Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа
ОилаҚиссаАдабиёт
Аз аввал хонданВаъдаи аҳли карам ганҷи равон, Ваъдаи ноаҳл шуд ранҷи равон.
Пас аз интизориҳои тӯлонӣ рӯзе баъди адои намози шом дари хонаи Рақибро касе кӯфт.
Сафаргул дарро кушод ва дар беруни дарвоза марди сурхинамӯю занеро дар паноҳи фаранҷӣ дид. Пас аз салому алейк марди сурхинамӯй гуфт:
- Рақиб дар хона ҳаст?
Сафаргул ба саволи меҳмон ҷавоб нагардонда, баргашт ва назди падар омада гуфт: - Падар, як марду як зан дар таги дарвоза шуморо мепурсанд.
Рақиб савол кард: - Чӣ хел марду зан?
Сафаргул гуфт: - Мард монанди урус, суп-сурх аст.
Рақиб каме фикр карда, хурсанд шуд ва аз ҷояш ҷаҳида хеста гуфт: - Оҳ, Давлат аз Регар хостгорӣ омадааст. Ман ба ӯ таъйин карда будам.
Ӯ меҳмонро байни ҳавлӣ пешвоз гирифт ва ба меҳмонхона даъват кард. Посе аз шаб гузашта бошад ҳам, суҳбати ёрони дерин хотима намеёфт. Дар охир Давлати регарӣ оҳанги гуфторашро нарму дилчасптар карда гуфт: - Ҳамшаҳрии ҷун, Рақиб, ману келинат бо умеде ба даргоҳат қадам ранҷа кардем.
Рақибу занаш гӯё дар интизори ин суханон бошанд, ки якбора ҳарду гуфтанд: - Гап занед, шайтон ноумед, иншоаллоҳ, шумо ба орзуятон мерасед!
Аз ин суханони соҳибони хона меҳмонон рӯҳу илҳом гирифтанд. Давлат ба тарафи занаш нигоҳи маънидоронае карда гуфт: - Дӯстам, Рақиб, мову шумо умри ҷавониамонро дар кӯҳистон гузаронида, бо ҳамдигар унс гирифтаем. Гарчанде бо амри тақдир, баъди муҳоҷирати кӯҳистон, аз ҳамдигар ҷудо шуда бошем ҳам, қалбҳоямон қарин аст. Аз ҳамин сабаб ману келинат ба хулосае омадем, ки писари ман, Лоиқҷонро оиладор кунему аз Сафаргул беҳтар ва арзандатар номзадро барои Лоиқҷонамон дигар намеёбем. Чӣ мешуд, ки Лоиқҷони моро ба фарзандӣ қабул мекардед?
Бе машварат бо Сафаргул ва бе ягон фикру андеша, ки Лоиқҷон кист ва чандсола аст, Рақибу Ҳиҷрон аз ҷояшон ҷаҳида хеста, ду даст пеши бар таъзим карда, тӯтивор гуфтанд: - Хуш омадед, нури дида, тоҷи сар! Мо Лоиқҷонро ба фарзандӣ қабул кардем.
Меҳмонон аз ҷой бархеста, бо арзи эҳтиром таъзим карда гуфтанд: - Ташаккур, садҳо ташаккур! Медонистем, ки моро ноумед намекунед.
Шаб аз нисф гузашта буд. Дӯстон маслиҳати тӯйро карда, рӯзи баргузории онро низ муайян намуданд.
Пагоҳӣ Сафаргул аз мақсади ташриф овардани меҳмонон хабардор шуд. Дар назди волидон бо норозигӣ гиряю зорӣ кард, мӯю рӯй канд, аммо ба дили сангини онҳо таъсире набахшид. Баъди азобу ғуссахӯриҳои якҳафтаина ба тақдир тан дода, ором шуд. Тӯй дар иҳотаи хешону ёру дӯст гузашт. Сафаргул нахустин маротиба зери чодари арӯсӣ ба дидори Лоиқ комёб гардид. Ба симою қаду қомати ӯ бо диққат назар карду дилаш таҳ кашид. Охир ҷавонони зебои хушқаду қомати шаҳри Ваҳдат ошиқи шайдои ӯ буданд. Чаро насиби яке аз онҳо нагашт? Маҳалгароию хурофотпарастии волидони бефарҳангаш пеши назараш ҷилвагар шуду беихтиёр ин рубоии ҷонгудози Ҳилолии бузургро аз дил гузаронда, дергоҳ гирист:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор