Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа
Шермати Шағол бародари калонии зани Қаробоев Эргаш, Ойҷамол, буд. Ойҷамол дар ҳусну ҷамол беназир буд ва касе бовар намекард, ки ӯ 35 сола аст. Ӯ духтари 18 соларо мемонд. Қаробоев Э. 20 сол аз Ойҷамол калон буд ва баъд аз вафоти занаш, ки ду тифли хурдсолро ятим гузошта буд, ӯро ба занӣ гирифт. Садҳо ҷавонон ошиқу шайдои Ойҷамол буданд, лекин ӯ касеро интихоб намекард ва ҷавони ба худ муносибро меҷӯст. Бо амри тақдир падари Ойҷамол бобои Ботухон дар ҳолати мастӣ бо мошини шахсияш ду тифли мактабхонро зер кард. Онҳо дар ҷойи ҳодиса фавтиданд. Аз болои ин кор шуъбаи бозрасии давлатӣ парвандаи ҷиноятиро ба прокуратураи шаҳр пешниҳод кард. Қаробоев Э. ду сол буд, ки азоби танҳоию нигоҳубини ду тифлро ба ӯҳдаи худ ва хешонаш гирифта буд, мехост зани соҳибҷамолу кадбонуеро пайдо кунад. Дар вақти тафтиши парвандаи Ботухон чашми Қаробоев Э. ба Ойҷамол афтод. Ӯ аз нигоҳи аввал ошиқу шайдои Ойҷамол гардид.
Қаробоев Э. бо Ботухон яккаю танҳо дар даруни мошини хизматияш вохӯрда гуфт:
- Бобои Ботухон, синну соли шумо ба ҷое расидааст, наход ки ҳоло ҳам арақ нӯшед?! Айб аст! Ҷойи шумо дар ин синну сол кунҷи масҷид. Ҷинояти ниҳоят вазнин содир кардед. Акнун давраи пириятонро бо азобу шиканҷа дар кунҷи маҳбас, то охири умр мегузаронед!
Ботухон гирён шуда гуфт: - Муҳтарам прокурор, ман чанд сол буд, ки наменӯшидам. Ҳамон рӯз дӯстон маро дар рӯзи мавлудам маҷбур карданд. Илтимос, чӣ хизмате бошад, иҷро мекунам. Писарам, Шерматҷон, одами корчаллон аст. Ӯ зарари расидаро ҷуброн мекунад ва хизмати шуморо ҳам ба ҷой меорад. Шумо мушкили маро осон кунед. Дасти ману домони шумо!
Баъд аз каме таваққуф, Қаробоев Э. оҳиста мақсадашро фаҳмонданӣ шуда гуфт: - Ботухон, Ойҷамоли духтаратон ягон номзад дорад ё не?
Аз ин саволи прокурор, хуни сарди шахшуда дар рагу пайи Ботухон ба ҳаракат омад ва шуълаи умед дар чашмонаш дурахшид. Ӯ хуб медонист, ки прокурор ду сол инҷониб зани муносиберо ҷустуҷӯй дорад. Гуфт: - Не, муҳтарам прокурор, садҳо ҷавонон ба хостгорӣ омаданд, Ойҷамоли нозанини ман онҳоро муносиб надид. Ойҷамол духтари оқилу доно ва кадбонуи хуби хонадон аст. Аз ҳамин сабаб дархости он ҷавонони бесаводу бекасу беҳунарро рад кард. Ӯ мехоҳад бо касе хонадор шавад, ки касбу мансаб дошта, ҳаётдида бошад, то ин ки ба қадру қиматаш расад.
Аз ин суханони Ботухон прокурор аниқ дарк кард, ки тираш ба ҳадаф мерасад. Ӯ каме далертар шуда, бо нармӣ гуфт: - Бобо, хулосаи гап ҳамин, ки агар Ойҷамолро розӣ кунӣ, ки зани ман шавад, кори туро сабук мекунам, вагарна дар зери азобу шиканҷаи зиндон маҳв хоҳӣ шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор