Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа
Баъди ду рӯз наҷотдиҳандагон аз қаъри дарё ҷасадҳои дар оғӯши ҳамдигар печидаи Талбаку Нокомаро бароварданд. Онҳо кайҳо ба висоли ҳамдигар расида, ҷонҳои азизи худро ба даргоҳи Ҷонофарин супорида буданд.
Рӯзи ҳиҷрону шаби фурқати ёр охир шуд, Задам ин фолу гузашт ахтару кор охир шуд. Он ҳама нозу танаъум, ки хазон мефармуд, Оқибат дар қадами боди баҳор охир шуд... Боварам нест зи бадаҳдии айём ҳанӯз, Қиссаи ғусса, ки дар давлати ёр охир шуд...
Хоҷа Ҳофиз
Ин аст "мева"-е аз ҷанги шаҳрвандӣ. Худовандо, кохи афрохтаи сулҳу ваҳдати тоҷиконро нигоҳ дор ва чашми бади душманони ҳасуди дохиливу хориҷии миллати тоҷикро кӯр гардон. Ин қиссаи таърихӣ дарси ибратест барои ҳар як хонандаи ин китоб. Оташи сӯзони аждаҳои ҷанг даҳҳо ошиқони зорро, чун Талбаку Нокома, ба коми хеш кашида, сӯзонда, хокистар кард, ки то ба имрӯз аз гӯри ин ошиқон садои оҳу нола меояд ва аз хуни дилашон лолаҳо мерӯянд.
Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд, Ё тан расад ба ҷонон, ё ҷон зи тан барояд. Бикшой турбатамро баъд аз вафову бингар, К-аз оташи дарунам дуд аз кафан барояд...
Хоҷа Ҳофиз
ЗАНЕ ДАР НИКОҲИ ДУ МАРД
(ҳикояи воқеӣ)
ФАРЗАНД ДИЛҲОРО ВАСЛ КАРД
Сина хоҳам шарҳа-шарҳа аз фироқ, То бигӯям шарҳи дарди иштиёқ...
Ҷалолиддини Балхӣ
Сафаргул бо қаду қомати мавзуну расо, абрувони борики думи мору чашмони турконаи сип-сиёҳ ва овозу нигоҳи ҷозибаноки форами дилнишинаш дар миёни шарикдарсону омӯзгорони мактаб маҳбубияти хосе пайдо карда буд.
Ӯ бо маҳорати фавқултабииаш дар озмуни "Ғунчаҳои санъат", ки байни мактаббачагони ҳунарманди мактабҳои шаҳри Ваҳдат баргузор гардида буд, сазовори ҷойи аввал гардид. Ба даври дуюми озмун, ки дар шаҳри Душанбе барпо мегардид, роҳхат гирифт. Вале шодию хурсандиаш дер давом накард, зеро ки ба решаи ниҳолаки орзуҳои ширинаш волидони аз илму маърифат дураш, акои Рақибу занаш холаи Ҳиҷрон, намакоб рехтанд. Баҳона он буд, ки онҳо таънасори мардум нагарданд.
Кӯшишу илтимосҳои омӯзгорону кормандони ҳукумати шаҳр ба ин кӯрдилон асаре накард. Волидон садди роҳи Сафаргул гардиданд ва ниҳолаки орзуҳои ширинаш аз ғаму андӯҳи зиёд хушк гардид. Ӯ бо табъи хираю ранги заъфарон хонанишин шуда монд. Ҷавононе, ки шайдою мафтуни овозу маҳорат ва симою сурати зебои Сафаргул буданд, пайваста ба хонаи Рақиб хостгор мефиристоданд. Рақиб, ки як фарди маҳалгарои якраве буд, хоҳиши хостгоронро рад карда, мегуфт, ки мо, мардуми кӯҳистон, духтаронамонро ба ҳамшаҳриҳои худамон медиҳем, ба ҳисорию кӯлобиҳо намедиҳем. Ин одам бузургиро на дар миллату ватандорӣ, балки дар деҳаю маҳалли кӯчаки худаш медид. Ҳамин ноаҳлию гапнодароии волидон сабаб шуд, ки аз миён ду сол гузашту касе барои хостгорӣ ба хонаи онҳо пой пеш намонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор