Зеҳн
Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа

АдабиётОилаҚисса
Аз аввал хондан

Ин масалу пандҳои маслиҳатомези падарам дар гӯшам афсонаи пучу бемаънӣ садо медод ва гӯё ин суханонро намефаҳмида бошам, ба он аҳамияте ҳам намедодам. Такрор ба такрор ӯ ба ман насиҳат карда мегуфт:

  • Писарам, синну соли ману модарат ба ҷое расидааст, розӣ шав, духтари хешамон, эшони Сайид Ҳотамро бароят хостгорӣ кунем. Охир, наслу насабаш ва решаю авлодонаш аз одамони солеҳи боимону ботақвоянд. Писарам, хока ба каф гирӣ, аз хоктӯдаи тозаю озодаи баланд гир, аз хоктӯдаи кӯчаки сари роҳ хок нагир, ки ифлос аст.
    Дар паси ин пандҳои падари доною бузургам чӣ маъниҳои баланди олимонае будааст. Афсӯс, сад афсӯс, ки мани гумроҳи нодон ба ин маъниҳои олӣ сарфаҳм намерафтам. Дар ҷавоби ин панду насиҳатҳои ақлу хирад равшанкунандаи падари дилсӯзу ғамхор бепарвоёна мегуфтам:
  • Падар, шумо одамони қадим, то ба имрӯз, ки замона дигар шудааст, наслу насаби тозаю солеҳро дунболагир карда мегардед, духтари эшони Сайид Ҳотам ба ман писанд нест, ӯ як духтари хаппаку шармгин, ҳусни хуб ҳам надорад. Падар, ман Эркамоҳро хуш кардам, дар тӯйи Гурезмаст бо ҳам шинос шуда, рақс кардем ва қариб се соат бо ҳамдигар суҳбат намудем. Ман ба ӯ қавл додам, ки ба хонаатон хостгор мефиристам. Падарҷон, маро шарманда накунед, охир, ман ба ӯ қавл додам, ман ҷавонмардам, чӣ хел ба қавлам вафо накунам?
    Дар аввал, аз ин суханони беақлонаи фарзанди яккаю ягона падар дар ҳайрат монд ва хеле андеша карда, дар охир гуфт:
  • Собирҷон, охир ту писари яккаю ягонаи манӣ, канӣ гап зан, Эркамоҳ аз куҷост ва ӯ духтари кист?
    Ман гуфтам:
  • Падарҷон, розӣ шав, ӯ чун ман духтари яккаю ягонаи акои Бӯрӣ Танбӯрии ҳофизи номдор аз деҳаи Чорбоғ аст.
    Баъди ин суханони ман, падарам дурудароз ба андеша фурӯ рафт ва пас сар бардошта бо оҳанги ғамгинонаю норозиёна, оҳи пурдарде кашида гуфт:
  • Оё медонӣ, ки Шайх Саъдӣ чӣ мегӯяд?
    Зани бад дар сарои марди накӯ, Ҳам дар ин олам аст дӯзахи ӯ.
  • Майлаш, хуб шудааст писарам, чӣ илоҷ, модоме ки писари ягонаӣ, бигузор гуфтаи ту шавад, таваккал бар Худои бузург.
    Баъд аз шаш моҳи интизорию беқарорӣ тӯй сар шуду ману Эркамоҳ бо ҳамдигар ҷуфт гардидем. Ҳаёти хушу хурсандонаи мо як сол давом кард ва нахустфарзандамон, Сабурҷон, таваллуд шудӣ. Баъди таваллуди ту хулқу хӯй ва рафтору кирдори модарат тағйир ёфтан гирифт. Ӯ тез-тез ба хонаи волидайнаш рафта, ҳафтаю моҳҳо барнамегашт. Барои баргардонидани модарат, даҳҳо маротиба падару модарам мерафтанд ва модараш, яъне момоят, чизеро баҳона карда, ба баргаштани ӯ монеъ мешуд.
    Дар охир маҷбур шуда, худам барои овардани Эркамоҳ тез-тез ба хонаи модарарӯсам мерафтам. Ҳар маротибае, ки ба хонаи онҳо мерафтам, модарарӯсам ба ман рӯй оварда мегуфт: "Ҷудо шав, ҷудо, то ба кай духтари яккаю ягонаи ман ғуломи падару модар ва се хоҳари ту шуда мегардад! Онҳо хӯрда хобанду духтари ман меҳнат карда ҷон меканад, мо худамон ба ту хона ёфта медиҳем, аз падару модарат бо тезӣ ҷудо шав!".
пешина
аз 78
навбатӣ