Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа
ПОЁНИ ШАБИ СИЁҲ...
Субҳ дамиду пардаи сиёҳи зулмоти шаб дарид. Соатҳои 10-и пагоҳӣ як дастаи калони аскарҳои ҳукуматӣ аз минтақаи Кӯлоб вориди деҳа шуданд. Бӯйи ғализи хуни қурбониён ба атроф паҳн мешуд. Қумандон ҳамроҳи аскаронаш ба хонаи бобои Давлат даромаданд. Ҳодисаро дидан замон қумандон фармон дод, ки деҳаро муҳосира карда, қотилонро дастгир намоянд. Онҳо дари ҳаммомро кушоданд ва ҷасадҳои пур аз хуни дасту пой бастаро бароварда, дар саҳни ҳавлӣ қатор гузоштанд. Ногаҳон садои гиряю нолаи Сафаргул аз болои бом баланд шуд. Аскарон тарафи овоз нигариста, аз болои бом Сафаргули нимҷонро фуроварданд.
Ӯ бо садои хастаю гиряомез гуфт, ки кӯдаконро аз зери ғарами ғӯзапоя наҷот диҳед. Аскарон дарзаҳои ғӯзапояро ба ҳар тараф ҳаво доданд. Маълум шуд, ки аз панҷ тифл се нафарашон нафасгир шуда фавтидаанд. Писари Сафаргул, Умедҷон ва писари Қобил, Нормурод нимҷон, оҳиста-оҳиста нафас мегиранд. Сафаргул болои тифлакони нимҷон афтода талх-талх гирист. Баъд каме ба худ омада, тарафи қумандон рӯй оварда гуфт:
- Акаҷон, он ҳуҷраи дарунро хабар гиред.
Қумандон ҳамроҳи ду нафар сарбоз дохили хонаи дарун гардиданд. Болои гилем духтарчаи даҳсолаеро диданд, ки пуштнокӣ, пою дастонаш ба чор тараф дароз хоб аст. Хуни зиёде рафта, зери пойҳояш шах шуда, сиёҳ гаштааст. Қумандон хам шуда, гӯш ба қафаси синаи духтарчаи ноболиғ монд ва гуфт: - Дилаш кор мекунад.
Ӯро низ рӯйи дастон гирифта, саҳни ҳавлӣ бароварда, болои гилеме хобонд. Пас аз муоинаи тиббӣ маълум гардид, ки чор нафар зан ва се нафар кӯдак ҳалок гардидаанд. Бобои Давлат ва се нафар тифлони нимҷонро ба мошин бор карда, бемористони шаҳри Турсунзода бурданд. Қумандон аз дили пурдард оҳи ҷигарсӯзе кашида, хитоб карда, гуфт: - Гург дар миёни гӯсфандон будаасту мо саҳрою биёбонро мекобем! Ин кирдори ваҳшиёнаро душманони миллати тоҷик содир карда истодаанд! Тоҷиккушӣ бас будагист!
Сафаргул дар беморхона маризонро парасторӣ мекард. Ӯ шукри онро мегуфт, ки писарчаи чорсолааш, Умедҷони талабидагӣ, зинда аст. Аммо аҳволи духтарчаи ноболиғ ниҳоят вазнин буд. Духтурон ҷарроҳӣ гузаронида, пардаи бакоратро дӯхта, ба бемор хун доданд. Ӯ баъд аз як моҳ беҳтар гардид ва хеста, дар болои кат нишаст. Рӯзе як ҳамсояи тоҷики бобои Давлат ба беморхона омаду гуфт: - Ҳамон шаби даҳшат, одамони мусаллаҳ бо ниқоб ба деҳа омада, 45 нафар ҷавонони тоҷикро даст баста, ба мошин бор карданду онҳоро ба канори пахтазоре бурда, қатор монда парронданд ва ҷасадҳои онҳоро дар чуқурие партофтанд. Бо тракторе ба болои ҷасадҳои нимҷон хокро пеш карда, гӯронданд. Аз зери хок садои одамони зиндаю нимҷон меомад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор