Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа
Бедор шав, билло, ки ҷаҳон ҷойи хоб нест, Эмин дар ин хароба нишастан савоб нест. Аз хуфтагони хок чӣ пурсӣ, ки ҳол чист? З-он хоби хуш, ки ҳеҷ касро ҷавоб нест...
Амир Хусрави Деҳлавӣ
ФОҶИАИ ТОҶИК
Ҳеҷ кас аз боғи даҳр бӯйи вафое надид, Дар ҳама бӯстони хок меҳргиёҳе надид. Ҳамсафаронро хирад бехт ба ғалбери сидқ, Дар дили вайронашон ганҷи вафое надид...
Амир Хусрав
Аз соли 1990 сар карда, нооромиҳо дар сар то сари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳарчи бештар авҷ мегирифт. Гоҳе дар Қафқозу ҷумҳуриҳои назди Балтик, гоҳе дар шаҳрҳои калони Русияву ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ гирдиҳамоиҳои бардавом сар мезаданд. Моҳи феврали соли 1990 нахустин гирдиҳамоии сиёсӣ дар назди Кохи Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон баргузор гардид.
Соли 1992 бошад, нишонаҳои ҷанги шаҳрвандии бародаркуш пайдо шудан гирифтанд. Ин ҷанги бемаънии тоҷиккуш рӯз то рӯз домони хунини хешро васеъ менамуд. Душманони миллати куҳанбунёду ориёнажоди тоҷик дар хориҷу дохили кишвар нақшаи маҳви ин миллати ғаюрро тарҳрезӣ карда буданд. Аҳриманзодагони кинахоҳ ин нақшаи сиёҳро дар давраи Инқилоби Октябр низ моҳирона истифода бурда буданд, ки дар натиҷа шаҳрҳои калони тоҷикнишин аз харитаи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун монданд. Зиёиёни бедорфикри тоҷикро, ки чароғи маърифати ин миллат буданд, ваҳшиёна, бо роҳҳои гуногун ба қатл расонданд. Ин шайтонҳои қадимаи миллати тоҷик ду бародари ҳамхунро бо дастони худашон қатл менамуданд. Онҳо хонаҳои ҳамдигарро оташ зада, молу амволро ба ғорат мебурданд, ваҳшиёна ба номуси занону духтарон таҷовуз мекарданд. Ин ниятҳои ваҳшиёнаро ба воситаи гурӯҳҳои дуздону ҳаннотон, қотилону нашъамандон ба иҷро мерасонданд.
Дар оташи ин ҷанги хонумонсӯз шаҳру деҳаҳои атрофи Регар ҳам месӯхт. Шабонгоҳ ҳафт нафар шахси ниқобпӯш аз болои девор ҷаҳида, вориди ҳавлии бобои Давлат шуданд. Лоиқу бародараш Қобилро аз бистари гарму нарм хезонда, дастонашонро ба пушт бастанд. Бобои Давлату занаш пеши пойи қотилони номаълум ба зону афтода гиряву зорӣ карданд, то ки ҷигарбандонашонро раҳо кунанд. Онҳо гуноҳе надоранд. Ниқобдори сиёҳпӯше бо тамоми қувва қундоқи автоматро ба сари пирамард зад. Ӯ оҳ гуфта ба замин афтод ва аз бинию даҳонаш хуни сурхи ялаққосӣ равон шуд. Кампири Дилором – зани бобои Давлат ин манзараро дида, чи кор карданашро намедонист ва яку якбора хам шуда, аз зонуи ниқобпӯш, чун гурбаи ба чанголи саг афтода, сахт газид. Аз дарди ҷонкоҳ ӯ беихтиёр овоз бароварда гуфт:
- Оҳ, модасаги газанда!
Ин овоз ба кампир шинос намуд. Дар ин сухан оҳангҳои туркию тоҷикӣ бо ҳам омезиш ёфта буд. Кампир ин гурги шабравро аниқ шинохт ва дандонҳояшро аз пойи ӯ раҳо карда, гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор