Зеҳн
Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа

ОилаҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Сарбози дигар хиргоҳро аз назар мегузаронид, ӯ хаймаи охиринро кушода, дод зад:

  • Тезтар биёед, ин ҷо қурбонии дигаре хобидааст.
    Духтурон ба тарафи хайма давида, дохили он гардидан замон ба ақиб баргашта, гуфтанд:
  • Илтимос, сарбозон, шумо наздик нашавед. Ин қурбонӣ зани бараҳнаи чормех карда, дар хоку хун оғӯшта мурда аст.
    Баъд аз 15 дақиқаи муоина ҷасадро дар матои сафеде печонда, дуртар аз Талбак хобонданд. Духтури калонсол, ки зан буд, ба қумандон рӯй оварда, оҳиста гуфт:
  • Ин мурда духтари 16-17-солаи бокира аст. Ваҳшиён таҷовуз ба номусаш кардаанд. Ӯ барои муҳофизати номуси худ басо ҷонбозиҳо кардааст, аз ҳамин сабаб ӯро ба ин ҳоли зор афкандаанд.
    Чархбол роҳи Душанберо пеш гирифт. Духтур ба шаклу андоми духтарак беист назора мекард ва қалбаш аз ҳоли зори ин паричеҳраи оғӯштаи хоку хун реш-реш мешуд. Ногаҳон сурхие дар рухсори заъфарони духтар пайдо шуд. Духтур набзи ӯро дошта, садои қалби ӯро гӯш кард ва дар чеҳрааш хушҳолие пайдо шуда, бо ҳаяҷони ногаҳонӣ гуфт:
  • Қалбаш ба кор даромада истодааст, зинда мешавад. Шукри Худованди мушкилкушо, ин қудрати Худо аст. Охир ин мурда буд.
    Ду ҷасади нимҷонро дар ду ҳуҷраи бемориҳои вазнини беморхонаи №5 шаҳраки тиббии назди Донишгоҳи тиббӣ ҷой карда, аз пайи муолиҷаашон шуданд.
    "МУРДАҲО" ЗИНДА ШУДАНД
    Эй ғоиб аз назар, ба Худо месупорамат, Ҷонам бисӯхтиву ба дил дӯст дорамат. То домани кафан накашам зери пойи хок, Бовар макун, ки даст зи домон бидорамат... Хунам бирехт в-аз ғами ишқам халос дод, Миннатпазири ғамзаи ханҷаргузорамат. Мегиряму муродам аз ин сели ашкбор, Тухми муҳаббат аст, ки дар дил бикорамат...
    Хоҷа Ҳофиз
    Муборизаи марг ва ҳаёт даҳ рӯз давом кард. Табиби кордон Ғафур Муҳсинович ва шогирдаш Мухтор Маъруфович ҳарду маҷрӯҳро аз 7 то 15 амалиёти хурди ҷарроҳӣ (микрохирургия) гузарониданд. Талбак аз се узваш захм бардошта буд, бо тезӣ шифо ёфт. Аммо маҷрӯҳи дуюм, ки зан буд, хеле хун талаф дода буд ва ба худ намеомад. Ба ӯ хуни дараҷаи дуюм лозим шуд ва он ба зудӣ пайдо нагардид. Ғафур Муҳсинович ба Талбак муроҷиат карда гуфт:
  • Ба ҳамон маҷрӯҳ, духтаре, ки ҳамроҳат оварда буданд, хуни дараҷаи дуюм лозим шудааст, мо хуни дараҷаи дуюм пайдо карда натавонистем. Хуни шумо бо хуни он духтар як хел мебошад. Ӯ ба шумо ягон хешу таборӣ дорад?
    Талбак ҳайрон шуда, пурсид:
  • Муҳтарам духтур, шумо кадом духтарро дар назар доред?
    Ғафур Муҳсинович бо ақли расою таҷрибаи табибиаш акнун эҳсос кард, ки ин ҷавон дар ҳолати вазнин ба беморхона оварда шуда буд. Шояд он духтарро ҳам надонад. Дар ҳақиқат он духтарро ӯ надида буд ва кӣ будани ӯро ҳам намедонист. Талбак ризо шуд ва ба он бемори вазнин 250 грамм хун дод. Саломатии духтар ҳам хуб шуд.
пешина
аз 78
навбатӣ