Зеҳн
Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа

ОилаҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ШАБИ НАҲС
Аз аввалҳои соли 1992 нишонаҳои ҷанг пайдо шудан мегирифт ва рӯз то рӯз домани худро васеъ менамуд. Бо васвасаи душманони хориҷиву дохилии ватану миллат ду бародари ҳамхун, чун дар қиссаи Қобилу Ҳобил, ба ҳам душман шуданд. Ҳамдигарро ваҳшиёна ба қатл мерасониданд. Оташ задани хонаву тороҷи молу амвол ва таҷовуз ба номуси занону духтарони ноболиғ кам набуд. Аз ин вазъияти бади сиёсию ҷамъиятӣ дуздону авбошон ва афроди ҷиноятпешаи аз маҳбасҳо озодшуда истифода мебурданд ва худро гоҳ муҷоҳиди роҳи дин ва гоҳ тарафдори давлати қонунӣ эълон карда, дар асл, мақсади нопок дошта, душмани ҳама буданд. Ҳар рӯз хабарҳои нав ба нав ба гӯши мардум мерасид, ки фалон касро дар фалон ҷо қатл карданд, хонаи фалон касро ғорат, ба оташ заданд ва духтари фалон касро силоҳдорон дуздида ё зӯран бурданд ва ё таҷовуз карданд.
Бо шунидани ин хабарҳои шум қалби бобои Гадохӯҷа ба тапиш медаромад, дастонаш меларзиданд. Ӯ аз қисмати яккаписараш Талбакҷон метарсид. Чаро ӯ натарсад, охир аз сад гули орзую умеди Талбакҷонаш ҳатто як гулаш ҳам нашукуфтааст.
Гадохӯҷа баъди адои намози хуфтан бо ҳаяҷони ногаҳонӣ тез ба хонааш баргашт. Завҷаи меҳрубонаш Фотима ва писарашро дида, каме ором шуд. Зану фарзанд дар чеҳраи сарвари хона ошуфтаҳолиро пайхас карданд. Момои Фотима ҳайратомез савол дод:

  • Дадоҷонаш, чаро ин қадар парешонҳол менамоед?
  • Эй занак, овозаҳои нохуше паҳн шуда истодаанд. Мардум дар таҳлука афтодааст...
    Фотима давоми суханони шавҳарашро интизор нашуда гуфт:
  • Аз Талбакҷон метарсам, тӯйро ҳарчи пештар барпо мекардем, хуб мешуд. Бимирем ҳам, бе ҳасрату бе ормон аз дунё мегузаштем. Ин бегоҳӣ занҳои ҳамсоя дар саричашма овоза паҳн кардаанд, ки як гурӯҳи яроқбадасти ниқобпӯши номаълуме пайдо шудааст, ки шабонгоҳ ба деҳаҳои наздикӯҳӣ ҳуҷум карда, даст ба қатлу ғорат мезананд.
    Пиру кампир аз суханони фаҳмидаи ҳамдигар боз ҳам ошуфтахотир гардиданд. Пирамард ба писараш муроҷиат карда, гуфт:
  • Писарам, қуввату бозу ва асои дасти мо, пиру кампир ту ҳастӣ, эҳтиёт шав, ба гапи ягон кас гӯш мадеҳ ва ба ягон гурӯҳ шомил нашав, ақлатро ба кор бар!
    Талбак ба ҳоли зори падару модараш нигариста, гуфт:
  • Падарҷон, ман аз он бачаҳои беақлу кӯчагӣ нестам, доимо дар хизмати шумо ҳастам. Қарзи фарзандиямро иҷро мекунам.
    ...Ақрабаки соат ба ду наздик мешуд. Талбак чун баррачаи ширмаст хоб буд. Бобои Гадохӯҷа аз як паҳлӯ ба паҳлӯи дигар мегашт, хоб кайҳо аз сараш парида буд. Хоби дишаб дидааш, ки Талбакҷон дар дарёи пуртуғён ғарқ мешуд, ба ёдаш омад. Ин ҳолро завҷааш дида, оҳиста, пичирросзанон гап зад, то ки писараш бедор нашавад:
пешина
аз 78
навбатӣ