Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа
ҚиссаАдабиётОила
Аз аввал хонданРӯзе Ғафур Муҳсинович ба духтар рӯй оварда, гуфт:
- Вазъияти кишвар хеле бад аст. Ҷанги шаҳрвандӣ дар авҷ мебошад, аз ҳамин сабаб падару модар ва хешовандони шумо ба шаҳр омада наметавонанд, аз аҳволатон ҳам хабардор нестанд. Ҳамон ҷавони маҷрӯҳе, ки ҳамроҳат оварда буданд, ба ту хун дод ва сабаби зинда мондани ту гардид.
Духтар ҳам ҳайрон шуда гуфт: - Кадом ҷавон?
Духтури оқил ба зудӣ фаҳмид ва гуфт: - Ҳақиқатан дар ёд надорӣ. Туро ҳамроҳи ҷавоне оварда буданд. Хуни ту зиёд талаф шуда буд. Ӯ тез шифо ёфт ва ба ту хун дод. Сабаби зинда монданат низ ӯ мебошад. Пас аз се рӯз туро ҷавоб медиҳам, ба он ҷавон миннатдорӣ изҳор бикун. Агар ту ягон хеш дар шаҳр дошта бошӣ, ҳамин ҷо бимон, зеро ки дар атрофи деҳаҳои шумо ҷанги шаҳрвандӣ рафта истодааст, ки басо ба ҷони шумо хатар дорад.
Духтар гирён шуда, гуфт: - Ман дар шаҳр касеро намешиносам.
Духтур гуфт: - Ҳамон ҷавони ҳамроҳат овардашуда дар кӯчаи "Бухоро" хеши дуре доштааст. Ман бо ӯ гапзанон мекунам. Шумо якчанд ҳафта он ҷо монед, тинҷӣ ва сулҳу амонӣ ки шуд, пас ба зодгоҳатон меравед.
Духтар каме фикр карда, гуфт: - Он ҷавон ягон одами бад набошад?
Духтур каме табассум карда, гуфт: - Бале, бале, "моргазида аз ало арғамчин метарсад". Не, он ҷавон агар одами бад мебуд, худаш бемор, боз ба ту хун намедод. Ту дар назди он ҷавон қарздор ҳастӣ. Омода бишав, пас аз се рӯз шуморо ҷавоб медиҳам. Бо он ҷавон ҳам маслиҳат мекунам. Ӯ туро соғу саломат ба назди волидайнат ва ба зодгоҳат бурда мерасонад.
ВОХӮРИИ ТАҚДИРСӮЗ
Аз миён се рӯз сипарӣ шуд. Ҳамшираи шафқат ба ҳуҷраи Талбак ворид шуда, гуфт: - Ҷавони бемор, тайёр шудед? Аз паси ман биёед, духтур дар дафтари кориаш шуморо мунтазир аст.
Талбак аз дунболи ҳамшираи шафқат иҷозат пурсида, вориди дафтари кории духтур шуд. Дар назди мизи кории духтур духтари мавзунқомате, рӯй ҷониби тиреза рост меистод. Духтур ба духтар рӯй оварда, гуфт: - Нокома, ҳамроҳи ҳамин ҷавон меравӣ, ӯ туро соғу саломат ба назди падару модарат бурда мерасонад. Ҳушёр бош, ки вазъият дар кишвар ноором аст. Хавфу хатар дар ин шабонарӯз ҳар як касро интизор аст.
Пас аз шунидани номи ошно, номе, ки тақдири ояндаи Талбак ба ӯ вобастагӣ дорад, ҷавон сахт такон хӯрд. Беихтиёр нидои "Нокома, Нокома" ду-се маротиба аз забони Талбак баланд-баланд садо дод. Ҳамшираи шафқат бо тааҷҷуб ба Талбак нигарист. Бо ин ҳолати кор духтур ҳам хавотиромез гуфт: - Ҳа, Талбак, тинҷӣ-мӣ, чӣ шудааст? Дар баробари баланд садо додани номи Талбак духтар "Талбак, Талбак" гӯён ба ҷавон нигарист. Ҳарду карахт шуда, мизро дошта, бо азобе, мижа назада, ба ҳамдигар дуру дароз чашм дӯхта, рост меистоданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор