Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа
Абӯалӣ инчунин номҳои дигар аъзоёни гурӯҳи бистуҳаштнафараро қироат кард. Дар охир оид ба шарҳи ҳоли худаш ва қотилии Шермату ҳимоя шудани ӯро аз тарафи прокурори шаҳри Бӯстон Қаробоев Э. аз аввал то ба охир шарҳ дод.
Иштирокчиёни мурофиа яке ба кордонию маҳорати Абӯалӣ аҳсану офаринҳо мехонд, дигареро саргузашти талхи ӯ ба андеша бурда буд.
Хулоса, гунаҳкории ин ҷинояткори вазнин аз тарафи суди шаҳри Маскав исбот шуд. Ин парвандаи ҷиноятӣ барои иҷроиш доир ба дигар ҷинояткорони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонбуда ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд. Дар мурофиаи Суди Олӣ боз Собирзода Абӯалии Сабур ба сифати айбдоркунандаи давлатӣ баромад намуд. Ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин буд: "Дар асоси моддаҳои 104 – одамкушӣ, 200 – муомилоти воситаҳои нашъаовар, 289 – қочоқ (контрабанда) ва дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бӯрихонов Шерматҷон бо тахаллуси "Шағол" бо маҳрумият аз озодӣ бо мӯҳлати понздаҳ сол, бо мусодираи молу амвол, дар маҳбаси реҷаи сахт ҷазо дода шавад".
Ба дигар аъзои гурӯҳи биступанҷнафара, хусусан афсарони баландрутбаи қисмҳои сарҳадот Талбак Гадозода ва Пивненко Фёдор ҷазои сахти сазоворро "лоиқ" донистанд. Прокурор Қаробоев Э.-ро дар асоси моддаи 359 – сохтакории далелҳо, моддаи 319 – гирифтани пора, моддаи 366 – ғайриқонунӣ озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, моддаи 316 – баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва ғайраҳо Суди Олӣ ҷазои сазовор дод. Ин каме ҳам бошад, саҳме буд дар иҷрои фармону супоришҳои Президенти кишвар оид ба тоза кардани мақомоти ҳифзи тартибот аз одамони тасодуфию дасту дили нопокдошта.
Абӯалӣ дуюмин васияти бобою падарашро баҳри гул-гулшукуфии ватану беҳдошти миллат бо сарбаландӣ иҷро кард. Дар баробари ин кораш ӯ исбот кард, ки хонаи дар маҳаллаи Кӯҳдоман буда на моли Шермати Шағол, балки мероси ӯст. Суди Олӣ шартномаи хариду фурӯши хонаро ғайриқонунӣ дониста, ҳалнома баровард ва хонаро дар идораи нотариалии давлатии шаҳри Душанбе ба номи меросхӯрон, Абӯалӣ ва Ситорабону Собирзодаҳои Сабур ҳуҷҷатгузорӣ карданд.
ОҚИПАДАРӢ ХОТИМА ЁФТ
Бо кӯмаки дӯстон Абӯалию Ситорабону хонаи чангу ғуборолуди чандин сол касе дар он ҷо зиндагӣ накардаро тоза карданд. Бобои Дилшод Абӯалиро нашинохт. Аз ҳамин сабаб вориди ҳавлӣ гардидан замон гуфт:
- Муборак шавад! Соҳибхонаи навомада, ҷавони ситорагарм менамоед, пас маълум мешавад, ки ҳамсояи хубро Худо ба мо раво дид.
Абӯалӣ дидан замон Дилшоди паҳлавонро, ки падарашро аз зери мушту лагади Шермати "падархонд"-аш наҷот дода буд, шинохт. Ҳаяҷон сабру тоқаташро рабуда буд, ки оғӯш кушода, бобои Дилшодро ба канор гирифта гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор