Зеҳн
Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа

ОилаҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ботухон ду даст пеши бар гирифта, аз тарси азобу шиканҷа ва воҳимаи зиндон гуфт:

  • Ин кори ман, иншоаллоҳ, ӯро розӣ мекунам, ба шарте ки иҷозат диҳӣ, ба хона равам.
    Прокурор гуфт:
  • Иҷозат медиҳам, ба шарте, ки писаратон Шермат волидони он ду тифли ҳалокшударо бо ҳар роҳе, ки бошад, розӣ кунад. Онҳо аз даъвояшон гузаранд ва баъди ду рӯз розигии Ойҷамолро ба ман мерасонед. Шумо озод, тез аз пайи кор шавед!
    Қаробоев Э. дар давоми ин ду шабонарӯз хеле хароб шуд. Шаб то ба рӯз мурғи хаёлоти ширинаш дар атрофи ҳусну ҷамоли Ойҷамол парвонавор давр мезад. Худ ба худ фикр мекард, ки мабодо он паричеҳраи ба дом афтода чун кабӯтар аз тури сайёд раҳо шуда, ба осмони софи каб-кабуд парвозкунон ғайб занад, ҳоли мани ошиқ чӣ мешуда бошад? Дар болои мизи корӣ ӯро ғунаб мебурд. Фикраш ба дуриҳои дур доимо банд буд. Орзу мекард, ки Ойҷамолро ақаллан дар хобаш бинад.
    Ботухон ҳамаи хешу табори наздик ва фарзандонашро ҷамъ карда, маҷлис орост. Ҳар кас фикрашро мувофиқи ақлу донишаш баён мекард. Дар охир сардори оила ҷамъомадро ҷамъбаст карда гуфт:
  • Ман падар ва сардори ҳамин қабила ва хонадони шумо ҳастам! Наҷоти ман дар дасти ду нафари шумо ҳаст!
    Ҳама писарону духтарону амаку амакбачаҳо бо ҳайрат ба тарафи ҳамдигар нигаристанд ва ба давоми суханони сарвари хонадон гӯш доданд. Ӯ гуфт:
  • Мушкилкушои ман Шерматҷону Ойҷамоли нозанин шуда метавонанд!
    Бо мақсаде ки пирамард боз чӣ мегуфта бошад, ҳамагон гӯш ба давоми суханони ӯ дода, хомӯшона интизорӣ мекашиданд. Пирамард дергоҳ ба фикр фурӯ рафт ва дар охир гулӯ афшонда гуфт:
  • Агар Шерматҷон маблағ пайдо карда, хунбаҳои он ду тифли ноболиғро диҳад ва волидони онҳо аз даъвояшон даст кашанд, кушоиши як тарафи масъала аст. Тарафи дигараш ин аст, ки агар Ойҷамолҷон хоҳад, ки соҳиби хонаву дари дабдабаноку молу амволи зиёд гардад ва падарашро аз банду занҷири маҳбас озод кунад, бе ягон дудилагӣ ба прокурор ақди никоҳ мебандад ва зани ӯ мешавад.
    Дунё дар пеши чашмони Ойҷамол дар як лаҳза торик шуд. Гӯё борону жолаи дарду ғам яку якбора дар сараш мерехт. Ранги сурху сафеди рухсораҳои зебояш зарду қаҳрабо гашт, об дар даҳонаш хушк шуд ва мадори гап задан надошт. Аз чашмони шаҳлои фаттонаш ашки сӯзон ба бари рухсораш равон шуда, қатра-қатра мечакид. Дар охир қувваашро ҷамъ карда, ҳиққосзанон гуфт:
  • Эй падар, наход дилатон шавад, ки мани ҳаждаҳсоларо ба бевамарди панҷоҳсола диҳед. Охир ӯ аз ман сиюду сол калон асту ду тифли ноболиғ дорад!
    Ду шабу ду рӯз Ойҷамоли нозанинро дарду ғами айём чунон харобу лоғар кард, ки бинанда гумон мекард, ки ӯ аз бемории домана хестааст. Дар охир ӯ ба хотири меҳри падарӣ розӣ шуд ва дар назди падару Қаробоев Э. шартҳои зиёди дандоншиканро монд. Бо ин шартҳо ӯ прокурорро ғуломи ҳалқабаргӯши худ гардонид.
пешина
аз 78
навбатӣ