Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа
ОилаҚиссаАдабиёт
Аз аввал хонданСоат аз дувоздаҳ гузашта буд. Ҳақдодов аввал ба соат ва сонӣ ба Абӯалӣ нигариста гуфт:
- Ҳарду якҷоя ба хӯрокхӯрӣ меравем.
Баъд аз се рӯз ҳуҷҷатҳои Абӯалӣ дар болои мизи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо шуд. Сардор ба Абӯалӣ муроҷиат карда гуфт: - Собирзода Абӯалии Сабур, Ватану миллат ба шумо барин ҷавонони фидокор ниёз дорад. Ба ғайр аз гуфтаҳои Ҳақдодов Ҳақпараст боз ҳуҷҷатҳои дар пеши ман истода донишу малакаю маҳорати шуморо муайян мекунад. Шумо корманди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мешавед. Умедворам, ки ҷиноятҳои пурмуаммои сарбастаи вазнинро кушода метавонед.
Пас, ба Ҳақдодов Ҳақпараст ишора карда гуфт: - Шумо фармонро тайёр карда, ба шогирдатон дар кушодани ҷиноятҳо ёрӣ расонед!
Баъд аз се рӯзи корӣ Ҳақдодов Абӯалиро даъват карда гуфт: - Ана, ин фармон. Шумо парвандаи ҷиноятии №77-9-ро аз прокуратураи шаҳри Бӯстон талаб карда мегиред ва кушодани ин ҷинояти басо вазнин ба зиммаи шумо. Агар муаммое пайдо шавад, ёрӣ медиҳам.
ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТИИ №77-9
Дар асоси фармону супориши махсус Абӯалӣ бо ду нафар корманди амният парвандаи №77-9-ро аз сандуқи оҳанини Қаробоев Э. гирифта, ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оварданд. Парвандаро бо устодаш аз аввал то ба охир хонда баромаданд. Ҳақдодов андешамандона ба шогирдаш рӯй оварда гуфт: - Бояд Шермати Шағолро дастгир кунем. Бо Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ ва бо Хадамоти федералии бехатарии Федератсияи Русия ҳамкорӣ кардан шарт ва зарур аст. Кӣ будани "Шағол"-ро донистем. Агар Шерматро дастгир кунем, кӣ будани "Бургут" ва "Зоғ"-ро ҳам донистан кори осон мегардад. Мумкин Қаробоев Эргаш дар накушодани ин парванда манфиати шахсӣ дошта бошад? Бояд сарчашмаю сабаби кушода нашудани ин ҷиноятро ҷустуҷӯй кард. Чуноне ки Шайх Саъдии дилогоҳ мегӯяд:
Донӣ, ки чӣ гуфт Зол бо Рустами гурд, Душман натавон ҳақиру бечора шумурд. Дидем басе, ки оби сарчашмаи хурд, Чун бештар омад, шутуру бор бибурд.
Аз номи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, хадамоти федералии амнияти Федератсияи Русия барои дастгир кардани ҷинояткори ашаддӣ Бӯрихонов Шермат бо тахаллуси "Шағол" дархосту барқия фиристода шуд.
ФАЪОЛИЯТИ ШЕРМАТИ "ШАҒОЛ"
Шермат дар давраи ҷанги бародаркуши шаҳрвандӣ аз вазъият истифода мебурд. Ӯро гоҳ дар марзи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, гоҳе дар шаҳри Душанбе, замоне дар шаҳру ноҳияҳои ҳамсарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон дидан мумкин буд. Яке аз хоҷагони ӯ "Бургут"-и дурпарвозу тезчангол маводи гуногуни мухаддирро аз мавзеъҳои гуногуни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷамъ мекард. Маводи ҷамъшударо хизматгорони "Бургут" бо роҳи қочоқ аз марзи Афғонистон гузаронида, дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ба навкорони "содиқу бовафо"-и сарқумондони тасодуфӣ "Зоғ" бо муҳру имзо месупориданд. Шахсони "содиқ"-и "Зоғ" бо роҳбарии Шермати Шағол "бор"-ро то ба шаҳрҳои Душанбею Бӯстон, ноҳияҳои Панҷакенту Ашт бурда, интизори муштариён мешуданд. Муштариён аз Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қазоқистон ва Федератсияи Русия ин маводи "қиматбаҳо"-ро аз марзи мамлакатҳояшон гузаронида, обу лой мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор