Зеҳн
Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа

ОилаҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Дадош, чаро хоб намеравед? Хоби маро ҳам паррондед.
    Хоб аз сари пиру кампир ба куллӣ парида буд. Ногаҳон садои сагҳои деҳа яку якбора баланд шуд. Пас аз лаҳзае камоне баланд садо дод ва овози ҷонхароши саге баланд шуд. Саг дуру дароз ҷингҷингкунон дод мезад, пас аз уллосу аккоси ҷонкоҳ оҳиста-оҳиста садояш паст шуда рафт. Гадохӯҷа аз бистар ҷаҳида, хеста ҷомаашро сари китфонаш гирифта гуфт:
  • Саги қудо Ашӯрро касе парронд.
    Кампир бо дудилагӣ пурсид:
  • Шумо аз куҷо медонед?
  • Эй кампир, овози сагу хари ҳар як хонаи ин деҳаро медонам, – гӯён бобои Гадохӯҷа ба саҳни ҳавлӣ баромад.
    Хомӯшӣ сар то сари деҳаро фаро гирифт, ҳатто пашша пар намезад. Ин сокитиву хомӯшӣ ваҳмангез буд, гӯё ҷонзоде аз тарси балои ба сари деҳа омада нафас намекашид. Субҳи содиқ торафт наздик мешуд. Баногоҳ тақ-тақи дарвоза шунида шуд. Қалби пиру кампир ба задан даромад, дасту пойҳояшон меларзид.
    Гадохӯҷа оҳи пурдарде кашида гуфт:
  • Хоб дида будам, аз он балое, ки метарсидам, ба сарам омад.
    Кампир гуфт:
  • Талбакҷонро бедор кунед, аз тиреза баромада, паси бом, дар ғор пинҳон шавад.
    Талбак аз тиреза ҷаҳида, хост болои девор баромада, ба тарафи ғор фирор карда, паноҳ барад. Бо азобе худро дар болои девор гирифт ва ба поён ҷаҳид.
    Ҳамин вақт ду нафар шахсони ниқобпӯш туфангчаро ба сӯяш рост карда, гуфтанд:
  • Ҳа, паҳлавони сари деги ош, ба куҷо фирор карда истодаӣ? Ба кӣ хабар мебарӣ?
    Талбак дар ҷояш шах шуда истода, гуфт:
  • Ба ҳеҷ ҷой фирор намекунам.
    Онҳо гуфтанд:
  • Агар зинда мондан хоҳӣ, аз паси мо биё.
    Ночор аз паси онҳо равон шуд. Аз дарвоза берун 5-6 нафар силоҳбадасти ниқобпӯш савори ду аспу ду хар меистоданд. Дасту бозувони шахсеро баста буданд ва дар даҳонаш латтапораеро тиққонда буданду ду нафар ниқобпӯш ӯро дошта меистоданд. Яке аз ниқобпӯшон, ки аз афташ, сардорашон буд, ба Талбак таҳдид карда гуфт:
  • Зудтар харатро зину афзор кун ва ин шахсро савор карда, аз паси мо биё. Агар як ҳаракати ноҷо кунӣ, ҷо ба ҷо парронда мешавӣ!
    Талбак харро тайёр карда овард. Ниқобпӯшон он шахси басташударо ба хар савор карданд. Талбакро як ниқобпӯш аз пешу ниқобпӯши дигар аз ақиб назорат мекарданд. Пас аз ду соат роҳи кажу килети морпечи кӯҳиро бо сад азоб тай карда, ба қуллаи кӯҳи Моштеппа расиданд. Рӯз сафед шуда, офтоб нурафшонӣ мекард. Талбак ба сурати бандӣ бодиққат нигарист, рӯю даҳонаш маҳкам буд. Ӯ эҳсос кард, ки шахси дастгиршуда зан аст, вале кӣ будани ӯро фаҳмида натавонист. Ниқобпӯшон ба макони худ расиданд. Дар паси кӯҳ, даруни ғоре, ки ҷангалзор буд, чор хайма меистод. Ниқобпӯшон сайди ба дом афтодаро ба хаймаи сардор бурданд. Ду нафар бо ҳамроҳии Талбак ба болои кӯҳ баромада, бо дурбин ба атроф назорат мекарданд. Яке аз посбонҳо ба Талбак таҳдид карда, гуфт:
пешина
аз 78
навбатӣ