақдир тан дод. Шабона бобои Давлат аз беморхона ғайб зад. Он се тифлро ба ятимхона бурданд. Сафаргул бошад, Умедҷонашро гирифта, ба шаҳри Ваҳдат фирор намуд.
Афтода намози шому ёр аз ман дур, Ман мурғи харобеву баҳор аз ман дур. Ғам чун гузаронам, дили зор аз ман дур, Шаб чун гузарад, сабру қарор аз ман дур.
Аз миён ду сол сипарӣ шуд. Аз бобои Давлату он се тифли бемор касе хабар намеовард. Мардуми шаҳри Ваҳдат аз баъзе гурӯҳҳои авбош тарсу ҳарос доштанд. Бинобар ҳамин аз шаҳри Душанбе тарафи ғарб намерафтанд. Сафаргули бахтгумкарда шабро бо гиряю рӯзро бо ғаму андӯҳи калон, дар хонаи падар мегузаронид.
СУБҲИ ХУШБАХТӢ
Содиқ корманди "Ҳилоли Аҳмар"-и шаҳр буд. Рӯзе дар вақти тақсими ёрии башардӯстона чашмаш ба Сафаргул афтод. Чашмони бодомии оҳунигоҳи ӯ дили Содиқро ба худ кашид. Вай аз никоҳи се зан гузашта, аммо соҳиби фарзанд нашуда буд. Дар орзуи зани кӯдакдор буд, зеро баъди муоинаи тиббӣ духтурон ба ӯ гуфта буданд, ки аз ту фарзанд шудан дар гумон аст. Тухмҳуҷайраҳоят норасиду носолим ҳастанд. Аз пиразане, ки Сафаргулро ҳамроҳӣ мекард, пурсид, ки ин духтар кист. Пиразан ба хотири ёрии башардӯстона шарҳи ҳоли Сафаргулро аз аввал то ба охир ҳикоя карда, дар охир гуфт:
- Содиқҷон, ман худам Сафаргулро ба ту хостгорӣ мекунам.
Пиразан ба аҳдаш вафо кард ва бо розигии Рақибу занаш Сафаргулу Содиқ ақди никоҳ баста, зану шавҳар шуданд. Аз миён як сол гузашт, онҳо интизори фарзанд буданд. Шабе Сафаргул роҳи фарзанддор шуданашро пурра ба Содиқ ҳикоя кард. Содиқ аз нақли занаш гӯё рӯҳу илҳом гирифта бошад, ки аз бистари хоб ҷаҳида, хеста нишаст ва бо ҳаяҷон гуфт: - Охир, ман дар бораи Домуллои Сурхиён ва фарзандонаш – Махдуми Асламҷон, Махдуми Абдулҳақ ва Махдуми Даҳмарда бисёр нақлу ривоятҳоро аз забони падару модарам шунида будам. Онҳо мегуфтанд, ки касе бо чӣ мақсаде, ки ба назди он авлиёи бузург мерафт, ба муроду мақсадаш мерасид. Афсӯс, сад афсӯс, ки Махдуми Асламҷон ва Махдуми Абдулҳақ дар қайди ҳаёт нестанд. Махдуми Даҳмарда бошад, аз сабаби пирию дардмандӣ беморонро қабул намекунад. Хушбахтона, наберааш Муҳаммадрасулро мешиносам. Пагоҳӣ ба назди ӯ рафта, маслиҳат мепурсам.
Содиқ шабро ба ёди фарзанди ширин рӯз карду субҳгоҳон ҷониби коргоҳи набераи Мавлавӣ равон шуд. Бо набераи Мавлавӣ ҳамсуҳбат гардид. Дар рафти суҳбат ӯ гуфт: - Ман бемории шуморо аз рӯйи гуфтаи духтурон муайян кардам. Имшаб дастхатҳои тиббии Мавлавиро варақгардон мекунам, то бифаҳмам, ки он авлиёи бузург ба маризии шумо чӣ даво мефармоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор