Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа
Аз ин кори бобарори Шермат хоҷагонаш "Бургут" дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва "Зоғ" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар шариконашон хушҳолу қаноатманд буданд. Дар урфият мегӯянд: "Кӯза ҳар рӯз сиҳат ба лаби чашма намеравад".
Дар баробари расидани барқияи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Федератсияи Русия гӯё дар хонаи мӯрча об даромада бошад, ки кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ, амнияти шаҳру ноҳияҳо дар ҷустуҷӯю пайдо кардани Шермат бо тахаллуси "Шағол" шуданд.
Соати 03:20 дақиқаи шаб, дар вақти хариду фурӯши маводи мухаддир "Шағол" ба дом афтод. Тафтиш аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартиботи шаҳри Маскав шаш моҳ давом кард, аммо кормандони милисаи шаҳри Маскав сирру савдои ин гурги борондидаро пурра ошкор карда натавонистанд. Онҳо барои пурра ошкор сохтани ин гурӯҳи калони хавфноки қочоқи маводи мухаддир аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрию мадад пурсиданд.
Бо фармони Прокурори генералӣ Собирзода Абӯалии Сабур ба он ҷо ба сафари хидматӣ фиристода шуд ва нусхаи парвандаи ҷиноятии №77-9-ро бо худ бурд.
КУШОИШИ МУАММОИ САРБАСТА
Дил меравад зи дастам, соҳибдилон, Худоро, Дардо, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро.
Хоҷа Ҳофиз
Дар асоси парвандаи ҷиноятии №77-9 санҷишу тафтиши муштараки кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва амнияти миллии Федератсияи Русияву Ҷумҳурии Тоҷикистон шаш моҳи дигар давом кард. Дар кушода шудани ин ҷинояти вазнин Абӯалӣ роли аввалиндараҷаро бозид. Санҷишу тафтишҳо дар навоҳии назди марзҳои Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қазоқистон, гоҳе дар шаҳрҳои калони Русия сурат мегирифт.
Баъд аз як соли ба ҳабс гирифтани Шермат нахустин шуда парвандаи №77-9-ро корманди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Абӯалии Сабур кушода дод. Ӯ дар мурофиаи суди шаҳри Маскав, оид ба кушодашавии парвандаи ҷиноятии №77-9-и прокуратураи шаҳри Бӯстон, ки баъдтар ин парвандаро Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳдаи хеш гирифта буд, баромад намуда гуфт:
- Муҳтарам раис ва иштирокчиёни мурофиаи парвандаи ҷиноятии №77-9, доир ба парвандаи мазкур гуфтаниям, ки ман шоҳиди қисме аз ин ҷиноятҳо ҳастам. Акнун, кӣ будани Шермати Шағол, "Бургут", "Зоғ" ва ҳомиёни онҳо дар Федератсияи Русия, дигар шаҳру ҷумҳуриҳо маълум гардид. Парда яку якбора афтиду бозингарони ноаёни паси парда намоён ва шинохта шуданд.
"Бургут" ин тахаллуси нашъаҷаллоби машҳур, ки қочоқи маводи мухаддирро дар тамоми ҷаҳон паҳн мекунад, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мангал валади Гулбиддин мебошад. "Зоғ" тахаллуси қумондони қувваҳои сарҳадии марзи Афғонистону Тоҷикистон, афсари баландрутбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Гадозода буда, "бор"-ро аз хизматгорони "Бургут", ки аз дарёи Панҷ мегузаронданд, дар ин тарафи сарҳад қабул карда, ба ихтиёри афсар ва шаҳрванди украинтабори Русия Пивненко Фёдор ва шаҳрванди Тоҷикистон Шермат барои обу лой кардан вогузор мекардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор