Зеҳн
Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа

ОилаҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Чунон талх-талх гирист, хаёл кардам, ки гӯё модараш, кампири Васвасабону мурда бошаду навҳа мекашид. Пас аз гиряи дуру дароз, ашки чашмонашро пок карда, ҳиққосзанон гуфт:

  • Эркинҷон сардори тадқиқоти конҳо (геология)-и Помир аст. Ман дирӯз ҳангоми аз бозор баргаштанам, дар истгоҳ, дурудароз бо ӯ ҳамсуҳбат шудам. Вақте ки ӯ аз зисту зиндагонии қашшоқонаи мо огаҳ гашт, дилаш ба ҳоли ман сӯхту ба ман маслиҳат дод, ки шавҳаратро ба кор қабул мекунам ва музди хуб ҳам медиҳам. Баъди он бо кӯмаки ӯ аз бозор чизҳои лозимаро харидем ва бо мошини хизматиаш маро то ба хона овард.
    Мани гӯли нодон гуфтам:
  • Хайр, чӣ илоҷ, як бори дигар рафта фаҳмед ва маслиҳат карда, биёед. Агар кори сабук бошаду маошро хуб диҳад, дур ҳам бошад, албатта, рафта кор мекунам.
    Дар ин муддат, Эркамоҳ аз фурсати қулай истифода бурда, тез-тез бо ҳамсинфаш Эркинҷон вохӯрда, маслиҳат карда, нақшаю тарҳи ҷою вақти кор ва миқдори музди маоши моҳонаи маро ҳамроҳ мекашидаанд.
    Рӯзе дар вақти хӯроки нисфирӯзӣ, Эркамоҳ ба табақи гӯштбирёни дар миёнаҷойи дастархон гузошташуда ишора карда гуфт:
  • Дар бораи ҷойи кор ман бо Эркинҷон маслиҳат кардам. Ӯ гуфт, ки Собирро ба вазифаи ёрдамчии тадқиқотгари корҳои зеризаминӣ ба кор қабул мекунам, гарчанде ки дар ин соҳа ихтисосу маълумоте надошта бошад ҳам, як моҳ дар Помир кор карда, пас баргашта, панҷ рӯз дар хона истироҳат мекунад. Маошаш дар як моҳ 700 сӯм (рубл) буда, ба ғайр аз ин дар ҳар як семоҳа ба миқдори 1500 сӯм мукофотпулӣ менависамаш.
    Аз ин саховатмандии Эркинҷон шод гаштам ва бо супориши Эркамоҳ озими кӯҳистони Помир шудам. Бо умеди мукофотпулию зиёдии маош, се моҳ пай дар пай кор кардаму ба хона барнагаштам. Ҳар вақте ки Эркинҷон аз Душанбе ба Помир меомад, аҳволи хонаводаро аз ӯ пурсон мешудам. Ӯ мегуфт:
  • Собир, фикри хонаро накун, ман худам ба онҳо кӯмак мерасонам. Ту пул кор кун, то ки Эркамоҳро шод гардонӣ ва ӯ аз ту розӣ шавад.
    Ман мегуфтам:
  • Пул кор карданам нағз, лекин падарам мариз буд. Аз ӯ ягон хату хабаре нест?
    Ӯ мегуфт:
  • Ҳеҷ гап нест, ҳамааш тинҷӣ. Агар ягон гапу хабар мешуд, албатта, Эркамоҳ ба ман мегуфт.
    Баъд аз се моҳ бо 3500 сӯм, ки дар ҳаётам ин қадар пулро ҳеҷ гоҳ надида будам, шоду хурсанд ба хона баргаштам. Аз мағозаи сари роҳ ба миқдори 500 сӯм барои зану фарзанд ва падарарӯсу модарарӯсам ҳадяю сару пойи қиматбаҳо (либосворӣ) харидам. Онҳо маро бо як хушнудию дабдаба пешвоз гирифтанд. Шаб дар атрофи дастархон Эркамоҳу модараш танҳо дар бораи ҷавонмардию саховатмандии Эркинҷон ҳамду саноҳо мехонданд. Пеш аз он ки дар бистар сар монам, Эркамоҳ талаб кард, ки 3500 сӯмро ба ӯ диҳам. Ман 3000 сӯмро ба ӯ дароз кардам. Ӯ ҳарисона пулҳоро гирифта, чун мошини ҳисоббарорӣ, такрор ба такрор се маротиба паиҳам шуморид. Баъдан, ба сӯям дергоҳ нигариста гуфт:
пешина
аз 78
навбатӣ