Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа
Ҳар рӯз дилам ба зери боре дигар аст, Дар дидаи ман чӣ ҳаҷр, хоре дигар аст. Ман ҷаҳд ҳамекунам, қазо мегӯяд: "Берун зи кифояти ту коре дигар аст!".
Дар андоми ҳарду ларзаи ногаҳонӣ афтод, забонҳо лол гашта буд. Ашки сӯзон дар косаи чашмони ҳарду давр зада, ба бари рухсорашон ҷорӣ шуда, ба пероҳанашон мечакид. Ҳамшираи шафқату духтур аз ин тавр ранг гирифтани вохӯрии беморонашон ҳайрон шуда, сокит меистоданд. Хомӯшӣ панҷ-шаш дақиқа давом кард. Дар охир садо баромаду духтар рӯяшро бо рӯймоли дасташ пӯшонда, зор-зор гирист. Ҷавон аз ҷигари бирёну қалби сӯзон наъра кашида, гирён-гирён мегуфт:
- Оҳ, Нокома, ин ту будӣ, ки дар зери хаймаи хукони ҳароми хунхор гиряву зорӣ карда, имдод металабидӣ?! Чаро, чаро ман ба додат нарасидам?! Дод аз дасти фалаки каҷрафтор, сад доду бедод аз бахти баргашта!
Нокома бо овози ларзони хаста гирён-гирён гуфт: - Талбакҷон, ҳоҷат ба баён нест, зеро ки ин ҳодиса ҳамааш дар пеши чашмони шумо рӯй дод, худ гувоҳу шоҳиди ин нокомии ман ҳастед. Ман бо ин тани нопок, бо ин номуси бойдода лоиқи шумо нестам. Шуморо хушбахт карда наметавонам ва ин дунёи равшанро тарк кардан авлотар аст. Охир маро беномус карданд, бахтамро сӯхтанд. Чӣ тавр мани паррандаи болу парсӯхта боз ба деҳа баргардам? Чӣ тавр ба чашмони шумо, падару модар ва аҳли деҳаам нигоҳ кунам? Ман лоиқи шумо нестам.
Ин вохӯрии тақдирсӯз як соат давом кард. Духтури дилсӯз мошини ёрии таъҷилиро даъват карда, ду бемори бахтгумкардаро савор карда, гуфт: - Талбакҷон, Нокомаҷон, шумо хушбахт мешавед. Мошин шуморо то кӯчаи "Бухоро" мебарад. Суроғаи шуморо медонам. Баъд аз ду рӯз ман, албатта, шуморо хабар мегирам ва дар тӯятон ҳам иштирок мекунам.
Мошин ба роҳ баромад. Дар даруни мошини ёрии таъҷилӣ, қалби сӯзони пур аз дарду ғами ҳиҷрони ду номзад, ду дилдодаи ноком якранг, тез-тез метапид. Рӯ ба рӯйи ҳамдигар нишаста, бо чашмони пур аз ашк, бо сад орзую ҳасрати дар қалби ҷавонӣ солҳо парварда сӯйи ҳам менигаристанд. Мехостанд гап зананд, лекин дарду ғам лабҳояшонро чунон ширеш карда буд, ки кушода намешуданд. Онҳо бо нигоҳҳои дилрешкунанда, гӯё розу ниёзи ҳамдигарро мефаҳмиданд. Ҳазрати Хоҷа Ҳофизи бузургвор ин ғазалро гӯё дар васфи ин ду нокоми бахтбаргашта гуфта бошад:
Сина моломоли дард аст, эй дареғо, марҳаме, Дил зи танҳоӣ ба ҷон омад, Худоё, ҳамдаме. Чашми осоиш кӣ дорад аз сипеҳри тезрав, Соқиё, ҷоме ба ман деҳ, то биёсоям даме. Зиракеро гуфтам: "Ин аҳвол бин!", хандиду гуфт: "Саъб* рӯзе, булъаҷаб коре, парешон оламе!". Сӯхтам дар чоҳи сабр аз баҳри он шамъи чигил, Шоҳи туркон фориғ аст аз ҳоли мо, ку Рустаме? Дар тариқи ишқбозӣ амну осоиш балост, Пеш бар он дил, ки бо дарди ту хоҳад марҳаме!... Одамӣ дар олами хокӣ намеояд ба даст, Оламе дигар бибояд сохт в-аз нав одаме...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор