Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа
АдабиётОилаҚисса
Аз аввал хондан- Оҳ, саги лаънатӣ, туро шинохтам. Ту Тошқули дузди қиморбоз нестӣ?!
Баробари ин садо ниқобпӯшон лаҳзае карахт шуда, тарафи ҳамдигар нигаристанд. Қотилон акнун донистанд, ки ҳамдеҳагонашон онҳоро аз садою овозашон шинохтаанд. Лекин шинохти ин ваҳшитинатон ба сари заифону тифлони бегуноҳ балои азимеро овард. Барои сиррашон ошкор нашудан бояд шоҳиде аз ин моҷаро набошад. Шоҳидонро нест бояд кард. Онҳо то хаста шуданашон ба номуси ин се зани урён, чун сагони ваҳшӣ, таҷовуз карда, домони поки модари тоҷикро доғдор намуданд. Пас он се занро рӯй ба замин хобонда, дасту пойҳояшонро бастанд ва ба даҳонашон латтапораҳоро тиққонданд. Баъд дар болои онҳо чун маркаб нишастанд. Каме таваққуф карда, бо ҳам машварат намуда, дам гирифтанд, хастагиашонро бароварданд. Сонӣ ба тарафи ҳамдигар маънидорона нигариста, бо забони ғайри тоҷикӣ гуфтанд: "Мурғи сарбурида садо надорад" ва даст ба камар бурданд. Кордҳои чӯпониро аз ғилоф кашиданд. Дар рӯшноии моҳ теғи қотилон дар ҳаво чун чароғ дурахшиду мисли тир ба поён фаромада, ба дилу ҷигари се оҳуи сиёҳчашми ба доми сайёд афтода халид. Онҳо нафас накашида, ба хоби абадӣ рафтанд. Ин зулму ҷафои дунёи дун онҳоро қатори шуҳадои солиҳини Дашти Карбало ҷой дод. Даҳшате, ки воқеъ шуд, дар ҳафтоду ду рагу пайи Сафаргули пинҳоншуда ларзаи шадидеро ба вуҷуд овард, ки зан аз таъсири он беёд шуда, чун мурда миёни ғарами таппакҳо монд.
Қотилон бо мақсади ғайб задан аз ҷойи ҳодиса ҷасадҳоро кашола карда, ба ҳаммоми назди ғарами ғӯзапоя буда бурда, онҳоро чун дарзаи ҳезум болои ҳам гузоштанд ва дари ҳаммомро аз берун маҳкам карданд. Дар охир латтапораеро дар равған тар карда, оташ гиронда, ба тарафи ғарами ғӯзапоя ҳаво доданд ва худ чолокона хонаро тарк карда, ба мошини дар берун истода нишаста, фирор карданд. Пеши чашми ин ваҳшиёнро пардаи хуни ғафлат гирифта буд. Хаёл карданд, ки онҳоро касе надидааст. Ин бехудоён фикру андеша намекарданд, ки ҳар як амали зишти эшонро Худованди ҳозиру нозир назора карда истодааст. Ба замми он, Сафаргули пинҳоншуда шоҳиди ин ҳодисаи нангин буд. Саги бобои Давлат аз тарси ин ваҳшиён даруни ҷӯйбори назди ғарами ғӯзапоя пинҳон шуда, сар болои ду пойи пеш монда, нафас нагирифта, чун мурда хоб мекард. Баъди рафтани қотилон ин ҳайвони безабон бӯйи латтаю равғани сӯхтаро ҳис кард ва сар бардошта, ба чор тараф нигарист. Дид, ки оташ ба ғарами ғӯзапоя наздик шуда истодааст. Бо амри Худо, ки онро қазову тақдир меноманд, саг ҷаҳида, як гӯшаи латтаи оташгирифта дар даҳон тарафи ҷӯй давид ва латта ба об афтода, оташаш хомӯш шуд. Даруни ғарами ғӯзапоя панҷ нафар тифлони бегуноҳ ҷон меканданд. Саг бӯйи хуни шаҳидону ҷонкании тифлаконро ҳис карда, байни ҳавлӣ нишаста, уллоси ҷонкоҳи ваҳмангез мекашид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор