Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа
ОилаҚиссаАдабиёт
Аз аввал хонданДар роҳ Нокома бо азобе лабони ширешшудаашро кушода, аввал ба Талбак ва баъд ба ронанда илтиҷоомез муроҷиат кард:
- Илтимос, дилам беҷо, сарам чарх зада истодааст, маро ба лаби дарёи каб-кабуд баред.
Ронанда ба рангу рӯйи заъфарони духтар нигариста, роҳи Варзобро пеш гирифт. Мошин дар канори роҳ қарор гирифт. Дари он кушода шуд. Бӯйи муаттари гулу гиёҳҳои баҳорӣ ба машом мерасид, аз вазиши боди форам ва садои дарёю нағмаи паррандагон гӯё гулҳои лолаю наврӯзӣ, ҳолмону кокутию ҷамилак ба рақс омада буданд. Ин манзара биҳиштро мемонд. Нокома хост аз мошин фарояд, аммо аз беқувватӣ натавонист. Талбак аз ӯ пурсид: - Нокома, ба куҷо меравӣ?
- Дасту рӯям ифлос ва нопок аст, чӣ хел бо ин ҳол ба хонаи хеши шумо меравам? Шумо замоне ин ҷо истед, ман дасту рӯямро шуста, пок карда, баъд меравем.
Талбак бори аввал аз дастони маҳину булӯрини Нокома дошт. Гӯё ӯро барқ зада буд, ки каме дар ҷояш шах шуда монд ва баъд ҳаловати гуворою ширинеро дар қалбаш ҳис кард. Қалби мурда, ишқи мурдааш аз нав зинда шуд. Ба дил мегуфт: дигар ба деҳа намеравем, то ки таънасори ҳамдеҳагон нашавем. Ҳарчи бодо бод, ба амри қазову қадар, ба сарнавишти рӯзи азал тан бояд дод. Ӯ гуноҳе надорад, танҳо қурбони ноадолатиҳои давру замон гардидааст. Дар як мижа задан хаёлҳою орзуҳои дерину ширини Талбак осмонҳою заминро давр зада омад. Бо ёрии Талбак Нокома аз мошин фуромад ва ба тарафи дарё равон шуд. Талбак ҳам хост аз дунболаш равад. Нокома ин ҳолатро ҳис кард ва ба ӯ рӯ оварда гуфт: - Шумо ин ҷо истед, ман кори зарур дорам.
Ин вазъиятро дида, ронанда гуфт: - Бародар, вай зан аст, ягон ҳоҷат дорад, истед.
Нокома оҳиста-оҳиста хиромида, ба тарафи дарё мерафт. Талбак чашмашро аз қаду қомати зебою мавзуни ӯ намеканд. Дилаш таҳ мекашид, ишқаш дучандон мегашт. Ҳозир буд, ки қурбони номзаду дилдодаи нокомаш шавад. Нокома дар паси дарахту буттаҳои канори дарё паноҳ шуд ва аз чашми Талбак ғоиб гардид. Аз миён даҳ дақиқа сипарӣ шуда бошад ҳам, ӯ пас намеомад. Интизорӣ Талбакро беқарор мекард, ҳар хел гумонҳои бад ба хаёлаш мезад. Дар охир косаи сабраш лабрез шуд ва оҳиста-оҳиста қадам монда, ба самте, ки Нокома он ҷо паноҳ шуда буд, равона гардид. Дар лаби дарё рӯймоли арғувонии Нокома дар шохи дарахте банд шуда, чун парчами сурх аз вазиши шамоли дарёи пуртуғёни фасли баҳорон алвонҷ мехӯрд. Бо ҳарос ба чор тараф нигарист, касе наменамуд. "Нокома! Нокома!" гӯён наъра кашид. Дар он соҳили дарё кӯдаке бузу бузғолаҳояшро мечаронид. Фарёд карда гуфт: - Поёнтар-поёнтар, тезтар-тезтар равед!
Талбак болои харсанги калоне баромада, ба поён нигарист. Дид, ки пероҳани гулобии Нокома дар миёни ду харсанги калон, ки шаршараи азимеро ба вуҷуд овардааст, намоён аст. Тоқат накарда, бо либосҳояш худро ба об ҳаво дод. Ба тарафи шаршара ҳаракат кард. Шаршара ӯро дар оғӯши хеш гирифт, ба Нокомаи дар харсанг дармонда наздик шудан замон бо ду даст ӯро маҳкам дошт. Дастони Талбак дар миёни Нокома печида, қуфл шуданд. Талбак дигар дасту пой зада наметавонист. Вазн зиёд шуд, пероҳани дар харсанг дармонда канда шуд. Ҳарду аз шаршара хато хӯрда, ба қаъри дарё, болои тобасанги азиме афтоданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор