Зеҳн
Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа

ОилаҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ТАНТАНАИ АДОЛАТ
Дар вохӯрии Президенти кишвар бо кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот Абӯалӣ дар сафи пеш менишаст. Президент дар баромади худ гуфт:

  • Агар ҳамаи кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот ба монанди корманди Прокуратураи генералӣ Собирзода Абӯалии Сабур, ки дастпарвари мактаб-парваришгоҳ аст, кору фаъолият кунанд, ватану миллат аз хавфу хатари душманони дохилию хориҷӣ дар амон мемонад. Коре, ки ин бача барои ватану миллат кард, то ҳол касе накарда буд. Ӯ супоришу фармони Президенти кишварро иҷро кард. Бо кордонии ӯ якчанд шахсони тасодуфие, ки бо нияти баду дасти нопок дар сафҳои шумо – кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот бо роҳҳои гуногун ҷой гирифта буданд, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
    Абӯалиро Президенти кишвар ба рутбаи генерал-майор пешниҳод намуд ва бо дастони худ ордени "Исмоили Сомонӣ – 1"-ро дар пеши бараш овезон карда гуфт:
  • Собирзода Абӯалии Сабур манфиати миллату ватанро аз манфиати шахсӣ боло гузоштааст. Офарин! Сад офарин! Ватану миллат ба шумо барин наберагони шуҷоу далери Исмоили Сомонию Спитамен, Абӯмуслими Хуросонию Темурмалики Хуҷандӣ ниёз дорад! Аз ақлу хирад, кордонию маҳорати Собирзода Абӯалии Сабур ибрат гиред! Ҳазорон раҳмати Худованд бар бобою падаре, ки чунин набераю писарро ба дунё овардаанд!
    Чунин буд амри тақдири азалӣ, ки оқипадарзодагонро инсонҳои оқилу фозили сазовори эҳтироми бобою падар, миллату ватан гардонид. Нагӯянд падар кист, гӯянд ҳунарат чист?
    Дониш талабу бузургӣ омӯз, То беҳ нигаранд рӯзат аз рӯз.
    Илм мӯъҷизаи Худованд, нерӯдиҳандаи ақлу хирад, кушояндаи муаммоҳои сарбаста ва роҳнамои инсон ба сӯйи қуллаҳои ниҳоят баланди орзую армонҳои ширини заминию кайҳонӣ мебошад. Зеро ки аввалин ваҳйи (хабар, пайғом) фиристодаи Худованд ба воситаи Ҷабраили амин ба ҳабибаш ҳазрати Муҳаммад (с) хитоби "Иқраъ", яъне "Бихон!" буд. Баъдан ибодат барои инсон фарз (қарз) гардид. Ба воситаи илм инсон худ ва холиқаш (Офаридгор)-ро шинохт. Мартабаю хосияти илм буд, ки оқипадарзодагон инсонҳои комилу шоистаи эҳтироми волидону миллату ватан гардидаанд ва худу Худои хешро шинохтаанд.
    ҚИССАИ ДИРӮЗ
    Соли 1993. Ҷанги бемақсаду бемаънии шаҳрвандӣ, ки бо дасти душманони хориҷиву дохилии миллати заҳматкашу ҷафокаши тоҷик, берун аз марзу буми Тоҷикистони азиз тарҳрезӣ шуда буд, давом мекард. Гург дар пӯстини гӯсфанд амал намуда, дӯстро аз душман фарқ кардан ниҳоят мушкил буд.
    Бобои Гадохӯҷа дар домони кӯҳи Моштеппа, дар деҳае, ки Сирзор меномидандаш, зиндагонии фақиронае дошт. Мардуми деҳа аз 30-35 оила иборат буданд. Хонаи бобои Гадохӯҷаи 81-сола дар назди ғори буттазори канори деҳ ҷойгир шуда буд. Дарёчаи хурде ғорро убур карда мегузашт. Шабонгоҳҳо садои чир-чири паррандагону хазандагон аз дохили ғор ба гӯш мерасид. Қурқури қурбоққаҳо ба гӯши бобои Гадохӯҷа намефорид. Дар дилаш ваҳм хона карда буд, зеро ки дар деҳа овоза паҳн шуда буд, ки дастаи номаълуми ғоратгарони силоҳдоре пайдо шудааст, ки шабонгоҳ ба деҳаҳо ҳуҷум карда, ба қатлу ғорат машғуланд. Гадохӯҷа бой ҳам набошад, дар бисоташ ду сар гӯсфанду се-чор буз, як гову гӯсола ва як хари боркаш дошт. Парвои гову гӯсолаву бузу бузғола ва хару гӯсфандонашро ҳам намекард. Аз ягона писараш, ки дар миёни 6 нафар духтарон ба камол расида буд, хавф мебурд. Талбаки 24-сола охирин фарзанд ва ягона писар пас аз таваллуди 6 нафар духтар буд. Дуою муноҷоту ибодати 40-солаи Гадохӯҷа ба даргоҳи Худованди мушкилкушо иҷобат шуд ва ӯ дар синни миёнсолагӣ, яъне дар 57-солагӣ соҳиби писар шуд. Гадохӯҷа шукри Худоро мекард ва орзу дошт, ки Талбаки талабидагияшро ҳамчун духтаронаш хонадор мекунад ва аз дасти наберагонаш гирифта, давлати пирӣ меронад. Ӯро ба духтари ҳамдеҳааш Нокома номзад карданд. Хостанд, ки тӯй барпо намоянд ва тӯй ҳам наздик шуда буд, ки ҷанги шаҳрвандии бародаркуш оғоз шуду тӯйи онҳо ба таъхир монд.
пешина
аз 78
навбатӣ