Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа
Имрӯз маро ғайри парешонӣ нест, В-аз мушкили ман умеди осонӣ нест. Ғам кушт марову кас ба додам нарасид, Биллоҳ, дар ин шаҳр мусулмонӣ нест.
Дар ҳақиқат, зиндагонӣ дар Регар барои ӯ ба ҳаёте дар кунҷи зиндон табдил шуд. Аксарияти ҳамсояҳо ӯзбекзабон буданду бо забони шаҳдбори тоҷикӣ-форсӣ ҳарф намезаданд. Баъд аз як моҳи зиндагонӣ маротибаи дуюм бо дили нохоҳам ба тақдири рӯзи азал тан доду пайкари булӯрини худро таслими Лоиқ кард. Шавҳар дар шабистони боғи Ирами Сафаргули гулбадан сайругашт карда, аз меваҳои шаҳдбораш чашида, лаззат бурд. Ӯ ин хел ширину гуворояшро бори аввал медид, гарчанде сари чандин занҳоро об гирифта буд.
Вай аз хурсандию шодӣ Саъдивор мегуфт:
Имрӯз муборак аст фолам, К-афтид назар бар он ҷамолам. Хоб аст магар, ки менамояд, Ё ишва ҳамедиҳад хаёлам? Имрӯз бидидам он чӣ дил хост, Дид он чӣ нахост бадсиголам!
Охир Лоиқ чаро шоду хурсанд набошад? Ӯ 18 сол аз Сафаргул калон аст ва пеш аз вай бо ду зани дигар дар никоҳ будааст. Аз 15 соли зиндагии якҷоя бо ин занҳо соҳиби фарзанд нашуд. Дар охир аз онҳо ҷудо гардид. Сафаргул баъди зиндагонии шашмоҳа аз сирру асрори Лоиқи бисёрникоҳаи безурёт огоҳӣ ёфт. Дунёи равшан дар як мижа задан пеши чашмонаш тираю торик гардид. Ӯ бо ду даст рӯяшро мепӯшиду мушти маломат ба сар мезад ва нолаи ҷонгудоз аз дилу ҷигари сӯзон кашида, талх-талх мегирист.
Сустии дил шуд фузуну хоб кам, Сӯзиши чашму дили пурдарду ғам.
Зиндагии ноҳамвор се сол давом кард, аммо онҳо соҳиби фарзанд нашуданд. Барои соҳиби тифле шудан хеле азият кашида, назди духтуру табиб, фолбину мулло рафта, сарвати зиёде харҷ карданд. Ғами бенаслию ёри номувофиқ Сафаргули зебою хандонро харобу лоғар ва ранҷур сохта буд. Падари Лоиқ дар маҳфиле мартабаю мақом ва каромоти ҳазрати Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ, яъне Домуллои Сурхиёнро шунида, аз он назди писару келинаш ҳикоя мекунад.
Сафаргулу Лоиқ бо орзую умед роҳи шаҳри Ваҳдатро пеш гирифта, ба зиёрати оромгоҳи Мавлавӣ, деҳаи Сурхиён мераванд. Сафаргул дар назди оромгоҳ рӯҳи поки Мавлавиро ёд кардаву ба даргоҳи Худованди ҳозиру нозир муноҷот намуда, аз номи шайхи бузурги Шероз гирён-гирён мегӯяд:
Дил баргирифтӣ аз барам, эй дӯст, даст гир, К-аз даст меравад сарам, эй дӯст, даст гир. Шарт аст дастгирии дармондагону ман Ҳар рӯз нотавонтарам, эй дӯст, даст гир.
Бо амри Худованди мушкилкушо баъди як сол онҳо соҳиби писар шуданд ва тифли навзодро Умедҷон номгузорӣ карданд. Зиндагии беранги онҳо рангин шуд ва ҷабини нокушодаи Сафаргул гул карду табассумҳои ширин дар лабонаш ҳувайдо гардид. Бо баракати тифли навзод меҳру муҳаббати Лоиқи калонсол дар дили сарду хомӯши Сафаргул ба худ маскане пайдо кардан гирифт. Онҳо хушбахтиро эҳсос карда, зиндагии ширинеро аз сар мегузарониданд. Тифлро бобою бибияш чун гавҳараки чашм тарбият намуда, аз меҳру муҳаббати саршор ӯро парастиш мекарданд. Чӣ тавр гузаштани вақтро надониста монданд. Умедҷон 3-сола шуд. Сафаргулу Лоиқ чун Лайлию Маҷнун шабҳоро бо орзуҳои ширин рӯз мекарданд ва ба тӯйи хатнаи писарашон тайёрӣ медиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор