Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа
ОилаҚиссаАдабиёт
Аз аввал хонданСадои хашмолуди ниқобпӯше дуою муноҷот ва риштаи тахайюлоти Талбакро яку якбора барканд, ки мегуфт:
- Эй бахтгумкарда, ба ту ним соат вақт, ана, ин белро бигиру хонаи домодиятро бошитоб бикан! Туро бо ин зани мурда дар ин хона тӯй мекунем! Гӯрро калонтар бикан, ки ҳарду оғӯш гирифта, бароҳат, то рӯзи "растохез" хоб бикунед!
Талбак тамоман карахт шуда буд. Дар ҳамин вақт ниқобпӯши дигаре аз пас бо қундоқи камон ба сари Талбак зад. Талбак калавида-калавида панҷ-шаш қадам ба тарафи бели дар заминбуда омад ва мувозинаташро нигоҳ дошта, бо азобе рост истод. Ниқобпӯши дигар мили камонро тарафаш рост карда гуфт: - Эй, сакалту, тезтар белро бигиру гӯратро бикан, вагарна мепарронамат, гӯштҳоятро зоғ ва шағолу рӯбоҳҳо мехӯранд.
Талбак каме ба худ омада, хам шуда, белро аз замин ба даст гирифт. Замини пур аз сангу рег дами белро каҷ мекард. Баъди 10 дақиқаи гӯр кандан арақ аз сару рӯяш чун борони баҳорон рехта, пероҳанашро тар кардаву беист ба замин мечакид. Ниқобдорон дар болои сараш истода, чизеро пай бурдагӣ барин, ба чор тараф нигариста, интизор буданд, ки гӯр зудтар канда шаваду ба куҷое фирор кунанд. Даҳони Талбак хушк шуд, забонаш дар комаш часпид. Ӯ дигар қувваю мадори гӯр кандан надошт. Об талаб кард, обаш надоданд. Нафасгириаш душвор шуд, сараш чарх мезад, пеши чашмонашро ғуборе фаро мегирифт. Пас аз ду-се дақиқа, агар ин ҳолат давом мекард, аз пой меафтиду ҳалок мешуд. Дар ҳамин вақт садои чархболе шунида шуд. Сардори яроқбадастон ба даҳшат афтода, хитоб карда, гуфт: - Корашро тамом кунед, бо тезӣ дар ҷангалзор пинҳон шавед!
Садои се тири камон баланд шудан замон Талбак сарозер ба даруни гӯри ним метр кандааш афтод. Чархбол намоён шуду ба тирпарронӣ сар кард. Ниқобпӯшон камону туфангҳояшонро гирифта, чун гургони хунхӯр, шитобон дар даруни ҷангалзори домони кӯҳ паноҳ бурданд. Чархболҳои дуюму сеюм низ пайдо шуда, яроқбадастонро дунболагир мекарданд. Ду соати расо чархболҳо давр зада, тирпарронӣ карданд. Дар охир яке аз чархболҳо дар назди хайма фуруд омад ва ду чархболи дигар муҳофизаткунон чарх мезаданд. 5-6 нафар сарбоз, 2 нафар хилъати сафедпӯш аз чархбол берун шуда, ба тарафи ҷасади хобида омада, онро аз назар гузаронданд. Хилъатпӯшон духтурони ёрии таъҷилӣ буданд, яке аз онҳо ба сарбозон муроҷиат карда гуфт: - Зинда аст, тезтар маҷруҳро савор кунед!
Талбаки дар хоку хун оғӯштаи паҳлавонро 6 нафар сарбоз бо ёрии духтурон бо азобе ба чархбол бароварданд ва ёрии аввалияро расонданд. Яке аз сарбозон гуфт: - Ин паҳлавон аз сад кило зиёд вазн дорад, кӣ бошад ва ӯро чаро паррондаанд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор