Зеҳн
Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа

ОилаҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Содиқ хавотиромез пурсон шуд:

  • Умеду орзуи охиринам, таманнои дилу бахти бедори ман, Сафаргулҷон, дилу ҷигари сӯхтаи маро хун макун! Ба ту чӣ шуд? Кӣ туро ранҷонд? Гап зан!
    Сафаргул якранг, талх-талх мегирист. Баъди як соат ӯ ором шуд ва ба Содиқ рӯй оварда бо дидаи хунфишон, гирякунон гуфт:
  • Содиқҷон!
    Абр мебораду ман мешавам аз ёр ҷудо, Чун кунам дил ба чунин вақт зи дилдор ҷудо?! Абру борону ману ёр, ситора ба вафо, Ман ҷудо гирякунон, абр ҷудо, ёр ҷудо.
    Сабза навхезу ҳаво хурраму бустон сарсабз, Булбули рӯйсияҳ монда зи гулзор ҷудо. Дида аз баҳри ту хунбор шуд, эй мардуми чашм, Мардумӣ кун, машав аз дидаи хунбор ҷудо.
    Содиқҷон, фалак дар чӣ хаёлу мо дар чӣ хаёл будем?! Ин пагоҳӣ, баъди рафтани ту бобои Умедҷон аз Регар омад. Ӯ хабареро овард, ки аз шунидани он ман ҳайрону нолону гирёнам ва чӣ кор карданамро намедонам. Ин пайғом барои ту, Содиқҷон, ниҳоят гарону вазнин меафтад, чӣ тавр онро гӯям, намедонам.
    Содиқҷон, бахту орзуи деринам, гӯш кун! Хусурам, бобои Давлат омада, набераашро оғӯш карда, соатҳо гирист ва сар дар пеши пойи ман монда зорию гирякунон гуфт: "Ҳамон шаби наҳсе, ки ниқобпӯшон Лоиқҷону Қобилҷонро ҳамроҳ бурданд, дар ёдат ҳаст? Қотилони тоҷиккуш як гурӯҳ ҷавонони тоҷикро қатор монда, мепарронанд ва дар чуқурие ҷасади онҳоро партофта, бо трактор ба болояшон хокро пеш карда, мепӯшонанд. Лоиқҷони захмину маҷрӯҳ зинда будааст. Пирамарди роҳгузаре садои нолишеро фаҳмида, ӯро аз зери хок бароварда, ба хар бор карда, шабона ба деҳа ва баъд ба шаҳри Тошканд мебарад. Ин пирамарди хайрхоҳ, ки худ тоҷик будааст, ӯро фарзанд мехонад. Дар беморхона ду пойи Лоиқҷонро ҷарроҳӣ карда, аз зону поён мебуранд ва ба ӯ пойҳои сунъӣ мечаспонанд. Лоиқҷон баъди табобати дусолаву шашмоҳа имконият пайдо мекунад, ки бо асобағал роҳ равад. Ҳоло ӯ дар хона, тую Умедҷонашро интизор аст. Келинҷон, ҷони моро даст гиру парасториамон кун. Ту худ медонӣ, ки ҳафт ҷойи ҷигари ман дар ғами ҳиҷрони писаронам Лоиқҷону Қобилҷон, духтаронам Зарринаю Сабзина, завҷаи меҳрубонам Дилором, набераи даҳсолаи ноболиғам Нодирахон ва келини азизам Робия сӯрох асту аз он сӯрохии сӯзон хун равон аст. Набераам Нодирахони ноком баъди табобати 40-рӯза дар беморхонаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе аз хунравии зиёд аз дунё гузашт ва он намакобе буд ба ҷароҳатҳои решам, ки доимо месӯзам. Келинҷон, ман фаҳмидам, ту марги Лоиқҷонро муайян карда, баъд ба шавҳар баромадӣ. Он марди бефарзандро хушбахт карда, соҳиби кӯдак кардӣ. Дирӯз ман барои кушодани ин муаммои сарбаста ба идораи муфтиёт рафта арз карда, асли воқеаро аз аввал то охир фаҳмондам. Муфтӣ қаламу коғаз гирифта, муҳр карда дод, ки ту зани қонунию шариатии Лоиқҷон ҳастӣ".
пешина
аз 78
навбатӣ