Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа
ОилаҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан- Ҳамсоя, Эргаш, охир ин овози туст?!
Ҳамин вақт ниқобпӯш бо як даст аз даҳони кампир дошта, бо дасти дигараш ба фарқи сари ӯ бо қундоқи камон зад. Кампир ҳам оҳ гуфта, беёд дар бари шавҳараш афтод. Аз даҳони қотил бӯйи ғализу ифлоси арақу нашъа меомад. Ӯ ширамаст буд, аз ҳамин сабаб бо зарбаи задааш қаноат накарда, мӯйҳои сари кампири аз ёд рафтаро як-як канда мегирифту дар охир дар сари кампир ягон мӯй намонд.
Ниқобпӯшон дари ҳавлиро аз дарун кушода, болои сари Лоиқу Қобил халта кашида, онҳоро зада-зада ба мошини панҷарадор бор карданд.
ТАҶОВУЗУ ШИКАНҶА ВА ҚАТЛУ ҒОРАТ
Сафаргул ин вақт аз фурсат истифода бурда, ба воситаи нардбон болои бом баромад ва нардбонро кашида, рӯйи бом гузошту худ даруни ғарами таппакҳо пинҳон шуд. Ӯ аз сӯрохии ғарами таппакҳо ҳавлиро назора мекард. Дид, ки ниқобпӯшон баъди ба мошин бор кардани Лоиқу Қобил каме осуда шуда, ба ҳавлӣ баргаштанд. Кампиру мӯйсафедро кашола карда, ба хонае дароварда, дари хонаро қуфл заданд. Наберагони бобои Давлат, ки шаш нафар буданд, аз тарси ин гургони маст зери кӯрпа дир-дир меларзиданд. Ниқобпӯшон дохили хона гардида, чор нафарашон ба кофтукови сандуқҳо машғул шуда, се нафари дигар дастҳои ду духтари бобои Давлат, Зарринаю Сабзина ва зани Қобил, Робияро баста, онҳоро кунҷи хона нигоҳ медоштанд. Панҷ нафар тифли ноболиғро дасту пой баста, зери дарзаҳои ғӯзапоя, ғанак заданд. Нодираи 10-сола, духтари Қобилро хонаи дигаре дароварда, дарро маҳкам карданд. Дар даҳ халта молу амволи ғанимат афтодаро бароварда, ба мошин бор карданд. Шаб аз нисф гузашта, гӯё аз тарсу даҳшат сар то сари деҳа ба хоби абадии ғафлат рафта буд, ки ҳатто хурӯсе ҷеғ намезад ва саге ҳам аккос намекард. Ситораи Уторид, ки ситораи бадбахтӣ ва ё наҳсаш меноманд, чун моҳ осмонро равшан мекард. Ҳафт нафар сиёҳпӯш аз ин оромии шаб истифода бурда, аз халтае арақ бароварда, ҳар кадоме даҳони шишаеро кушода, аз онҳо рост истода, менӯшиданд. Маст буданд, боз ҳам масту гурги ваҳшӣ гаштанд, ки ба рамаи гӯсфандон бо даҳони кушода ҳамла карда, бо дандонҳои ханҷармонандашон мешу баррачаҳои ширбозро медаронданд. Се нафар зан – Зарринаю Сабзина ва Робияро кашолакунон ба саҳни ҳавлӣ бароварданд. Ҳар якеро дар пояи чайлоби ток рост бастанд ва либосҳояшонро кашида, онҳоро лучи модарзод карданд. Дар рӯшноии моҳи шаби чаҳордаҳ бадани сап-сафеди булӯрини онҳо ниҳоят зебо менамуд. Ин зебоӣ шаҳвати ваҳшиёнро ба ҷунбиш овард. Ду ниқобпӯш ба як зан даровехтанд. Онҳо чун хару саг аз пешу қафо ба номуси занҳо таҷовуз мекарданд. Аз ҳафтнафарон як нафарашон бе сайд монда буд. Ӯ пас аз каме таваққуф тарафи хона давид. Баъди ду-се дақиқа овози нолаи тифли ноболиғ, Нодира баланд шуд. Ӯ дергоҳ доду фарёд кард ва оҳиста-оҳиста овоз паст шуду хомӯш гашт. Маълум буд, ки ин гурги хунхор пардаи исмат, бахту саодати тифли ноболиғро барбод дода, ӯро маҷрӯҳу маслуқ гардондааст. Ин манзараҳои ҳузнангезтарини дунёи дунро Сафаргул аз болои бом назора мекард ва аз тарсу даҳшат карахт шуда, гунгу кар гардида буд. Дар вақти мубориза баҳри ҳифзи номус ногаҳон Сабзина дод зад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор