Мизони давр

Китоби Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз се асар – "Васияти пеш аз марг", "Қиссаи дирӯз" ва "Зане дар никоҳи ду мард" иборат буда, воқеаҳои фоҷиабори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаи некӣ бо бадӣ ва оқибати беэҳтиромӣ ба падару модарро инъикос менамояд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 78 саҳифа
Ӯ аз мошин фаромада, ба дӯкони рӯзномафурӯшӣ рафта, ду-се дона рӯзнома харид ва ба тарафи хонааш, ки дар қабати дуюм аз як ҳуҷра иборат буду барои иҷоранишинияш моҳе як саду панҷоҳ сомонӣ пардохт мекард, равон шуд. Аввал ба атроф назар кард, ҳеҷ кас наменамуд. Ноаён дохили хона шудан замон дарро аз дарун қуфл кард. Дарду алам дар ғамхонаи дилаш лона гузошта, ҷисму ҷони ҷавонашро месӯзонд. Ӯ худро болои кат ҳаво дода, дуру дароз ба шифти хона нигарист, баъд ашки чашмонашро пок карда, рӯзномаҳоро аз назар гузаронид. Ногаҳон дар рӯзномаи "Ҷумҳурият" чашмаш ба акси устодаш Ҳақдодов Ҳақпараст афтод. Ӯро ба вазифаи муовини аввали Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда буданд.
Абӯалӣ хоби чанд рӯз пеш дидаашро ба хотир овард ва дилаш гувоҳӣ дод, он марди ниқобдоре, ки сагҳоро мепарронд, ҳамин устодаш Ҳақдодов Ҳақпараст буд. Хобаш хоби парешони шайтонӣ не, балки хоби раҳмонӣ будааст.
РОҲИ НАҶОТУ МУБОРИЗА
Абӯалӣ гӯё аз хоби гарони ғафлат бедор шуда бошад, ки сиёҳию тумани пеши чашмонашро гирифта оҳиста-оҳиста пароканда мешуд. Дар дилаш қувваю неруи нав пайдо гардид. Ҳазорон бор шукри Худои мушкилкушойро ба ҷой меоварду ба даргоҳаш муноҷоту дуо мекард. Ӯ худ ба худ фикр мекард ва ба худ савол медод, ки охир ман дар ҳаққи Қаробоев Э. ягон бадиеро раво надидам, чаро ӯ маро дар айни авҷи камолотам маҳв кардан мехоҳад. Наход тақдири бобою падарам боз насиби ман шавад?!
Ногоҳ ба хаёлаш парвандаи ҷиноятии №77-9 омад. Сабаби ин таъқиб ва майли аз миён бурдани ӯ ҳамин парвандаи бехосият мебошад. Охир, дар ин парванда ном ва тахаллуси ҷинояткорони хавфноку хатарноки хусусияти трансмиллӣ дошта зикр гардида буд. Мумкин Қаробоев Э. манфиатдори ҳамин парванда аст, ки солҳо касе ин ҷиноятро кушода наметавонаду парванда мавқуф гузошта мешавад. Ана гап дар куҷо будааст! Бояд коре кард, ки ин ҷиноят кушода шавад. Ҳақ ба ҳақдор расад. Абӯалӣ саҳар ба Қаробоев Э. телефон карда гуфт:
- Муҳтарам сардор, дирӯз соатҳои 10:30 ногаҳон шикамам ба дард омаду бемор шудам, тез ба беморхона омадам. Мегӯянд, ки ба бемории исҳоли хунин ё домана гирифтор шудаам. Маро ба шаҳри Душанбе фиристоданд.
Қаробоев Э. бо ғазаб таҳдид карда гуфт: - Ин корат боз ягон нағма набошад?! Ба тезӣ сиҳат шуда биё, парвандаи раиси ҷамоатро ба охир расон!
Абӯалӣ дигар ба дафтари кориаш барнагашт. Ӯ либосу ҳуҷҷатҳои лозимаро гирифту ба таксӣ нишаста, ба Душанбе омад. Соати 8-и пагоҳӣ, рӯзи шанбе дар қабулгоҳи муовини аввали Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 нафар дар навбат меистоданд. Аз паси онҳо Абӯалӣ навбат гирифт. То соати 10 Ҳақдодов Ҳақпараст ин 5 нафарро қабул кард. Навбати Абӯалӣ расид, хост иҷозат пурсида дарояд. Дар ҳамин вақт пирамарду пиразане асозанон вориди долон шуда, аз Абӯалӣ имдодталабона хоҳиш карда гуфтанд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор