Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа
ОилаҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан- Оҳ, амаки Дилшод, шумо ҳамсояи хуби беҳ аз хеши дур будед, ки падари беморамро наҷот додед!
Дилшод ҳайрон шуда гуфт: - Ҷавони хуб, ман шуморо нашинохтам.
- Ман Акмал, Улуғбек, сонӣ Абӯалӣ ҳастам.
Дилшод акнун фаҳмид, ки ҷавони зебои ситорагарму ин духтари нозанини наврас кистанд. Онҳо дер боз бо ҳам суҳбат карда, аз ҳолу аҳвол ва саргузашти ҳамдигар бохабар шуданд.
Дар охир Дилшод савол дод: - Чаро номатро аз Улуғбек ба Абӯалӣ иваз кардӣ? Сабаби иваз кардани номи Акмалро ба Улуғбек медонам.
Абӯалӣ гуфт: - Дар рагу пай, пӯсту устухони ман хуни поки Ориёии эронитабори тоҷикӣ меҷӯшад. Бояд исми ман ҳам тоҷикӣ бошад!
Дилшод: - Офарин! Офарин, эй фарзанди беҳ аз падар! – гуфта бо даст се маротиба ба пушти Абӯалӣ тап-тап зад.
Саҳари рӯзи якшанбе Абӯаливу Ситорабону ҳамроҳи Дилшод озими деҳаи Навобод шуданд. Аз ташрифи меҳмонон Ҳабибуллоҳу Мӯниса аз хурсандӣ гӯё дар куртаашон намеғунҷиданд. Баъд аз меҳмоннавозӣ ҳамаашон ба зиёрати оромгоҳи бобои Собир рафтанд. Аввал Абӯалӣ сураи "Мулк"-ро хонда, савобашро ба рӯҳи бобои аз дунё фонӣ чизе надидаи хору зори яккаву танҳо фавтидааш, Собир, бахшид. Баъд, атрофи оромгоҳро аз хасу хошок тоза карданд. Дар охир Абӯалӣ ба амаки Ҳабибуллоҳ гуфт: - Иншоаллоҳ, баъд аз як моҳ омада, оромгоҳи бобои азизамро дуруст карда, мақбара мебардорам.
Ҳамагон роҳи деҳаи Қирғизонро пеш гирифта, бо роҳбаладии банда сари гӯри кунҷакӣ, ки аз гӯристони умумӣ 150 метр дуртар ҷойгир шуда буд, омаданд. Ман гуфтам: - Офарин бар фарзанди оқилу комиле, ки васияти бобою падарашро ба ҷой меорад.
Чанд оят аз "Қуръон" тиловат намуда, ба рӯҳи Сабури ормонӣ бахшидем. Худо Кариму Раҳим аст, шояд, ки гуноҳҳои содиркардаи Сабурро бахшида бошад. Абӯалию Ситорабону дар сари гӯри падар гирёну нолон ғазали Шайхи бузург Саъдиро мехонданду навҳа мекарданд:
Бигзор, то бигирям чун абр дар баҳорон, К-аз санг нола хезад рӯзи видои ёрон. Бигзоштанд моро дар дида оби ҳасрат, Гирён чу дар қиёмат, чашми гунаҳкорон. Эй субҳи шабнишинон, ҷонам ба тоқат омад, Азбаски дер мондӣ, чун шоми рӯзадорон!..
Ситорабону Донишгоҳи тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо дипломи аъло хатм кард. Барои корҳои илмиаш дар давоми таҳсил ӯро дар кафедраи дилшиносии донишгоҳ чун олими ҷавон ба кор қабул карданд. Ӯ баъди ду сол дар соҳаи рагу дилшиносӣ корҳои зиёди илмӣ бурд ва дар ин соҳа ба муваффақиятҳо ноил гардид. Роҳҳои пешгирӣ ва табобати ишемияи дилро ба таври илмию назариявӣ нишон дода, исбот кард. Ӯ чун яке аз олимони намоёни соҳаи тиб дар ҷумҳурӣ ва берун аз он ном баровард ва сазовори ҷоизаи Президенти мамлакат гардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор