Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа
Шермат, ки пулу моли бедарди миёнро аз қочоқи маводи мухаддир захира карда буд, волидайни ноболиғони ҳалокшударо ба воситаи маблағу насиҳати муллоҳо розӣ кунонид, ки аз даъвояшон даст кашанд.
Ақди никоҳи Қаробоев Э. бо Ойҷамол бо никоҳи мусулмонӣ, пинҳонӣ сурат гирифт.
Бо дахолату ёрии Қаробоев Э. суд дар асоси моддаи 118-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ботухонро бо ҷарима ба андозаи дусад маоши ҳадди аққал ҷазо дод. Аз сабабе, ки пули Шермати Шағол бисёр буд, ин маблағро ба тезӣ супориду Ботухон ба озодӣ баромад.
Қаробоев Э. ҳар як нозу нузи Ойҷамолро мебардошт. Ӯ ҳатто барои нигоҳубини кӯдаконаш занеро ба хизматгорӣ қабул кард. Ойҷамоли ҳаждаҳсола ягон кори хонаро намекард. Чун шоҳдухтар рафтор мекард. Ин марди панҷоҳсола ғуломи ҳалқабаргӯши зани ҷавон гашта буд, ки дар урфият инро "занкалон" мегӯянд. Қаробоев Э. ҳар як хоҳиши зану падарарӯсашу бародари золими ӯро бе чуну чаро иҷро мекард.
Вақте ки Шермати Шағол дар маҳаллаи Кӯҳдоман ҷинояти вазнин содир кард, яъне занашро кушт, сирру асрори ба қочоқи маводи мухаддир сару кор доштани ӯ ошкор гардид. Бояд ӯ дар асоси моддаҳои 104, 289-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои одамкушӣ, қочоқи маводи мухаддир понздаҳ сол аз озодӣ маҳрум шуда, дар маҳбаси реҷаи сахти махсус нигоҳ дошта мешуд. Молу амволаш ба ҳисоби давлат тасарруф мегардид. Лекин бо супориши хоҳараш Ойҷамол Қаробоев Э. усулу кореро ба анҷом расонид, ки баъди се соли ҳабс Шермати Шағоли қотилу нашъаҷаллобро афв карданд. Барои рӯйпӯш кардани дигар кирдорҳояш, то хоҷагонаш ошкор нагарданд, ба ӯ ҳуҷҷатҳои қалбакӣ тайёр карда, ба Федератсияи Русия гурезонданд. Шермат бо ёрии "Бургут"-у "Зоғ" ва дигар ҳаммаслаконаш, ки бистуҳашт нафарро ташкил мекарданд, аз Давлати Исломии Афғонистон то ба ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қазоқистон ва Федератсияи Русия фаъолият мекардагӣ шуданд.
Шермат баъди аз маҳбас баромаданаш ҳафт сол дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург ба қочоқи маводи мухаддир сару кор дошт.
ДОМ БАРОИ ШАҒОЛ
(фаъолият бо лӯлиҳо)
Шермати Шағолро аввалҳо гоҳе дар бозорҳои шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург ва гоҳе дар Қазону Екатеринбург дидан мумкин буд. Ӯ бештар бо лӯлиҳо сару кор мегирифт. Солҳои охир лӯлиҳо кори ӯро осон карданд. Ду "маркази тиҷоратӣ"-и маводи мухаддир, яке бӯстонсаройе дар шаҳри Маскав, дигаре дар таҳхонаи корхонаи қаннодии шаҳри Санкт-Петербург амал мекарданд. Ӯ дигар майдабозӣ намекард. Савдои яклухтро ҷорӣ карда буд. Дар Маскав бо ҳаммаслаки дигари украиниаш, Пивненко Фёдор, савдо мекард, аммо аз болои ҳардуи ин "марказҳои савдо" Шермати корчаллон назорати қатъӣ мебурд. Лӯлиҳо аз тамоми гӯшаю канори Русия, чун дигар муштариёни маводи мухаддир, ба ин ҷо ташриф меоварданд. Онҳо бо як зиракию эҳтиёт, ба воситаи роҳбаладон, пинҳонӣ аз нозири милиса, дар ҷойҳои махсус яклухт "бор"-ро гирифта, чун аҷина ғайб мезаданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор