Зеҳн
Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа

ОилаҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Писарам, ба мо ёрӣ расонед, идораи Ҳақдодов кадом аст?
    Абӯалӣ гуфт:
  • Шумо ба ӯ чӣ кор доред?
  • Эй, бачам, ҳамон давраи Шӯравӣ хуб буд. Ҳоло ба доди ятимону пиронсолони нафақахӯр касе намерасад. Хонае, ки мо дар он ҷой умри худро ба пирӣ расондем, дар нақша (план) омадааст гуфта, раиси ноҳия бе ягон таъмини хонаи муваққатӣ ё замин моро кӯчонда истодааст. Ман маъюби Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадори меҳнат ҳастам. Ду писару ду духтарам моро партофта, ба Федератсияи Русия рафтанд. Мо дардамонро ба кӣ гӯем?!
    Абӯалӣ аз асли воқеа хабардор шудан хоста пурсид:
  • Шуморо ба куҷо мекӯчонанд?
  • Ба куҷо мешуд, ба хонаи бесоҳибон. Мегӯянд, ки прокурор Ҳақдодов Ҳақпараст ба доди халқи оддӣ мерасад, ин овозаҳо дуруст аст?
  • Бале, бале, – гӯён Абӯалӣ навбаташро ба онҳо дод. Як соати расо арзи пиронсолон давом кард ва Абӯалӣ интизорӣ мекашид. Соат аз ёздаҳ гузашт, дари дафтари кории прокурор кушода шуд ва онҳоро то берун Ҳақдодов гусел карда, бо меҳрубонӣ гуфт:
  • Падар, ғам нахӯред, кори шуморо ҳамин ҳафта ҳал мекунам.
    Мехост баргашта дарояд, дар ҳамин вақт чашмаш ба Абӯалӣ афтод ва ӯро нашинохта гуфт:
  • Охирон шумо дар навбат ҳастед, марҳамат, дароед.
    Абӯалӣ ассалому алайкум, устоду падари меҳрубон гуфта, даст дароз кард. Ҳақдодов ӯро шинохт. Онҳо самимӣ бо ҳам суҳбат карда, аз ҳолу аҳволи ҳамдигар пурсон шуданд. Ҳақдодов аз ҳолу аҳволи хоҳараш Ситорабону пурсида гуфт:
  • Ситорабону чӣ тавр, хонда истодааст?
  • Имтиҳону санҷишҳояшро бо баҳоҳои хубу аъло месупорад. Инчунин, ба корҳои илмӣ ҳам даст зада истодааст. Аз ҳоло оид ба рисолаи дипломиаш дар мавзӯи "Роҳҳои пешгирӣ ва табобати ишемияи дил" тайёрӣ дида, корҳои илмӣ бурда истодааст.
  • Корҳо чӣ тавр, дар шаҳри Бӯстон чӣ навигариҳо ҳаст?
    Абӯалӣ каме таваққуф карда, оҳиста гуфт:
  • Устод, адолату ҳақпарастӣ ва хизмат ба ватану миллат карданро аз сабақи шумо, рафтору кирдор ва гуфтори неки шумо омӯхтаам.
    Ҳама саргузашташ, фаъолияти кории дусолаашро аз аввал то ба охир нақл карда, дар охир гуфт:
  • Устод, аз он шоду хурсандам, ки як тарафи лагоми қонуни ватан дар дасти шумо барин инсони оқилу комил қарор дорад. Иншоаллоҳ, некӣ бар бадӣ, сафедӣ алайҳи сиёҳӣ ғалаба хоҳад кард. Шумо, устоди азиз, шарҳи ҳоли бандаро хуб медонед. Барои он омадам, ки дасти мани бекасу кӯйро гиред ва маслиҳат диҳед, то ин ки чӣ кор кунам?
    Дили Ҳақдодов ба ҳоли зори шогирдаш сӯхт. Ӯ дергоҳ ба фикру андеша фурӯ рафт ва сонӣ сар бардошта гуфт:
  • Абӯалӣ, ҳоло ҳам яктонимто гургони дар пӯстини гӯсфанд буда, амалиёту кирдорҳои ҳарисонаву баднафсонаашонро дар миёни мардум хеле эҳтиёткорона бурда истодаанд. Ба ақидаи банда ва чи тавре ки Президенти кишвар борҳо таъкид карда гуфта буд, бояд дар дараҷаи аввал сафи кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартиботро аз одамони тасодуфӣ пок кунем. Ҳоло ҳам дар ин саф шахсони баднафси порагири бесавод, ки бо роҳҳои гуногун ба сари қудрат омадаанд, кору фаъолият мекунанд. Ин гурӯҳи ҳабис ба тараққиёту пешравии давлат монеъ шуда, шаъну шарафи давлатдориро паст мезананд, ришва мегиранд, хонаи халқро хароб мекунанд. Абӯалӣ, ноумед нашав, чуноне ки халқ мегӯяд: "Аз ноумедиҳо басо умед аст, поёни шаби сиёҳ сафед аст!". Ман туро дар бари худам мегирам. Даст ба даст дода, бар зидди ин ашхос мубориза мебарем. Бо сардор маслиҳат карда, ҳодисаю воқеаҳои дар шаҳри Бӯстон ҷойдоштаро ба ӯ фаҳмонда медиҳам.
пешина
аз 78
навбатӣ