Зеҳн
Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа

АдабиётОилаҚисса
Аз аввал хондан

Хулосаи калом ин ки ман ба суханони фиребандаи модарарӯсам бовар кардаму аз канори гарми падару модари азизу ғамхор ҷудо гаштам. Парастории падару модари дардмандам ба зиммаи хоҳаронам вогузор шуд. Бо кӯмаки падарарӯсам дар ҳамсоягиашон соҳиби хонаю дар гардидам ва ба қавле марди озод будаму ба доми сайёди моҳире афтода, ғулом шудам, яъне ба гуфти мардум "хонадомод" шуда мондам ва бозувонамро бе банд бастам. Баъди ба шавҳар баромадани ду хоҳари калонам падару модари ранҷурам маҷбур шуданд, ки хоҳари хурдиям Кенҷагулро ба писари ҳамсояамон Гадохӯҷа, яъне Хоркаши ланг диҳанд.
Баъди ҷудоӣ аз канори падару модари ғамхор худро ҳамчун мурғи беболупари дар қафас маҳбусшуда ҳис мекардам. Эркамоҳ сарфу харҷ, яъне харидани хӯрду хӯрок, сару либосро аз мағозаю бозор ба зиммаи худ гирифта буду маблағро ман пайдо карда, ба ӯ медодам.
Барои ба даст овардани маблағ бо супоришу фармони Эркамоҳ касбу корҳои гуногунро, аз қабили аробакашӣ, чӯпонӣ, мардикорӣ, ронандагӣ, посбонӣ ва даҳҳо касбу кори дигарро озмуда дидам, лекин аҳволи зисту зиндагониямон беҳ намешуд. Охир, маблағро ман бо заҳматҳои сангину вазнин ҷамъ мекардаму Эркамоҳ онро бо осонӣ сарф мекард. Ба қавли халқ: "Ман бо нӯги сӯзан ҷамъ мекардаму ӯ бо шоха бод мекард".
Модарам дар синни 60-солагӣ ногаҳон вафот кард. Баъди вафоти модарам, падарам аз ғаму дарди айём, маризи дурударози бистарӣ шуда монд. Дар як моҳ ва ё дар ду моҳ як маротиба пинҳонӣ аз Эркамоҳу модараш ду нону як кило қанди сафед харида, ба аёдаташ мерафтам, зеро ки ба кори хоҷагӣ (колхоз) банд будаму вақти холӣ надоштам.
Рӯзе дар вақти таоми нисфирӯзӣ Эркамоҳу модараш ба ман рӯй оварда гуфтанд:

  • Собир, бо ин кори бедаромадат, ту ҳеҷ чиз намешавӣ, хонаву дари ҳалол надорӣ, занат либоси қиматбаҳо, ҳатто, эзори ҳалол надорад, ки пӯшида ба тӯю маърака ва бозору кӯча равад. Мана, Эркинҷонро бин, қандаша занад, хонадорию зандорӣ ба ӯ ҳалол ва ба ӯ мезебад. Чи хел хонаю дари калони барҳаво ва чандин мошинҳои гуногуни хориҷӣ дорад. Зану модарарӯсашро намегӯед, ҳар рӯз як навъ мӯди нави либосҳои қиматбаҳои хориҷиро, куртаю эзор дӯзонда мепӯшанд.
    Пурсидам:
  • Эркин кист ва дар куҷо кор мекунад? Эркамоҳ пешдастӣ карда гуфт:
  • Эркинҷон ҳамсинфи ман аст. Ӯ дар вақти мактабхониямон ошиқу шайдои ман буд, лекин ман ӯро нагирифтам, намедонистам, ки ӯ ин қадар бою бадавлат мешавад. Агар мегирифтам, чи хубе мешуд, ки бо либосҳои қиматбаҳои мӯди нави хориҷӣ дар болои ҳафт қабат кӯрпача нишаста, маишат мекардам. Афсӯс, сад афсӯс, ки ҳаётамро мани нозанин бо ту барин тайлоқи бедум барбод додам! Ту сағераи лавкашоли почаканда ҳаётамро сӯзондӣ! – гӯён ба гиря сар кард.
пешина
аз 78
навбатӣ